Александр Бортников, сардори Хадамоти федералии бехатарии Федератсияи Россия (ФСБ) гуфтааст, тафтишоти амали террористӣ дар Крокус-Сити-Хол дар ҳамбастагӣ бо намояндагони мақомотҳои тафтишотии кишварҳои Осиёи Миёна гузаронида мешавад.
Ба иттилои Бортников, алакай зиёда аз 20 нафар бо гумони даст доштан дар амали террористӣ дар Крокус-Сити-Холл боздошт шудаанд, ки дар байнашон иҷрокунандагони бевоситаи ин амали ваҳшатнок ҳастанд.
“Тафтиши қазияи Крокус идома дорад, вале мо аллакай медонем, ки хадамоти разведкаи ҳарбии Украина бевосита дар ин кор даст дорад”,-гуфтааст Александр Бортников.
Ба гуфтаи ин мақомдори Хадамоти бехатарии Русия, амали террористиро дар Крокус як бахши ташкилоти террористии “Вилояти Хуросон”, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шуда, як шохаи “Давлати исломӣ” мебошад, тариқи интернет маблағгузорӣ кардааст.
Ба иттилоъи Сардори Хадамоти федералии бехатарии Россия, тафтиши ҳодисаи нохуши дар Крокус рӯйдода дар ҳамбастагӣ бо намояндагони мақомотҳои тафтишотии кишварҳои Осиёи Миёна-Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон гузаронида мешавад.