ҶСП ТАҚХ "ИМОН Интернешнл" озмуни ҷумҳуриявиро барои донишҷӯён эълон менамояд: "ИМОН Стипендия"! Ин иқдом барои ҳавасманд кардани донишҷӯёни донишгоҳҳо ҷиҳати такмили дониши худ ва бо мукофот тақдир намудани беҳтаринҳо роҳандозӣ шудааст!
Дар давоми тамоми соли таҳсил (2020-2021) "ИМОН Интернешнл" ба донишҷӯёни донишгоҳ, ки таҳсил ва амалкарди илмии хуб доранд, беш аз 100 ҷоизаро дар шакли гаҷетҳои гуногуни замонавӣ тақдим хоҳад кард, инчунин мукофотҳои асосӣ 20 стипендияи яквақта ба маблағи 1000 сомонӣ ба ҳар як нафар ғолибони озмун такдим хоҳад шуд.
Шартҳои рақобат дар озмун ва меъёрҳои интихоб чӣ гуна сурат хоҳад гирифт?
-Дар семестри гузашта беш аз 80% фоизи баҳоҳои донишҷӯён бояд ба дараҷаи "аъло"мувофик бошанд.
-Дар семестри гузашта беш аз 20% фоизи баҳои донишҷӯён бояд ба дараҷаи: "хуб" мувофиқ бошанд.
Дар семестри қаблӣ донишҷӯе, ки баҳои аз "дараҷаи хуб" поёнтар гирифтаанд, дар озмуни мазкур иштирок карда наметавонад.
Донишҷӯ барои иштирок дар озмун бояд чӣ кунад?
-Варақаи саволномаро барои иштирок дар озмун пур карда нусхаи дафтарчаи баҳоҳоро замима кунад: дар саҳифаи аввал номи пурраи донишҷӯ ва баҳоҳои семестри гузашта бояд сабт шуда бошад.
- Пурсишнома (анкета) дар сомонаи расмии "ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ":imon.tj ё дар chatbot Viber имкон дорад ба таври фосилавӣ пур карда шавад.
- Инчунин, донишҷӯ метавонад ба филиали наздиктарини "ИМОН Интернешнл" муроҷиат кунад, ки дар он ҷо ба ӯ анкетаи иштирокчӣ дода мешавад.
Ба ҳар як донишҷӯе, ки шартҳои озмун ҷавобгў аст, рақами ID дода мешавад.
Ҷоизаҳо ба таври интихоби тасодуфӣ дар байни донишҷӯёне, ки муваффақияти хуби илмӣ доранду сохиби шумораи ID шудаанд, гузаронда мешавад.
Вале ҳанўз бо ин нуқта намегузорем. Ҳамаи иштирокчиён, ки бомуваффакият аз озмун гузаштаанд, дар захираи кадрҳои "ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ" номнавис ва минбаъд ба ҷойҳои кории холӣ ҷалб карда мешаванд.
Қабули анкетаҳои марҳилаи аввал аз 1 сентябри соли 2020 то 30 сентябри соли 2020 гузаронида мешавад
Анкетаи марҳилаи дуввум аз 15 январи соли 2021 то 15 феврали соли 2021 қабул карда мешаванд.
"ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ», ҳамаи донишҷуенро ки ташнаи илму дониш хастанд хамеша ҷонибдори ва дастгирӣ мекунад, нафароне,ки мекӯшанд ҳарчи бештар дониш гиранд ва дар соҳаи худ беҳтарин бошанд!
Агар шумо донишҷӯи хуб ва пешсаф бошед ва ё чунин дўстони донишҷў доред пас ба онҳо дар бораи ин озмун нақл кунед. Тавре дар шиори "IMON Scholarship" омадааст - "Доно будан манфиатовар аст!"