Formula novemver 2024
Озмуни “Оилаи намунавӣ” дар Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои кишвар
438

 

Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои кишварамон озмуни ҷумҳуриявии “Оилаи намунавӣ” баргузор мегардад.

Озмуни мазкур аз 3 давр иборат буда, ҳадафи асосии он тарғиби анъанаҳои неки оиладории тоҷикона, аз байн бурдани хушунату зӯроварӣ дар оила, арҷ гузоштан ба зан-модар, пешгирии никоҳи бармаҳал, пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва дар маҷмуъ тарғиби оилаи солим мебошад.

Даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ аз 10 то 27-уми апрел дар сатҳи маҳал ва шаҳру ноҳияҳо баргузор гашта, оилаҳои намунавӣ аз маҳалла, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, шаҳру ноҳияҳо интихоб карда мешаванд.

Даври дуюми озмун дар сатҳи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 29-уми апрел то 4-уми майи соли 2024 гузаронида мешавад.

Даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ аз маросими ҷоизсупорӣ иборат буда, шанбеи дуюми моҳи май дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад гашт.

Ғолибони озмун аз рӯи меъёрҳои зерин муайян карда мешаванд: ҳамчун оилаи намунавӣ дар маҳали заст, солимии оила дар муносибатҳои оилавӣ ва тарбияи дурусти фарзандон, саҳми оила дар ободонии хона, кӯча, шаҳрак, маҳалла, деҳот ва ҷамоат, иштироки аъзои хонавода дар корҳои ҷамъиятӣ ва фардӣ, нақши оила дар ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, шароити мусоиди муҳайёгардида барои таълиму тадриси фарзандон, забондонӣ ва иштироки онҳо дар озмунҳои ҷумҳурӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ, ҷалби фарзандон ба хизмати Модар-Ватан, саҳми оила дар пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа.

Ғолибони озмун бо мукофотҳо, дипломҳои дараҷаи 1, 2 ва 3 мукофотонида шуда, ҳамзамон шахсони ташаббускоре, ки дар озмун иштироки фаъолона доранд, бо Ифтихорномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД