Sebiston new 2024 october
ОШИҚОНРО АЗ ҲАМ ҶУДО НАКУНЕД!
29.09.2020
ОИЛА
4766


Фаридун ном ҷавонеро дӯст медорам. Ҳоло дӯстдоштаам дар хориҷа таҳсил карда истодааст. Шунидам, ки падару модараш духтари холаашро ба Фаридун номзад кардаанд.

Ин шумхабарро ба азизи дилам расондам. Фаридун ба волидонаш занг зада, талаб намудааст, ки рафта фотиҳаро гардонанд. Падари сангдилаш қасам хӯрдааст, ки агар духтари холаашро нагирад, Фаридунро “оқ” мекунад. Ошиқи бечораам дар байни обу оташ монда, чӣ кор карданашро намедонад. Ду дидаам аз ғам дарёи хун гаштааст, намедонам ин сари сахтамро ба кадом дару девор занам. Фаридун мегӯяд, ки вай ба рӯйи падару модараш по монда наметавонад, маҷбур аст, ки сар фарорад, вале ман ишқамро зинда ба занда гӯр кардан намехоҳам. Фаридун маънии ҳаёти ман гаштааст, бе вай зистанамро тасаввур карда наметавонам, вале падару модар ва холаи бераҳми ошиқам моро зӯран аз ҳамдигар ҷудо кардан мехоҳанд.

Никоҳи хешу таборӣ оқибатҳои ногувор дорад, ҳатто сарвари давлат инро таъкид намуданд, пас, чаро мардуми то ҳол куҳнапарастӣ карда, танҳо наздикони худашонро келин мекунанд?! Мехоҳам аз минбари “Оила” ба волидон ва холаи Фаридун бигӯям:

-Ман муҳри ишқи Фаридунро бо оби тилло дар дилам насб кардаам, қулфи дили маро бо табари куҳнапарастӣ нашиканед! Чаро дидаю дониста ду ошиқро аз ҳам ҷудо мекунед? Ман аз духтари хоҳаратон чӣ камӣ дорам, ки намехоҳед ҳамчун келин қадам ба даргоҳатон гузорам? Сар ба поятон гузошта зорӣ мекунам, маро аз Фаридун ҷудо накунед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД