Sebiston new 2024 october
ШАРОФИ БЕ ПУЛРО ИНТИХОБ КУНАМ Ё ЗИНДАГИИ СЕРУ ПУРРО?
28.02.2021
ОИЛА
4238

 

Саломи худро ба хонандагони “Оила” мерасонам. Ман Зулолаи 18-сола аз ноҳияи Турсунзода ҳастам. Муддати 4 сол мешавад, ки бо ҷавоне телефонӣ гап мезанам.

Дар ин муддат якдигарро дӯст дошта, пайваста бо ҳам рози муҳаббат мегуфтем. Дар ин чор соле, ки ман Шарофро мешиносам, боре ҳам маро ба мулоқоти ошиқона даъват накардааст. Пайваста ба ман мегӯяд, ки духтареро ба занӣ мегирад, ки ба вохӯриву дидорбинӣ набарояд. Азбаски дар куҷо будани хонаамонро медонад, барои диданам ба маҳаллаи мо меояд, вале бегонавор ва бо сари хам аз назди дарвозаамон гузашта меравад. Бо вуҷуди он ки борҳо назди дарвоза ба диданаш мебароям, боре ҳам кӯшиши ба ман наздик шудан, гап партофтан ё дастамро доштанро накардааст. Чунин аст қиссаи муҳаббати поку беолоиши ману Шароф.

Сабаби имрӯз қалам ба даст гирифтану аз шумо-хонандагони дардошнову рӯзгордидаи “Оила” маслиҳат пурсиданам дар он аст, ки имрӯз дар ҳоли ногуворе мондаам ва сари қарори муайяне омада наметавонам. Зеро аз қарори имрӯзаам ояндаи ман, ҳаёту мамотам вобастагӣ дорад. Гап сари он аст, ки чанд моҳи охир ба хонаи мо ҷавоне хостгор равон мекунад, ки айни замон дар кишвари Русия аз рӯи ихтисос кору зиндагӣ мекунад. Бояд қайд намоям, ки Шароф низ дар ин миён ба хонаамон хостгорони худро равон кард. Азбаски дар оила яккадухтар ҳастам, волидонам интихобро ба худам вогузор кардаанд. Падарам бо тиҷорат машғул асту дар зиндагӣ аз чизе танқисӣ намекашем, вале падарам ба он домодҳое, ки аз ҳисоби хусуру хушдоман зиндагиашонро пеш мебаранд, назари хуб надоранд. Мегӯянд, ки ҳар кас дар зиндагӣ бояд аробаи худро кашида тавонад.

Шароф бо вуҷуди он ки донишгоҳро хатм кардааст, дар ҷое кор намекунад ва мегӯяд, ки дар ин шабу рӯз ҷои кор ёфтан кори душвор аст. Он ҷавон бошад, аллакай ҷои кору касби хуб дорад ва мусаллам аст, ки зиндагияшро аллакай худаш таъмин карда метавонад. Тавре хостгорон ваъда доданд, баъди тӯй маро ҳамроҳаш ба Русия мебараду дар он ҷо зиндагӣ мекунем.

Волидонам мегӯянд, ки худат фикр кун ва фардо аз мо домангир нашав. Азбаски духтари дугонабоз нестам, намедонам аз кӣ маслиҳат пурсаму чӣ кор кунам. Барои ман пулу моли дунё муҳим нест, танҳо хушбахт будан мехоҳам. Шароф хабари ба хонаамон хостгор омадани он ҷавонро шунида, тавалло мекунад, ки ӯро ноумед насозам. Мегӯяд, ки дар зиндагӣ чизе надорад ва як дил дораду онро ба ман додааст.

Ростӣ, чӣ кор карданамро намедонам. Метарсам, ки агар дӯстдоштаамро гирам, дарди сари падару модарам мешавам. Модарон, хоҳарон ва бонувони рӯзгордидае, ки ин сатрҳоро мутолиа мекунед, хоҳишмандам маслиҳати худро аз ман дареғ надоред. Шарофи бе пулро интихоб кунам ё зиндагии серу пурро?

Зулола

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД