Formula september
ҚОҚУ ВА БАРГИ ЗУФ БОДИ ШИКАМРО МЕБАРОРАД
25.04.2021
Оила
1735


Намедонам аз чӣ сабаб бошад, вақтҳои охир шикамам тез-тез дамиш мекунад. Боди чунон бисёр ҷамъ мешавад, ки баъзан ҳатто нафаскашӣ бароям душвор мегардад.

Одами серкорам, вақти дар ба дари духтурхонаҳо гашта, дар даҳ ҷо анализ супурдану ташхис кардан надорам, барои ҳамин ба “Оила” муроҷиат намудам, то аз табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Насриддиншоев маслиҳат бипурсам. Илтимос, ба ман кӯмак намоед! Аз бод чӣ хел халос шавам?
Низомиддин, корманди ҳарбӣ

Посух
Бародари азиз, Низомиддин! Барои табобати ҳар дард пеш аз ҳама решаи онро ёфта, аз беху бунаш канда партофтан лозим аст, то дубора хурӯҷ накунад. Барои ҳамин ман ҳамчун табиб ба шумо маслиҳат медиҳам, ки вақт ёфта як маротиба ташхис намоед, ки сабаби дамиш пайдо кардани шикаматон дар чист. Бод худ аз худ пайдо намешавад, бешак рӯдаҳо ё меъдаатон ягон иллат дорад. Алҳол чанд давои одиро тавсия медиҳам, ки шуморо аз бод ва қабзияти шикам раҳоӣ бахшида метавонанд.

Нусхаи аввал
Решаи қоқуро нағзакак шуста, хушк карда, кӯбед ё кафмол намуда ба шакли хока дароред. Ба ин даво 20 грамм барги зуф ва 20 грамм арпабодиёнро илова намоед ва аз таркиби ҳосилшуда ду қошуқашро дар ним литр оби ҷӯш андохта, муддате ҷӯшонед, баъд оташро хомӯш намуда монед як-ду соат истад, сипас онро соф карда субҳу шом пеш аз хӯрок 50 граммӣ бинӯшед.

Нусхаи дигар
Як қошуқи калон тухму барги зуфро дар 200 грамм об муддате ҷӯшонед, сипас соф карда, рӯзе се маротиба ду қошуқӣ бинӯшед.

Нусхаи сеюм
Агар сабаби бод гирифтани шикаматон қабзият, яъне гирифтагии рӯдаҳо бошад, тухми зағир беҳтарин давост. Як қошуқчаи чойхӯрӣ тухми зағирро дар як истакон об муддати 10 дақиқа ҷӯшонда, хунук кунонед ва суҳбу шом пеш аз ғизо нӯши ҷон намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД