Arzon march 2024
ҚОТИЛИ МОДАРАМ ШУДАМ (ҚИСМИ ПУРРА)
5585

 

Тирамоҳ, ҳаво абриву торик, маҳин-маҳин борон меборид. Марям духтараш Лоларо ба боғча бурда, худаш лаб-лаби дарё қадам мезад. Шаб то саҳар борон борида, хазонҳоро ба замин яксон карда буд. Занҳои кӯчарӯб ба ҳавои хунуку боронӣ нигоҳ накарда, хазонҳоро мерӯфтанд.

Марям модарашро бисёр ёд карда буд. Ӯ дар шаҳр хонда, дар ҳамин ҷо шавҳар карда, соҳиби як духтарча шуд. Аз сабаби зиёд будани кораш ба қишлоқ, ба дидани модараш рафта наметавонист. Чанд рӯз боз дилаш зиқ буд, сабабашро худ намедонист. Бо шавҳараш ҳам забон ёфта наметавонист, вале ба ҳамааш худаш сабабгор буд. Касе набуд, ки дарди худро гӯяду ором шавад. Мехост бо овози баланд дод гуфта, модарашро оғӯш гирад ва гиря кунад. Ошуфтаҳолона ба як нимкат рӯ ба дарё нишаст. Гӯё бо дарё гап мезад, аз сӯзиши дили худ мегуфт.

         -Чаро ғамгин ҳастӣ, хоҳарам?–садои марди ношиносе, ки дар бараш сигор кашида менишаст, Марямро ба худ овард. Сару либоси мард ифлос, мӯйи сараш расида, нохунҳояш ногирифта, рӯяш пурожанг ва зери чашмонаш аз таъсири сигор сиёҳ шуда буданд. Тақрибан чил-чилупанҷсола буд, аммо ними дандонҳояш рехта, марди ҳаштодсоларо мемонд. Марям худро ба карӣ зад. Фикр кард вай як марди дарбадари дузд аст.

         -Дилат танг аст? Аз чӣ зиқ будани худро худ намедонӣ? Туро хеле хуб мефаҳмам. Гоҳо дар дилат шӯру ғавғо аст, сабабашро намедонӣ. Месӯзӣ, вале дод зада наметавонӣ, дард мекашӣ, гӯё тамоми хоки олам ба сарат аст, вале гиря карда наметавонӣ. Медонӣ, ман понздаҳ сол боз дар алам месӯзам. Азоби виҷдон маро бе корд мекушад. Дарди маро ҳамин дарё медонаду халос.

         -Магар гуноҳи сахте кардаед, ки то ҳол месӯзед?–гуфт бо чашмони гирён Марям.

         -Дардамро гӯям, бардошт мекарда бошӣ? Маро ҳамчун инсон гӯш мекунӣ?–гуфт мард.

         -Шумо гӯед, шояд дарди ҳардуямон як бошад.

         -Не, не, ин хел нагӯй, дарди мо ҳеҷ наметавонад, як бошад. Ман ранҷи кашидаамро ба ҳеҷ кас раво намебинам,-гӯён, мард саргузашти худро нақл кард:

         Модарам маро бе падар, бо сахтӣ калон кард. Умри худро ба ман бахшид. Ҳеҷ гоҳ гуруснаву ташнаам намонд, аз ҳеҷ кас камам накард, ҳар чӣ хостам, бароям муҳайё кард. Баъди хатми мактаб хостам духтур шавам. Модарам ҳафт сол дар баробари танҳо будану зан буданаш, маро хононд. Ҳафт сол ман дар шаҳр, вай дар қишлоқ, аз ҳам ҷудо зиндагӣ кардем. Ҳар ҳафта бо халтаҳои пурбор барои диданам ба шаҳр меомад. Медонӣ, як шаб ҳамроҳам хоб мекарду саҳарӣ барвақт хеста мерафт. Ҳафтаи дароз бо орзуи дидани ман кор карда, пул ҷамъ мекардааст. Ҳафтаи дароз, ҳеҷ чиз нахӯрда, ёфтаҳояшро буғча мебастааст. Чун аз гулӯяш бе ман ҳеҷ чиз намегузаштааст. Ман бошам, дар сарф кардани пул ҳамто надоштам. Ба қадри меҳнати модарам намерасидам. Ӯ бошад, чизе нагуфта, ҳар ҳафта пул меовард. Пулҳояш аз бисёр ҳисоб кардан рах ба рах, гул ба гул буд.

Дар давраи донишҷӯӣ ошиқи як духтари бой шудам. Ишқ чашмонамро кӯру гӯшамро кар карда буд. Модарам аввал ба издивоҷи мо розӣ набуд, аммо бо гузашти вақт хоҳиши маро дида, розӣ шуд. Хонаводаи духтар аз куҷо будану кӣ будани маро хуб медонистанд, аммо ба ояндаи ман умед баста, моро оиладор карданд. Якчанд муддат дар қишлоқ зиндагӣ кардем. Ҳамсари ман бисёр ноз мекард. Бо модарам ҳеҷ забон намеёфт. Дар ин ҳолатҳо ман фақат модарамро айбдор мекардам. Фикр мекардам, модарам маро ба занам рашк мекунад. Ҳангоми дар кор буданам хушдоманам омада, модари бечораамро насиҳат карда мерафтааст. Модарам ашк рехта, то омадани ман худро ором мекардааст. Баъди чанде ҳамсарам талаб намуд, ки дар наздикии шаҳр зиндагӣ кунем. Ман чандон инро намехостам, вале метарсидам ҳамсари худро аз даст диҳам. Хонае, ки дар он ба воя расида будам, хонаи аз падарам мондаро ба фурӯш мондам. Модарам зорӣ кард, ки ҳавлиро нафурӯшам, намедонам, он замон дилам санг гашта будааст, ки ба гапи модар гӯш накардам. “Хонаи маро монед, худатон хона гирифта равед” гуфта, модарам норизоӣ мекард. Дар як ҳавлӣ зиндагӣ кунем ҳам, рӯзгори мо ҷудо буд. Ману ҳамсарам дар як хона, модарам дар дигар хона хӯрок мехӯрд. Модарам чанд бор маро даъват кард, то ҳамроҳаш хӯроки шом хӯрам. Барои он ки ҳамсарам наранҷад, ҷавоби рад медодам. Худро намешинохтам, умуман, як шахси дигар шуда будам. Ҳар хӯрдание, ки меовардам, ба хонаи худ мебурдам. Модарам чӣ мехӯраду чӣ менӯшад, хабар надоштам. Хонаро фурӯхта, ба хонаи нав кӯчидем. Модарам ҳеҷ ба хонаи нав одат накард. Ҳар рӯз пушти дари хонаи куҳнаамон рафта, гиря мекардааст. Чанд бор амакҳоям омада, модарамро ҳамроҳашон бурданӣ шуданд, аммо модарам розӣ нашуд. Мегуфт, ки танҳо ҳамроҳи ман зистан мехоҳад. Рӯзе аз кор баргашта, пойафзоли хушдоманамро пушти дар дидам. Модару духтар баланд-баланд хандида, сӯҳбат мекарданд. Модарам бошад, чашм ба тиреза дӯхта, хомӯш менишаст. Хушдоманам тозон омада, дасту рӯямро бӯсида, маро ба оғӯш гирифт. Рӯи дастурхон тамоми нозу неъмат фаровон буд. Ба модарам салом ҳам надода, сари дастурхон нишастаму ба хӯрокхӯрӣ сар кардам. Баъд ҳамсарам як мусиқии рақсӣ монд, хушдоманам пеш-пешам рақс карда, маро ба рақс даъват кард. Бисёр рақс кардем, ба фикри мани аҳмақ нарасидаст, ки модарамро ба рақс даъват кунам. Шодии ман боиси хандаи модарам мешуд. Ӯ табассум карда, каф мекӯбид. Хушдоманам ҳаракат мекард, маро хандонаду ба ман наздик шавад. Вале модари меҳрубонам ба ман нигоҳ карда, дар назди ӯ чун фаришта менишаст. Гӯё бо нигоҳаш, “ба ӯ бовар макун, ҳамааш сохта” мегуфт. Аммо ман аҳамият намедодам. Соат ҳашти бегоҳ буд, ҳаво боронӣ, берунро тумани сиёҳ фаро гирифта буд. Ногаҳон модарам, аз ҷой хеста “писарам, як бор фишорамро чен кун, худро камтар бад ҳис мекунам,-гуфт.

         -Ҳозир хуб будед-ку ё рақсу хурсандии мо фишори шуморо баланд кард?- гуфта, ҳамсарам хандид. Ҳамроҳи ӯ хушдоманам ҳам баланд ханда кард.

         -Не, келинҷон, аз саҳар ҳамин хел ҳастам,-гуфт модари муштипарам...

Давоми сухан дар гулӯяш маҳкам шуда, мард ба гиря даромад. Марям ягон даҳон гап зада наметавонист. Фақат гиря мекарду гӯш мекард. Мард ашки худро пок карда, нақлашро давом дод:

           Ман ҳам фикр кардам, модарам ба мо ҳасад бурда истодааст. Аммо ӯ ба ёди кулбаи вайронаи худ будааст.

         -Писарам, хонаро фурӯхта, кори хуб накардем, имшаб падаратро хоб дидам. Рӯҳи ӯ нотинҷ аст,- гуфт модарам, рӯймоли сафеди худро ба сар партофта.

         -Эээ! Шумо куҷо?-гуфт тааҷҷубкунон ҳамсарам.

Хушдоманам себ пӯст мекарду ба гапҳои мо гӯш медод.

         -Писарам, ту шиноси бисёр дорӣ. Биё, хонаамонро баргардонем. Ман пир шудам. Намедонам, пагоҳ ҳастам ё не. Дар хонаи худам ҷон диҳам...- гуфта, модарам аз ман хоҳиш кард.

         -Ҳой, кампир, медонед, хонаи зиндагӣ кардаистодаатон чанд сум меистад? Барои хариданаш мо чӣ қадар даву тоз кардем. Пули хонаи куҳнаатон попӯш ҳам нашуд. Ман чанд ҳазор пул додам. Агар мо намебудем, ин хонаро асло гирифта наметавонистед. Писаратон аввал кор карда, пули моро диҳад. Баъд дар фикри хонаи худ шавед, - гуфт хушдоманам.

Аз суханони хушдоманам хуни ман дар ҷӯш омад. Вақте ки хушдоман “хонаи туро ман гирифта додам” гӯяд, бад будааст. Ягон мард инро бардошт карда наметавонад. Ман ба сари хушдоманам дод зада натавониста, ба сари модарам дод задам.

         -Нози шумоён ба дилам зад. Аз ман чӣ мехоҳед? Ба гуфтаи кӣ гӯш диҳам, киро шод кунам. Худам якта, ташвишам садто. Он хонаро аз ёд бароред, шукри ана ин хона кунед. Хаста шудам, хаста... – гуфта, гиряро бардоштам.

Хушдоманам аз чунин ранг гирифтани кор тарсид. Фаҳмид, ки гапи ноҷо задааст. Вале модарам ҳамчун гунҷишкак меистод. Чашмонаш аз ашк барқ мезад, ба ман нигоҳ карда, ба суханҳои талхам гӯш меандохт. Дилам мехост, ба рӯи синааш сар монда, гиря кунам, вале натавонистам.

         -Хаста шудам. Худамро мекушам, ба канал мепартоям,-гуфта, аз хона баромадам ва сӯйи ҷарии баланд, ки поёнаш оби калон мегузашт, роҳ рафтам. Аз қафоям, аз қабати абрҳои сиёҳ “Иқбол, Иқбол”-гуфта, модарам ба самти ман меомад. Ман худро ба канал партофтанӣ набудам, фақат мехостам, модарамро тарсонам. Дар охир ба лаби ҷарӣ расидам, ки бисёр шамоли сахт мевазид. Садои нофораму бадвоҳимаи канал ба гӯшам расида, дасту поям ба ларза омад. Бисёр тарсидам. Борон ҳам авҷ гирифт, берун зулмат шуд, қасар-қусуркунон раъду барқ мезад. Боз садои модарам шунида шуд. Ба чашмам санги калоне афтид ва тез ба пушти он гузашта, пинҳон шудам. Модари солхӯрдаам омада, маро баланд-баланд фарёд кард. Овозашро шунидам, вале худро нишон надодам. Мақсадам тарсонидани модарам буд, то ки дигар ёди хонаи пешинааш накунад, маро ғам надиҳад. Модарам “Иқбол, Иқбол, Иқбол” гуфта, аз ин сӯй ба он сӯй давида, маро меҷуст.

–Маро натарсон, бачам, маро танҳо нагузор, ҳар чӣ ту ҳоҳӣ, ҳамон мешавад, маро бубахш… ­­­­̶ гуфта, модарам гирякунон дод мезад.

Баъдан фарёди дилхароше кашид, ки ман аз ҷой парида баромадам. Шамоли сахт, шамоле, ки ман намехоҳам, ғуввасашро шунавам, модарамро ба канал кашола карда бурд. Ин дунёву он дунёи ман сӯхтааст. Дари ҷаннат ба рӯям бастааст,­­­ ̶ дод зада, гиря кард мард. Марям аз ҷой бархеста, хомӯшона ба роҳи худ рафт.

                                                М. Ҳайдарканӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД