Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон як қатор марказҳои дилхушӣ мавриди санҷиш қарор дода шуданд.
Ба зикри ин ниҳод, дар пайи амалиёти шартии “Ахлоқ ва тартибот” марказҳои дилхушии “Самира”, “Париж”, “Ҷавонон” ва “Шоми Кӯлоб” мавриди санҷиши мақомот қарор гирифтаанд, ки дар пайи он 230 духтару писар ба мақомоти милитсия дастрас гардидаанд.
Гуфта мешавад, ки ин ҷавондухтарон баъди гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ иқрор шудаанд, ки шакли носолими амалҳои шаҳвониро пеша намуда, марказҳои дилхуширо ба макони фаҳш табил додаанд.
“Бо мақсади таъмини солимии ҷомеа ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҳамаи онҳо аз ташхисҳои тиббӣ гузаронида шуданд”,- гуфт РВКД пойтахт.
Ҳамзамон, зикр шуд, ки барои фурӯши нӯшокиҳои пастсифат ва муҳлати истифодабариашон гузашта нисбати соҳибмулкони ин маконҳо парванда кушодаанд.
Милитсияи пойтахт ба моликони чунин маконҳо ҳушдор дод, ки минбаъд ҳангоми фаъолият талаботи қонунгузориро риоя намуда, оромии шаҳрвандонро халалдор накунанд ва ба иҷрои амалҳои фаҳш дар дохили биноҳояшон роҳ надиҳанд, вагарна нисбаташон чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида хоҳад шуд.