Тоҷикистон дар Озарбойҷон «Боғи дӯстии зардолу» бунёд менамояд, дар навбати худ Озорбойҷон тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон боғи анор бунёд намояд...
Ин матлаб дирӯз, 11-июн зимни вохӯрии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Озарбойҷон Маҷнун Мамедов дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баён гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаи омӯзиши таҷрибаи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар самтҳои рақамикунонӣ, Азеркосмос, навъсанҷии зироати кишоварзӣ, ба монанди тухмиҳои зироати ғалладонагии ба хушкӣ тобовар, ангурпарварӣ, чорводорӣ, омода намудани кадрҳои соҳаи кишоварзӣ ва табодули таҷриба байни кишоварзони ду мамлакат мубодилаи афкор намуданд.
Айни замон ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи кишоварзӣ дар сатҳи муносиб қарор дорад, вале ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои афзоиши иқтидори содиротии давлатҳо дар самти кишоварзӣ аз тамоми имконияту роҳҳо истифода намуда, баҳри ташаккули ҳамкории минбаъда кӯшиш ба харҷ медиҳанд.