Formula novemver 2024
ПАДАРИ ДУХТАРБЕЗОР БА ДУХТАР ЗОР ШУД
5628

 

Фарзанд хоҳ духтар бошад, хоҳ писар, меваи умри инсон ва беҳтарин туҳфаи Худованд аст. Шахсоне ҳастанд, ки ба нохуни фарзанд зоранд, вале бархи дигар аз духтар ношукрӣ мекунанд. Яке аз ин бандагони ношукр падари ман аст, ки дар вақташ аз духтар ношукрӣ карда, оқибат муҳтоҷи духтар гаштааст...

Гунаҳкори бе гуноҳ

Духтар ба хона файзу баракат меорад мегӯянд, вале вақте модарам паи ҳам пай дар пай се духтар таваллуд мекунад, падарам аз қаҳру ғазаб қариб девона мешавад. Ҳар бори духтар зоидани модарам падарам қаҳр карда ба таваллудхона намерафтааст. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки очаат аз пушти духтарзоияш дар зиндагӣ хориҳои бисёре кашид. Вай ҳар дафъа кӯшиш мекардааст ба падарам фаҳмонад, ки ҳамааш дар дасти Худост, хоҳад писар медиҳад, хоҳад духтар ё тамоман нохуни фарзандро ба кас нишон намедиҳад, вале падарам «се духтар зоида, ту маро дар назди ҷӯраҳоям сархам кардӣ» - гӯён, модари бечораамро дашному ҳақорати зиёде медодааст.

Исёни марди духтарбезор

Пас аз се духтар модарам якбора ду писари дугоник мезояд- Ҳасан ва Ҳусейн. Пас аз ин, зиндагии онҳо каме оромтар мегардад ва модарам Худоро шукр мегӯяд, ки аз таънаю маломат ва мушту лагади шавҳар халос шуд, вале шодиҳояш дер давом накарда, ба як бемории занона гирифтор мешавад. Духтурон тавсия медиҳанд, ки агар ҳомила шавад, захми бачадонаш нест мешавад. Модарам ба хотири ятим нагаштани фарзандонаш боз ҳомиладор мешавад. Вақте падарам мефаҳмад, ки тифли батни модарам духтарча аст, ӯро маҷбур мекунад, ки рафта исқоти ҳамл кунад, вале ӯ розӣ намешавад. Мегӯянд, ки то рӯзи таваллуд карданаш падарам ба сари модари бегуноҳам борони лаънату маломат рехта, ба қавле ӯро коса-коса заҳр медодааст...

Тифли “сархӯр”

Намедонам тақдири модарам аз азал чунин буд ё дуои бади падарам ӯро гирифт, ки ҳангоми мани сарсахтро ба дунё овардан очаҷонам сари фарзанд рафта, мани навзод бе соҳиб мондам. Падари ношукрам ҳама айбу гуноҳро ба гардани мани навзод бор карда “ин сархӯр сари занамро хӯрд, сари маро ҳам мехӯрад” гӯён, маро аз таваллудхона намегирад. Пас аз дафни модарам холаам маро аз таваллудхона ба хонаи худ бурда, ҳамроҳи фарзандонаш калон мекунад. Падарам ягон бор ба суроғи ман намеомад, танҳо апаҳоям гоҳ-гоҳ аз ҳолам хабар мегирифтаанду халос.

Духтарталош

Солҳо турнасон гузаштанду апаҳоям пай дар пай шавҳар карда, аз паси зиндагии худашон шуданд, бародаронам низ оиладор гаштанд. Ман дар синфи ҳаштум мехондам, ки рӯзе падару бародаронам ба суроғам омаданд. Онҳо илтиҷо мекарданд, ки иҷозат диҳед Нишонаро гирифта барем, вале холаам: «Дар вақташ аз ӯ рӯй гардондед, акнун, ки дастёр шудааст, Нишона ба шумо даркор шуд?!»-гӯён, розӣ нашуд. Холаам ҳақ буд, охир вай бо чӣ қадар азобу шиканҷа мани ятимаки падардори бе падарро калон кард...

Садама

Ҳамон рӯз падару бародаронам дар бозгашт ба садама дучор мешаванд. Бародаронам каме захм бардоштаанду пойҳои падарам маҷақ-маҷақ шуда, барқарор карданашон номумкин гаштааст… Холаам пас аз ду-се ҳафта ба дидорбинии падарам рафту бегоҳ бо димоғи сӯхта баргашта, аз ман хоҳиш кард, ки ба хонаамон баргардам, чунки падари маъюбам бар дӯши келину писарҳояш бори зиёдатӣ гаштааст....

Бозгашт ба хонаи падар

Рӯзи дигар либосҳоямро ҷамъ карда, ба хонаи падарам рафтам. Падари маҷрӯҳам дар кунҷи хона тоқаву танҳо мехобид. Бародаронам ҳамроҳи зану фарзандонашон падари солхӯрдаамро партофта рафта буданд. Падарам аз кори кардааш сахт пушаймон буд ва гаштаю баргашта аз ман бахшиш мепурсид, ки дар вақташ аз нодонӣ барои нобуд кардани ман модарамро маҷбур кардааст...

Духтари баномус

Инак, синнам ба 30 дакка хӯрдааст, вале ба хотири падарам ба шавҳар намебароям. Намехоҳам падари солхӯрдаамро партофта, аз паси хизмати шавҳар шавам. Апаҳоям тез-тез аз ҳоламон хабар мегиранд ва ба қадри тавонашон дасти ёрӣ дароз мекунанд, вале бародаронам бо зану фазандони худашон овора шуда, ёди падари маҷруҳ намекунанд. Ман саргузашти падарамро ба он хотир нақл кардам, ки ба дигар мардон дарси ибрат шавад ва хатои ӯро такрор карда, аз духтар, ки беҳтарин неъмати Парвардигор аст, ношукрӣ накунанд.

Зан, ки баъд аз Худо офаридгор аст, бояд ба қадраш бирасем!

Шукрона

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД