arzon replenishment
ПАДАР ГУРДААШРО БА ПИСАРАШ ДОДУ...
30.09.2020
ОИЛА
7520


Ман як чавони 22-солаи аз лаби гӯр баргашта ҳастам. Аз кӯдакӣ гурдаҳоям иллат доштанд. Рафта-рафта бемориам кӯҳна шуд ва кор ба ҷое расид, ки ҳарду гурдаам корношоям гаштанд. Табибон таъкид карданд, ки бояд ҷарроҳӣ гузаронида, гурдаамро иваз намоям, вагарна зинда намемонам.

Шабҳо аз зӯрии дард то саҳар дар даруни ҷогаҳи хобам мисли мор печутоб мехӯрдам. Волидонам ҳоли зори маро дида, ҷигархун мешуданд.
Билохира, қарзу қавола карда, маро барои табобат ба Маскав бурданд, аммо духтарҳои номдори рус ҳам бомуваффақият гузаштани ҷарроҳиро ба мо кафолат надоданд. Таърифи табибони эрониро шунида ба Эрон ҳам рафтем, аммо корамон дар он ҷо низ барор нагирифт.
Мани мариз умедамро аз зиндагӣ тамоман канда будам, вале падару модарам таслим шудан намехостанд.

Хулоса, модарам тариқи газета ба Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуда, кӯмак пурсид. Хушбахтона, арзи мо ба гӯши Президент расид ва маро дар беморхона хобонда, ба ҷарроҳӣ тайёр карданд, аммо мушкил дар он буд, ки гурдаи муносиб пайдо намешуд. Табибон таъкид карданд, ки вақт ниҳоят танг асту бояд ҳарчи зудтар ҷарроҳӣ гузаронанд, зеро дар сурати ба зудӣ пайдо нашудани гурда фалокате рӯй дода метавонад.

Ана дар ҳамон шабу рӯзҳои душвор падарам қаҳрамоние кард, ки на ҳар падар ба чунин кор қодир аст. Падарам як гурдаашро ба ман дода, маро аз марги яқин наҷот дод. Агар имрӯз ман аз ҳавои тоза нафас мекашам, ин нафас ба шарофати падари меҳрубон аст.

Мехоҳам тариқи сомонаи Оила. ТЧ ба падарҷонам барои чунин қурбониаш як ҷаҳон ташаккур бигӯям. Шумо ба ман умри дубора ато кардед, падарҷон!
Ҳамзамон мани аз дами марг баргашта ба Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос менамоям, зеро маҳз бо дастгирии он кас дар бемористон бистарӣ гашта, аз дарду азоби ҷонкоҳ раҳоӣ ёфтам! Ман Эмомалӣ Раҳмонро падари маънавии худ мешуморам ва дуо мекунам, ки сояи ин марди меҳрубону дилсӯз аз сари миллати тоҷик ҳаргиз дур набошад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД