Салом ба аҳли қалам ва кормандони ҳафтавори «Оила». Ростӣ, ҳеҷ гумон надоштам, ки рӯзе фаро мерасаду дарди диламро ба рӯзнома менависам. Аммо дар олам дарде мавҷуд будааст, ки онро на табиб даво карда метавонаду на мулло, намедонӣ саратро ба кадом девор занӣ, гиря кунӣ, бихандӣ ё чизи дигар. Сабр, ирода, ғурур низ назди ин дард ночоранд, ин дард ишқ ном дорад. Мехоҳам аз мардоне, ки дар «ҷома»-и ман буданд, маслиҳат пурсам…
Ман чил сол дорам, бо ҳамсарам понздаҳ сол зиндагӣ кардем, бо ризоияти волидайн хонадор шуда будем. Марҷона аз чизе камбудӣ надошт, духтари нозанин, бомаънӣ, тозакор, ҳунарманд буд. Донишгоҳи тиббиро хатм намуда буд, аз зиндагии якҷоя соҳиби ду писар шудем.
Ҳамсарам духтури дандон буду барои баланд бардоштани савияи касбияту омӯхтани навъҳои нави дандоншинонӣ ба Маскав яксола хонданӣ рафт. Ростӣ, мо оилаи зиёиему ба ин иқдоми ҳамсарам касе зид набаромад, мо алаккай дар ҳавлии дуошёнаи барҳаво, дар канори шаҳри Душанбе мустақил зиндагӣ мекардем.
Модарам ду писарамро ба тарбияи худ гирифт, то ҳамсарам бо хотири ҷамъ пайи омӯзиш шавад. Падарам ҷавон аз олам гузаштаанд, мо чор писарем, ки ҳамагӣ соҳиби касбу кор ва хонаву дари алоҳида ҳастем. Модарам бо додари хурдиям дар ҳавлии падарӣ истиқомат мекунад, аммо дар як соли набудани ҳамсарам бо ману фарзандонам буд. Ҳамсарам дар ин байн ду бор омада рафт, ман шаш бор ҳамроҳи писаронам ба хабаргирияш рафтем, аммо…
Дар давраи хонишаш ҳамсарам бо як зани рус шинос мешавад, ки дар маркази Маскав клиникаи шахсии дандонпизишкӣ доштааст. Ана ҳамин зан Марҷонаро ба кор даъват намуда, ба ӯ маоши баланду хобгоҳи бепул низ ваъда мекунад. Ҳамсарам маро барои ба Маскав рафтан талқин мекард, вале ман ин ҷо кори хуб ва тиҷорат доштаму ба ягон ҷо рафтан намехостам.
Марҷона гапи маро нагирифта, ба Маскав рафт. Ростӣ, ман аз ӯ сахт хафа шудам ва ба суд барои ҷудошавӣ муроҷиат кардам. Мехостам писаронам бо ман монанд, аммо Марҷона бо судбозиҳои зиёд писаронамро бо худ бурд ва ман шабеҳи девонае будам, ки намедонистам чӣ кор кунам. Ҳар моҳ ба Маскав ба хабаргирии писаронам мерафтам, давраи таътили тобистонаашон онҳоро ба хона меовардам ва ҳамин тавр, шаш соли умрам гузашт.
Марҷона дар Маскав соҳиби хонаву дар шуд ва писаронам ҳам зиндагӣ дар ин шаҳри бузургро пазируфтанд, акнун бо талефон гап мезадем, аз ҳам каме дур шудем. Модари пирам, ки аз шикасти оилаи ман хеле рӯҳафтода шуда буд, маро ба зангирӣ талқин мекард, аммо дили ман аз ҷинси зан монда буд. Дар дил мегуфтам, ки зани покизаву дӯстдоштаи худам ба ман чӣ кард, ки бегонае кунад, вале чӣ мегуед, ки ошиқ шудам.
Як шом аз кор бармегаштам, ки мошинам ким-чӣ хел садо баровард ва назди устои шинос рафтам то бубинад чӣ нуқс пайдо кардааст. Усто онро аз назар гузарониду гуфт, ки “ака, як пондаҳ дақиқа интизор шавед, ҳозир мебинам, нуқси кироӣ нест”. Ман аз бинои устохона берун баромадаму он ҷо зани қоматбаланди зебоеро дидам, ки телефонӣ бо касе баҳс дошт, аз гуфтори баъдияш фаҳмидам, ки ба ширкате таксӣ фармудасту он наомадааст. Чизе нагуфтам, устои шинос баъди чанде мошини маро ронда бароварду ман ба ӯ ҳисобӣ карда, ба зан, ки дар ҳолати асабоният болову поён мерафт, гуфтам:
-Бону, биёед ман шуморо то ҷойи даркорӣ мебарам.
Усто низ ба ва нигариста гуфт,- апа шумо баъди се рӯз хабар гиред…
Зан чизе нагуфта, ба мошини ман нишасту суроғаашро гуфт ва аз хизматрасонии ширкати таксиҳо шикоят сар кард:
-Инҳо маст шудаанд, наход мизоҷро ин қадар интизор созӣ? Ҳамин рӯз фасон шуда, туфлии баланд пӯшиданамро гӯед, хаёлам мошинамро мегирам. Бо ин туфлӣ то роҳи маршрутка рафтан наметавонам ростӣ, раҳмат ба шумо додари азиз. Чеҳраи зан он қадар дилкаш буд, ки мегуфтӣ, дида аз рӯяш барнагирам, додар гуфтанаш ба ман маъқул нашуда бошад ҳам, чизе нагуфтам. То хонаи нозанин хеле роҳ будаасту мо шинос шудем, Гулҷаҳон ном доштааст зебосанам.
Гулҷаҳон вақти фаромадан як садсомонӣ дароз кард ва ман рад кардам, зан хиромон-хиромон ба бинои истиқоматӣ даромаду дили ман ҳам аз паяш рафт. Ман ошиқ шудам. Мисли ҷавонакҳои навошиқ чанд рӯз таги бинои истиқоматии бону рафтаму оқибат ӯро пайдо намуда, изҳори ишқ кардам. Гулҷаҳон чашмони зебояшро нимпӯш карда хандид ва бо ҳайрат гуфт:
-Эй бача, ту ҳуш дорӣ?!- Ман ҳам бо шухӣ гуфтам, ки “не, ақлу ҳушу диламро ту бурдӣ!”
Инак, як сол мешавад, ки ман зорӣ мекунаму Гулҷаҳон рад, мо дӯстони ҷонӣ ҳастем, бале фақат дӯст! Ӯ ду духтару як писар дорад, духтаронаш дар Амрико, писараш бошад, бо тақозои вазифаи бар дӯш доштааш дар яке аз шаҳрҳои зебои кишвар зиндагӣ мекунад, ӯ корманди сохтори ҳуқуқӣ аст. Шавҳараш понздаҳ сол пеш бар асари як садамаи нақлиётӣ вафот кардааст. Гулҷаҳон тоҷир аст ва дар ҳар гӯшаи шаҳр чанд мағозаи либосҳои занона дорад, аввал ӯ гумон кард, ки ман алфонсам ва пайи шикори пулҳои ӯ ҳастам.
Чун аз ҷойи кору тиҷорат доштани ман бохабар шуд, шубҳаҳояш бартараф гаштанд. Аммо ҳеҷ намехоҳад, ки ишқи маро қабул кунад, ман ягон гуноҳ надорам, фақат аз ӯ понздаҳ сол хурд ҳастам. Гулҷаҳон бар рағми ҳамин қадар дарду ғам боз зебогияшро аз даст надодаасту ҳатто аз ман ҷавонтар метобад, ҳамин ки ман аз хонадоршавӣ гап сар кунам мегӯяд:
-Ин кори намешудагӣ, ба Худо шармандаи олам мешавем! О ту як зане гир, ки барои ту фарзанд таваллуд кунад, мани кампира дар сарат мезанӣ!
Ман хашмамро фурӯ нишонда, ба вай мегӯям, ки “азизам, ба ман ту даркорӣ, ман фарзанд дорам, барои дили ту шуда, ягон набераатро гирифт,а чун фарзанди худамон калон мекунем. Ягон ҷои шармандагӣ нест…”
Ҷавонмарди безеб нестам, дар ҷойи кор, кӯчаву маҳалла духтарон ба ман ба ҳавас менигаранд, вале ман дар умрам бори аввал ошиқ шудаам. Гулҷаҳон барои ман болотар аз ҳама аст, ҳатто модарам ҳам ба ин издивоҷ розӣ аст, аммо зане, ки дунёи ман аст, инро намехоҳад. Марҷона дар Маскав ба як марди озарӣ ба шавҳар баромадааст, ман ба ӯ ҳеҷ дилкашолие надоштаму надорам, аммо қуфли дили Гулҷаҳонро намеёбам. Чӣ бояд кард?
Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадими мардуми тоҷик аст, таърихи бештар аз шашҳазорсола дорад. Ҳама аз омадани баҳор хурсанд, либосҳои зебову ороста дар тан, ба ҳамдигар хушнудиву хушбахтӣ орзу мекунанд. Расму суннатҳои наврӯзӣ ҳанӯз пеш аз дини ислом, аз давраи зардуштиён барои ояндаҳо ёдгор мондаанд. Дар ин ҷашн мардумҳо хӯрокҳои идона мепазанд. Дар ин ид ғайр аз ҳафтсину ҳафтшин дар ҳар минтақа хӯрокҳои дигаре мепазанд, ки дар ҷашни Наврӯз дар ин минтақа пӯхта мешавад. Яке аз хӯрокҳое, ки дар ҷашни Наврӯз дар минтақаи Зарафшон омода месозанд, хӯрокӣ “Бодом” ном дорад. Холаи Рӯзбибӣ 66-сол дошта яке аз калонсолони деҳаи Дашти Қозӣ ҳастанд, ки дар ҳар ҷашни Наврӯз барои наздикони худ ин хӯрокро омода месозанд. Мо хостем имрӯз як сӯҳбате дошта бошем оиди чӣ гуна омода сохтани ин хӯроки Наврузӣ бо холаи Рӯзбибӣ!
-Сараввал Наврӯзи оламафрӯзро ба шумо муборакбод мегӯем.
Ташаккури зиёд! Наврӯзи ҷаҳониро ба кулли мардуми шарафи Тоҷикистон муборакбод гуфта, барояшон ҳамеша саломативу сарбаландӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам. ОРзу мекунам мардуми азизамон зиндагиашон ҳамеша мисли баҳор сарсабзу хуррам бошад.
-Ҳамасола шумо Наврӯзро чӣ гуна ҷашн мегиред?
Наврӯз, ки яке аз ҷашҳои гузаштагони мо аст ман ҳамеша бо роростона як дастархони зебоӣ наврӯзӣ бо пайвандону назконам ҷашн мегирам.
-Шумо кӣ яке аз калонсолони ин деҳа ҳастед дар ҷашни Наврӯз чӣ гуна таомҳо омода месозанд мардуми ин диёр?
Албатта мардуми ин диёр дар ҷашни Наврӯз хурокҳои баҳорӣ бештар омода месозанд. Аз ҷумла омода намӯдани суманак, оши бурида таомҳои миллӣ ва ҳар гуна хурушҳо. Як намуди дигаре таоме, ки ман ва дигар мардуми ин минтақа дар баҳорон омода месозанд ин хӯроки “Бодом” аст.
Ин хурок аз чӣ омода мешавад ва тарзи омода намунаш чи гуна аст?
Ин хӯрок аз бодоми талхи кӯҳӣ омода мегардад, ки барои бисёре аз касалиҳо аз ҷумла ба касалиҳои гурда ва ҷигар давобахш аст. Аввал боми талхро пурра қимма мекунем. Баъди қимма карда шудан як миқдори муайян оби ширгарм рехта омехта месозем. Баъди хуб омехта шудан онро ду маротиба аз матоъи сафед мегузаронем то об аз бодом ҷудо шавад. Баъдан обро дар дег андохта се соат зиёд меҷушонем ва вақти ҷушидан кам- кам оби хунук меандозем. Баъди се соат ҷушидан каме биринҷ меандозем ва боз камтар дигар меҷушад. Баъди ҷушидан сипас намакро меандозам ва хӯроки лазизи мо омода мешавад, ки ҳама пайвондон интизори пухтанаш буданд.
Ташаккури зиёд дар охир таманниёти шумо дар ҷашни Наврӯз ба мардуми тоҷик чӣ аст?
Дар охир орзуманданди он ҳастам ки дар кишвари азизамон ҳамеша сулҳ ҳукмфармо бошаду дустиву рафқат побарҷой. Худованд дар ин ҷашни бузург ба хонадони тамоми мардуми тоҷик дастархони пур аз нозу неъмат ато фаромояд.
Мусоҳиб:Меҳроншоҳ Усмонзода
Наврӯз яке аз қадимтарин иди мардуми эронитаборон, аз ҷумла тоҷикистониён аст, ки таърихи беш аз шашҳазорсоларо дорост. Ҷашни Навруз бо қадами сабзи худ куҳнаҳоро нав мекунад ва ба дили инсонҳо як фараҳу шодӣ мебахшад. Сокинони деҳаи Дашти Қозии шаҳри Панҷакент низ иди Наврӯзро ба мисли дигар минтақаҳои кишвар бо як шукуҳу шаҳомати хоса истиқбол менамоянд. Аз субҳи барвақт кӯдакону наврасони деҳа ба бозиҳои Наврузӣ аз қабили арғунчакбозӣ, тухмшикан, хурусҷанг машғул шуда, онро дар муҳити идона истиқбол менамоянд. Дар айёми Наврӯз мардумони ин деҳа дар якҷо аз ҷумла майдони мактабва боғу даштҳо таҷлил менамоянд. Ҷашни Наврӯз фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу руз дар баҳор мебошад. Расму русуми мардуми водии Зарафшон дар айёми Навруз хондани сурудҳои тараннумгари баҳору Наврӯз ва рақсу сурудхонӣ мебошад, ки аз сокинони деҳаи Дашти Қозӣ низ ба хубӣ аз иҷро он мебароянд. Аз субҳи барвақт занону духтарон ва мардон сарҷамъ шуда рақсу бозиҳо ва ҳазлу хандаҳо мекунанд. Зеро соли навро агар бо хандаю хурсандӣ пешвоз гирӣ, ҳамон сол пурра ба хуррамию шодӣ зиндагӣ хоҳӣ кард. Мардуми Зарафшон як ҳафта пеш аз фарорасии Навруз курпаву палосҳоро аз хона берун бароварда, хонаро руфтаю тоза мекунанд, курпаҳою пардахоро мешӯянд. Мардум мегӯянд, ки агар соли навро дар хонаи тозаву ороста пешвоз гирӣ, хамон сол бобарор хоҳад шуд.
Ҳамасола аз ҷониби хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 49-и деҳаи Дашти Қозӣ як ҳунарманди асили ин деҳа Шӯҳрат Сараев як чорабинии фарҳангӣ омода шуда, дар ҷашни Наврузӣ пешкаш мардуми ин деҳа мегардад.