Шаби 30-юми июн қалби ҳаҷвнигори маъруфи кишвар, бунёдгузор ва роҳбари гурӯҳи ҳаҷвии “Ғарибшо Компания” Бахтиёр Раҳимов аз тапидан бозмонд. Ин хабар ҳазорон мухлиси ин ҳаҷвнигорро ғамгин кард. Воқеан, марги чунин ҳунарманд талафоти гароне барои санъати тоҷик аст.
Орзу дошт табиб шавад...
Бахтиёр Раҳимов, ки мардум ӯро бештар бо тахаллуси «Ғарибшо» мешиносанд, зиёда аз се даҳсола аст бо саҳначаҳои ҳаҷвӣ, образҳои фаромӯшнашаванда ва лаҳни хоси худ дили миллионҳо бинандаро тасхир карда буд.
Шояд бисёриҳо надонанд, ки Бахтиёр Раҳимов дар кӯдакӣ орзуи ҳунарманд шуданро надошт. Ӯ мехост табиб шавад. Ин орзу ба бисёр ҷавонони ҳамон давра хос буд. Вале тақдир роҳи дигареро барои ӯ интихоб кард.
Дар мактаб ҳамеша дар намоишномаҳо иштирок мекард. Муаллимон ва ҳамсинфон ба ӯ бештар нақшҳои мазҳакавӣ медоданд. Он вақт ҳанӯз касе намедонист, ки ӯ ба яке аз чеҳраҳои машҳуртарини саҳнаи ҳаҷви тоҷик табдил хоҳад ёфт.
Пас аз хатми мактаб ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи санъат супурд, аммо қабул нашуд. Ба гуфтаи худи ӯ, ҳатто бархе гуфта буданд, ки симояш барои саҳна мувофиқ нест ва аз ӯ ҳунарманд намебарояд. Вале ӯ талошу муборизаро идома дод. Ӯ баъдан кӯшиш кард ба омӯзишгоҳи мусиқӣ дохил шавад, вале боз ҳам ноком монд. Пас аз ин ба хизмати ҳарбӣ рафт.
Аз «Гаҳвора» то саҳнаи бузург
Пас аз адои хизмати ҳарбӣ фаъолияти худро дар театри «Гаҳвора» оғоз кард. Ҳамин ҷо аввалин таҷрибаҳои ҷиддии саҳнавиро омӯхт. Ӯ бори дигар ба Донишкадаи санъат ҳуҷҷат супорид ва ин навбат муваффақ шуд.
Маҳз солҳои донишҷӯӣ ҷаҳонбинии эҷодии ӯ шакл гирифт. Ӯ хуб дарк кард, ки мардум ба ҳаҷви содаву самимӣ эҳтиёҷ доранд, ҳаҷве, ки аз зиндагии ҳаррӯза сарчашма мегирад. Бо ҳамин андеша гурӯҳи хусусии ҳаҷвии «Ғарибшо-компания» таъсис ёфт.
Солҳои навадуми асри гузашта барои Тоҷикистон солҳои ниҳоят душвор буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ, буҳрони иқтисодӣ ва муҳоҷират мардумро хаста карда буд. Дар чунин вазъият саҳначаҳои «Ғарибшо-компания» барои бисёриҳо марҳами дардҳояшон ба ҳисоб мерафт.
Ҳунари Бахтиёр Раҳимов аз он ҷиҳат фарқ мекард, ки қаҳрамононаш аз байни худи мардум буданд, онҳо ҳамсоя, ронанда, савдогари бозор, шавҳари бадрашк ё занкалон, домод... ва дар умум аз нафарони гирду атрофи мо буданд бинобар ин, ба дил зуд роҳ меёфтанд.
Муваффақияти ӯ танҳо дар хандонидан набуд. Ӯ ҳаёти воқеиро бо тамоми камбудиву зебоиҳояш ба саҳна мебаровард. Аз ҳамин сабаб образҳои офаридааш имрӯз ҳам кӯҳна намешаванд. «Ман бо ханда одамонро табобат мекунам» - гуфта буд ӯ.
Ханда барои ӯ танҳо воситаи фароғат набуд. Ӯ бовар дошт, ки инсон баъди хандидан сабуктар мешавад, мушкилотро осонтар таҳаммул мекунад ва ҳатто саломатиаш беҳтар мегардад...
Оинаи солҳои 90
Аз суҳбат бо Бахтиёр Раҳимов:
- Чаро “Ғарибшо компания”?
- Солҳои 90-ум, замони ошӯбҳову ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, мо бо орзуи бозгашти ғарибон ба Ватан театр-студияамонро «Ғарибшоҳ-компания» ном ниҳода будем ва гурӯҳамон ба зудӣ машҳур гашт. Мардум, ки моро бо ҳамин ном шинохтанд, иваз кардани номи гурӯҳро лозим надонистем.
- Шумо аз оғози фаъолиятатон то ба имрӯз ба аскарбачаҳо «чаққа» ҳастед, мудом ҳаёти онҳоро тасвир мекунед. Худатон хизмати Модар-Ватанро кардаед ё не?
- Ҳанӯз ҳангоми дар омӯзишгоҳи мусиқӣ-равшаннамоии ноҳияи Ленин хонданам маро ба хизмати аскарӣ гирифта буданд. Ду сол хизмати Модар-Ватанро дар Русия, дар хунукии зиёда аз 45 дараҷа адо карда, бо сари баланд баргаштам.
- Аслан, мақсади ҳаҷв на танҳо хандондани мардум, балки кушодани чашми масъулон ва ҳал кардани мушкилоту норасоиҳои ҳаёт аст. Масъалаҳое, ки шумо дар саҳнаҳоятон ба қолаби ҳаҷв мекашидед, то куҷо ҳалли худро ёфтанд?
- Дар ҳақиқат, он солҳо хизмати аскарӣ душвор буд, чунки аскарбачаҳо аз ҷиҳати либос ва хӯроку пӯшок танқисӣ мекашиданд. Бо пойдор гаштани сулҳу субот дар кишварамон оҳиста-оҳиста ин камбудиҳо аз байн рафтанд. Ҳоло аскарбача бо мӯзаи кандагӣ намегардад, хурду хӯрокашон ҳам хуб шудааст. Ман то имрӯз бо қисмҳои ҳарбӣ робитаи зич дорам, бо чашми худам мебинам, ки ҳаёти аскарбачаҳои имрӯза аз зиндагии аскарбачаҳои он замон аз замин то осмон фарқ мекунад.
- Азбаски таҷрибаи фаровон доред, мехостем назаратонро ҳамчун ҳаҷвнигори касбӣ ба ҳаҷви имрӯза бидонем.
- Саволи осон, вале ҷавобаш хеле мушкил! Ман, ки худ ҳунармандам, ҳаҷвнигоронро санги маломат заданӣ нестам, зеро бузургонамон фармудаанд: “Сухан дониста гӯ, то дӯстро душман нагардонӣ...” Агар ҳамчун як тамошобин баҳо диҳам, ҳаҷви имрӯз хеле коста ва хароб аст. Мардум аз театр дур шуданд, дигар хоҳиши театрравӣ надоранд, барои он ки барномаҳо бисёр сустанд. Ҳаҷви пештараи мо ҳам олӣ набуд, вале аз ҷиҳати ахлоқ, одоб, мазмуну мундариҷа дар тарбияи маънавии мардум таъсири нек расонда метавонист. Имрӯз ҳамин чиз дар намоишномаҳои ҳаҷвии мо қариб ки эҳсос намешавад. Ҳаҷв танҳо ба хотири хандидан нест. Ҳаҷв бояд мақсаду маром ва ҳадаф дошта бошад. Ҳаҷв бояд тарбиятгар бошад ва тамошобин дар он камбудии ҳаётро дида тавонад. Ҳаҷви мо имрӯз бисёр сабук ва ҳатто кӯчагӣ шудааст.
- Барои пешрафти ҳаҷв чӣ бояд кард?
- Меҳнат ва ҷустуҷӯи эҷодӣ...
Хандонидан осон аст?
Ҳунари ҳаҷв аз қадим яке аз мушкилтарин навъҳои санъат дониста мешавад. Актёри драмавӣ метавонад бо як саҳнаи пурэҳсос тамошобинро гирёнад, аммо ҳаҷвнигор бояд ҳар рӯз, ҳар соат ва ҳар дақиқа кор кунад, то ки мардумро бихандонад. Барои ин на танҳо истеъдод, балки ҷаҳонбинии хос, сабри зиёд ва муҳаббати самимӣ ба инсон лозим аст.
Бахтиёр Раҳимов аз ҷумлаи ҳамин гуна ҳунармандон буд. Ӯ ҳеҷ гоҳ ҳаҷвро танҳо воситаи хандонидани мардум намедонист. Барои ӯ ҳаҷв пеш аз ҳама воситаи андешидан буд. Агар бинанда пас аз тамошои саҳнача танҳо бихандад, ҳадаф нисбатан иҷро шудааст. Аммо агар баъд аз ханда дар бораи зиндагӣ, рафтор ва муносибатҳои худ низ андеша кунад, он гоҳ ҳунар ба рисолати воқеии худ мерасад.
Дар рӯзгоре, ки мардум бо мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва равонӣ рӯбарӯ мешаванд, баъзан як лаҳзаи ханда метавонад нерӯи тоза бахшад. Ҳунарманде, ки чунин лаҳзаро меофарад, танҳо саргармкунанда нест, балки ба гунае табиби рӯҳу равони ҷомеа низ ҳаст. Ва Бахтиёр Раҳимов барои ноил шудан ба ин ҳадаф талош мекард.
Гурбаи сиёҳ байни Ғарибшову Ташриф
Баъзе овозаҳо солҳои пеш паҳн шуда буданд, ки гурӯҳи «Ғарибшо-компания» пароканда шудааст ва миёни аъзои он ихтилоф вуҷуд дорад. Худи Бахтиёр Раҳимов ин овозаҳоро рад карда гуфта буд:
«Ману Ташриф ҳеҷ гоҳ душман набудем. Гурбаи сиёҳ моро бинад, думашро хода карда мегурезад.»
Ҳатто вақте овозаҳо дар бораи бемории ӯ паҳн шуданд, ӯ бо ҳамон шӯхиҳои хоси худ ҷавоб дод. Ба саволи журналист, ки гӯё мехоҳад тиҷорат кунад ва саҳнаро тарк намояд, ӯ бо қатъият гуфт: «Ғарибшо дар саҳна зода шудааст ва дар саҳна ҷон медиҳад!»
Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Бахтиёр Раҳимов то нафасҳои охирин ба саҳна ва ба тамошобинаш содиқ монд...
Орзуҳое, ки ба хок бурд
Бахтиёр Раҳимов орзуҳои зиёд дошт. Ӯ борҳо иқрор кардааст, ки ду нақшро хеле дӯст медорад ва мехоҳад рӯзе онҳоро иҷро кунад.
Якум нақши Чарли Чаплин, бузургтарин ҳаҷвнигори таърихи синамо, ки тавонист бо як чеҳраи хандон дарди тамоми инсониятро тасвир кунад. Дувум нақши Адолф Гитлер. Шояд дар назари аввал чунин интихоб аҷиб намояд. Вале худи Раҳимов таъкид мекунад, ки ӯ на шахсияти Гитлерро, балки аз нигоҳи ҳунарӣ мураккабии ин образро ҷолиб медонад. Ба андешаи ӯ, агар коргардони тавоно ва шароити муносиб фароҳам шавад, мехоҳад қудрати ҳунарии худро дар чунин нақши драмавӣ бисанҷад.
Вале ӯ ин орзуро ба хок бурд, мисли ин орзуи фаъолият дар театри драмавиро низ, ки ҳеҷ гоҳ амалӣ нагашт.
Мушкиле, ки Раҳими Ғармӣ ҳал кард
Тамошобин одатан танҳо он чиро мебинад, ки дар саҳна рӯй медиҳад.
Ӯ намедонад, ки баъди поён ёфтани консерт ҳунарманд низ мисли дигарон мушкилоти рӯзгор, ғами фарзанд, қарз ва садҳо масъалаҳои дигар дорад. Бахтиёр Раҳимов солҳои зиёд дар бораи зиндагии шахсии худ чизе намегуфт.
Соли 2022 бори аввал Бахтиёр Раҳимов пардаи зиндагии шахсии худро канор зад ва дар назди мардум аз мушкиле сухан гуфт, ки беш аз сӣ сол ӯро ҳамроҳӣ мекард. Ин суханон на аз забони қаҳрамони ҳаҷвӣ, балки аз забони инсоне садо медоданд, ки солҳои тӯлонӣ бо умеду сабр зиндагӣ карда буд. Ӯ дар суҳбаташ бо рӯзноманигор Орзу Исоев гуфт, ки тамоми умр иҷоранишин аст: «Сабр бисёр чизи хуб аст. Лекин сӣ сол тоқат кардам, таҳаммул кардам. Гуфтам, ки аз ман бештар ниёзмандон ҳастанд. Воқеан ҳам чунин буд...».
Баъд аз ин Бахтиёр Раҳимов бо лаҳни ором гуфт: «Ба қароре омадам, ки ба шумо муроҷиат кунам. Ба он нафароне, ки дасти хайр доранд, ба онҳое, ки имконият доранд ва метавонанд дар ҳалли мушкили ман саҳм гузоранд. Ман мушкили манзил дорам».
Ин муроҷиат дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле зуд паҳн гардид.
Зери навор ҳазорҳо нафар андешаҳои худро навиштанд.
Яке аз шарҳҳое, ки бештар миёни мардум паҳн шуд, чунин буд: «Бахтиёр фақат моро механдонад. Биёед, мо ҳам ӯро хандонем».
Ин ҷумла ба рамзи ҳамдардии мардум табдил ёфт.
Дар он на танҳо эҳтиром ба як ҳунарманд, балки эҳсоси қарзи маънавии ҷомеа нисбат ба аҳли фарҳанг таҷассум ёфта буд.
Бисёриҳо аз худ мепурсиданд: чӣ гуна мешавад, ки шахсе, ки зиёда аз сӣ сол мардумро механдонад, худ то ҳол соҳиби манзили шахсӣ нест?
Ҳамагӣ баъди ду рӯзи муроҷиати Бахтиёр Раҳимов хабари хуш паҳн гардид. Соҳибкори маъруфи тоҷик Раҳим Бобоҷонов, ки мардум ӯро бештар бо номи Раҳими Ғармӣ мешиносанд, тасмим гирифт мушкили ҳаҷвнигорро пурра ҳал кунад. Ӯ барои Бахтиёр Раҳимов манзили истиқоматӣ харид. Дар навори навбатӣ дигар ҳамон Бахтиёр Раҳимови ғамгин дида намешуд. Дар чеҳрааш табассуме буд, ки тамошобинон солҳо боз дар саҳна медиданд...
Ҳунарманди мардумӣ
Аз Бахтиёр Раҳимов боре пурсиданд, ки оё орзуи гирифтани унвони «Ҳунарманди халқӣ»-ро дорад. Посухи ӯ бисёр аҷиб буд: «Ман ҳамеша дар байни халқ ҳастам. Худро бе халқ ҳеҷ медонам. Унвони ман ҳамин муҳаббати мардум аст». Воқеан, дуруст ҳам буд. Зеро ҳунарманде, ки беш аз сӣ сол дар дилу хотири мардум зиндагӣ мекунад, пеш аз ҳама бо муҳаббати мардум зинда аст. Ва ӯ ҳунарманди воқеии мардумӣ аст.
Имрӯз офтоби умри Бахтиёр Раҳимов ғуруб кард. Рӯзи 1 июл ҷанозаи ӯ дар зодгоҳаш деҳаи Ноҷии Ҳисор хонда шуд. Ҷисми ӯро ба оғӯши хок супориданд, вале ёди ӯ, нақшҳои мондагори ӯ дар қалби мухлисон солҳои сол боқӣ хоҳад монд.
СИПЕҲР