1xbet
Осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” давои беҳтарини дардҳост
294

Осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” дар водии Ҳисор, 25 км дар самти шимолу ғарбӣ аз шаҳри Душанбе дар баландии 1150 метр, дар мавзеи хушманзари қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар назди деҳаи Шоҳамбарӣ ҷой гирифтааст.

Таркиби ин оби шифоӣ намак, сулфат, хлорид, гидрокарбонат, натрий дорад ва ҳарораташ 33 то 36 дараҷа гарм мебошад. Он барои табобати бемориҳои узвҳои ҳозима, ҳаракат ва такягоҳ, асаб, амрози занона, қанд, ҷоғар, пӯст ва ғайраҳо давои беҳтарин аст. Истифодаи васеи оби маъдании «Шоҳамбарӣ» аз чашмаи якум, ки маъданнокиаш 2,0 то 3,5 г/литр мебошад, ҳангоми муолиҷаи беморон берун аз шароити шифохона ниҳоят мувофиқ аст. Осоишгоҳ дорои 500 ҷойи хоб дар масоҳати 17 гектар воқеъ аст. Роҳ аз Душанбе то ин осоишгоҳ 35-40 км буда, бо мошин рафтан тақрибан 45 дақиқа то 1 соатро дар бар мегирад.

Хотиррасон менамоем, ки бори нахуст соли 1952 тавассути пармачоҳҳо оби шифобахши мавзеи Шоҳамбарӣ кашф карда шуда, барои табобати мардум ба кор шуруъ намудааст. Соли 1986 пармачоҳҳои нави оби шифобахш кофта шудаанд ва ниҳоят соли 1990 бинои 5-қабатаи нави осоишгоҳ бунёд карда шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД