Arzon march 2024
ПАДАР АЗ ФАРЗАНДОНИ МАЮБАШ РӮЙ ГАРДОНДУ...
21.12.2020
Р. Азимӣ
3577


Духтари шаҳр мебошам. Чанде қабл бо ду фарзанд аз шавҳарам ҷудо шудам. Сабаби ҷудоиямон ду кӯдаки маъюбамон аст. Шавҳарам бо баҳонаи он ки бемории фарзандонамон табобатнашаванда аст, аз баҳри ману фарзандонам гузашт.

Муддати чор сол мешавад, ки ду фарзандамро бо сабаби аз фишорбаландии мағзӣ нобино шуданашон табобат гирифта истодаем. Духтурон мегӯянд, ки дар сурати табобати мунтазам фарзандонам ҳатман шифо меёбанд. Вале рафтори номардонаи шавҳарам маро ғамбемор сохтааст. Вақте “Аз ту ҷудо мешавам” гуфт, дар аввал хориям омаду хуб гиристам, вале дидам, ки аз гапаш гаштанӣ нест, ду кӯдакамро гирифта, ба хонаи модарам ба Душанбе баргаштам. Як рӯз пас занг зада, тариқи телефон талоқамро дод. Модарам дилбардориям намуда, гуфт, ки ҳоло ҷавон ҳастӣ ва сад кас харидорат мешавад, аммо ду кӯдаки маъюбамро дида, ҷигарам хун мешавад.

Аҳд кардам, ки барқасди шавҳари фарзандбезорам ҷигарбандонамро табобат намуда, ба по мехезонам ва ба хонаи падарашон равон мекунам. Чунин ҳам кардам. Фарзандонам бо кӯмаки Вазорати тандурустӣ дар беморхона ба табобат фаро гирифта шуданд. Беҳтарин духтурони соҳибтаҷриба онҳоро табобат карда истодаанд. Падарашон баъди ба суд муроҷиат карданам як моҳ мешавад, ки маблағи “алимент”-ро равон кард, вале як чиз маро ҳар шаб мурда зинда мегардонад, ин суханони фарзандонам аст, ки мегӯянд: “Чаро падарамон намеояд, чаро моро ба хонаи бибиямон намебарад, чаро банан намеорад, чаро моро хабаргирӣ намеояд, чаро чаро...?”

Худоро шабу рӯз зорӣ мекунам, ки ду фарзанди ман шифо ёбанд, аз баҳри бахт мегузарам, вале аз баҳри фарзандонам гузашта наметавонам. Бахтамро қурбони фарзандонам карда, мехоҳам онҳоро табобат намуда, ба воя расонам ва ояндаи дурахшонро насибашон гардонам. Ба ин бовар дорам.

Сабаби ба идораи “Оила” мактуб нигоштанам дар он аст, ки мехоҳам ба шавҳари фарзандбезорам гӯям: Агар мактубам ба дастат расид ва ё “Оила”-ро хондӣ, инро бидон, ки ду фарзанди туро бо сад азобу хорӣ табобат мекунам, вале ин кори номардонаи туро асло фаромӯш намесозам!


Мадина, ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД