Sebiston new 2024 october
Қосим Роҳбар: Мактаби Мортеппа ба номи Акбари Саттор гузошта мешавад
599

Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик дар ҳузури рӯзноманигорону адибон изҳор дошт, ки номи рӯзноманигори зиндаёд ва раиси собиқи ИЖТ Акбари Саттор ба мактабе, ки таҳсил намудааст - муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 25- и деҳаи Мортеппа гузошта мешавад.

Дар робита ба пешниҳоди хеш, Қосим Роҳбар ба масъулони комиссияи номгузории назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дастур дод, ки лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор омода намоянд.

Зиндаёд Акбари Саттор 10- феврали соли 1965 дар деҳаи Мортеппаи шаҳри Ҳисор таваллуд шуда, соли1982 баъди хатми мактаби миёнаи рақами 25 ба факултаи филологияи тоҷики УДТ (ДМТ) дохил шудааст. Солҳои 1983-1985 дар сафи Артиши Шӯравӣ хизмати ҳарбӣ намуда, соли 1987 аз УДТ (ДМТ) ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинград роҳхат гирифта, онро соли 1990 ба итмом мерасонад.

Соли 1990 аввал дар рӯзномаи «Тоҷикистони Шӯравӣ», баъд дар рӯзномаи «Садои мардум» ба ҳайси мухбири махсус ва аз соли 1991 то моҳи ноябри соли 1994 ҳамчун мудири шӯъбаи сиёсат, ҳуқуқ ва ҳаёти байналмилалӣ ифои вазифа намудааст.

Аз моҳи ноябри соли 1994 то рӯзи вафоташ муассис ва директори генералии ҶДММ «Чархи гардун» буд ва 8 ҳафтаномаи хусусии ҷумҳуриявӣ таҳти сарпарастии ӯ ба нашр мерасиданд.

Акбари Сатторсоли 2006 Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон интихоб гардида, соли 2012 журналистони кишвар ӯро ба ин вазифа дуюмбора интихоб намудаанд.
Аз соли 2008 узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ, узви Шӯрои ҷамъиятии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Шӯрои миллии муқовимат бар зидди коррупсия буд.

Акбари Саттор соли 2015 дар синни панҷоҳсолагӣ вафот кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД