Осия яке аз сарояндаҳои маҳбуб дар байни ҳаводорони савту наво аст. Ин сарояндаи ҷавон чанд рӯз қабл суруди нави хешро бо номи “Бале-бале” пешниҳоди ҳаводоронаш сохт.
Ин суруд дар Ютуб-канали “Суруш-медиа” пешкаш гашта, то ба имрӯз онро зиёда аз 45 ҳазор нафар тамошо кардаанд.
Тавре худи Осия мегӯяд, ин суруд аз ҳунарманди Ӯзбекистон Сардор Раҳимхон буда, бо хоҳиши мухлисонаш бозхонӣ намудааст.