Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» охири моҳи сентябр ҷамъбаст мегардад.
Ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оила, озмун аз се давр иборат буда, марҳалаи аввал дар сатҳи ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо, даври дуюм дар шаҳру ноҳияҳо ва марҳалаи ниҳоӣ дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Айни ҳол даври дуюми озмун идома дошта, то 25-уми сентябр идома хоҳад кард. Дар марҳилаи ниҳоӣ ғолибон бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.
Ғолибон аз рӯйи меъёрҳое чун саҳм дар таҳкими муносибатҳои оилавӣ, муносибати нек бо келин ва дигар аъзои оила, тарбияи фарзандону набераҳо, пешгирии низоъҳои оилавӣ ва истифодаи таҷрибаи ҳаётӣ муайян карда мешаванд.
Ҳамчунин, саҳм дар ободонии маҳалла, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарбияи фарзандону набераҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҷалби онҳо ба хизмати Ватан, иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва ғамхорӣ ба калонсолони оила ба назар гирифта мешавад.