Ба саволҳои хонандагони ҳафтаномаи «Оила» адвокат Иноят Иноятов ҷавоб медиҳад. Доир ба машварати ҳуқуқии оилавӣ ва баҳсҳои ҳуқуқии оилавӣ метавонед ба телефони боварии адвокат 98-517-02-21 занг занед.
Савол:
Аз ҳамарам ҷудо шудам. Собиқ ҳамсарам барои дидорбинӣ ва муошират бо кӯдакам монеагӣ намуда истодааст. Ба куҷо муроҷиат кунам?
Беҳрӯз, шаҳри Исфара.
Ҷавоб:
Мувофиқи талаботи моддаи 56 Кодекси оила, кӯдак ҳуқуқи муоширатро бо падару модар, бобо, бибӣ (модаркалон), бародарону хоҳарон ва дигар хешу ақрабо дорад. Бекор кардани ақди никоҳ аз ҷониби падару модар, беэътибор донистани он ё зиндагии ҷудогонаи падару модар ба ҳуқуқи кӯдак таъсир намерасонад. Дар сурати ҷудо зиндагӣ кардани падару модар кӯдак ҳуқуқ дорад, ки бо ҳар кадоми онҳо муошират кунад. Кӯдак инчунин ҳуқуқ дорад, дар сурати дар давлатҳои мухталиф зиндагӣ кардани падару модар ва баъди бекор кардани ақди никоҳ низ бо онҳо муошират кунад. Бо ҳамин асос ба шумо тавсия медиҳем, ки бо аризаи даъвогӣ оиди муайян намудани тартиби муошират ба кӯдак ба суд муроҷиат намоед.