Arzon march 2024
Оши палави тоҷикӣ дар “Поле Чудес”-и Русия
832


Ин Аслишо Акимбеков аст ва дар ток шоу барномаи “Поле чудес”, ки тариқи телевезиони Русия ҳар ҳафта пахш мешавад, дар арафаи соли 2023 бори дигар Тоҷикистонро мурарифӣ намуд.

Ӯ расму оини тоҷикиро бори дигар тариқи ин шабакаи русиягӣ нишон дод ва меҳмон навозии тоҷиконро бо хӯроки машҳур оши палав инъикос намуд.
Аслишо Акимбеков дар толор ровии барнома Лионид Аркадовичро ба дастархони тоҷикӣ даъват намуда, махсусан нишон медиҳад, ки тоҷикон пеш аз ҳама ба тозагӣ диқати ҷиддӣ дода, ҳатто дастони меҳмонро дар назди дастурхон мешӯянд.

Аз аксуламали Леонид Аркадович бар меояд, ки ӯ дар бораи оши палави тоҷикӣ маълумот дорад, вале интизор аст, ки тамъи онро бичашад.
Аслишо ҷавони тоҷик пас аз тановули хурок, ки бо даст сурат мегирад, тасдиқ мекунад, ки “Бале дуруст иҷро кард”

Баъдан ровии барнома аз Аслишо мепурсад, ки ман сари мизи тоҷикӣ нишастаам, ягон ибораи тоҷикиро ба ӯ бигӯяд. Аслишоҳ баъдан мегуяд, Тоҷикистон ба пеш, Лионид Аркадович мегуяд Тоҷикистон ба пеш

Аслишо баъд аз зиёфати тоҷикона туҳфаҳояшро ба толор ворид мекунад ва чун анъана ба ровӣ чомаи зардӯзи ва ба ду иштирокчии дигар болопуши тоҷикона мепушонад.
Баъди ин ҳунарманди тоҷик Ноҳид Зайналпур ва дастаи рақсии Санам дар толор ҳунарнамоӣ мекунад.

Саволе ба миён меояд, ки Аслишо чӣ гуна тавонист ба ин барнома роҳ ёбад ва ки ӯро раҳнамоӣ кард?

Аслишоҳ ба ин саволи хабарнигори сомонаи Оила чунин посух гуфт:
"Барои дар барномаи токшоу Поле чудес иштирок карданам, як ҳамватани бообрую боэҳтиром дар шаҳри Маскав Табрез Шаҳиди, набераи Зиёдулло Шаҳидӣ саҳми зиёд гузошт. Ӯ тавсия дод, ки танҳо шумо Тоҷикистонро дар чунин барнома бо тамоми ҷузъиёт мурарифӣ карда метавонед, чунки шумо шоумен, рӯзноманигор ва аз уҳдаи ин кор ба хубӣ мебароед. Қабул кардам ва муддати 10 рӯз омодагӣ дидам. Бисёр чизҳое, ки дар барнома гуфта шуд, тақрибан 80 фоизаш дар ҷараёни монтаж бурида шуд ва танҳо 20 фисад онҷо ба намоиш гузошта шуду халос. Ин талаботи телевизон аст ва мо ба ин ягон эрод надорем."

Аслишо  7 сол пеш дар вохурии солонаи Президенти Русия иштирок карда гуфта буд, ки барои кудаконе, ки бемории чидди доранд, ауксион ба роҳ монда шавад. Пешниҳод мекунам, ки ҷамъ кардани чизҳои дустдоштани шахсони наздик ба президент роҳандозӣ шавад. ва Владимр Путин ҳам ваъда дода буд, ки дар ин мавзуъ рӯ ба ру суҳбат хоҳем кард. Тавре Аслишо ба мо гуфт, то имрӯз мо вонахӯрдем ва дар оянда кушиш мекунам, то ки аз наздик пешниҳодоти худро намоям.

Аслишо Акимбеков, собиқ ровии барномаи "Ману дунё"-и телевизеони Тоҷикистон, ровии барномаи наврасии "Паёми наврасон", ровии барномаи "Гурдофарид", "Лаззат" аз телевизеони Сафина буда, бо барномаҳои ҷолиби хеш бинандагони зиёдро атрофи ҳунараш ҷамъоварда буд.

Ӯ ҳоло дар Русия кору зиндагӣ мекунад ва мо барои эшон бурдборӣ ва комёби таманно дорем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД