Зиндагӣ бо орзу ширин аст мегӯянд, вале орзуҳое ҳастанд, ки ба ҷойи хушбахтӣ овардан, бо амалӣ гаштанашон ба сари кас бадбахтӣ ва ҳатто мусибат меорад. Ҳодисаҳои хунине, ки дар як мижа задан ба сари ду ҷавонмарди номуроди тоҷик омаданд, далели равшани ин гуфтаҳо мебошанд...
Ҳар як инсон, махсусан намояндагони ҷинси зариф дар қаъри дили худ орзу мекунанд, ки соҳиби мошин гарданд, зеро мошин фақат як дастёри беминнат набуда, боиси ифтихорӣ ҷавонмардон низ ҳаст, вале баъзан расидан ба ин орзуи наҷиб ва соҳиби мошин шудан ба сари кас фоҷиа меорад. Сафархӯҷа низ дар орзуи мошин буд ва вақте ба ин орзуи худ расида, соҳиби “Опел-Астра” гашт, аз хурсандӣ дар куртааш намеғуҷид, аммо мошини орзуҳояш барои ин ҷавонмарди 39-солаи тоҷик оқибат тобути оҳанин гашт. Ҳамагӣ ду рӯз қабл, субҳи 18-декабр, тахминан соатҳои 03.50 мошини Саидхӯҷа ба мошини тамғаи “Опел-Вектра” таҳти идораи ронанда Усмон Ҳабибуллоев бархӯрда, дар натиҷаи ин самамаи сархӯр ронандаи “Опел-Астра” Ҳасанов Сафархуҷа Мирзохонович дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Мусфирони мошини мазкур Раҳматуллоева Екатерина Руслановна ва Суҳробзода Ноиб Суҳроб, ки ҳарду сокини пойтахт мебошанд, бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба беморхона интиқол дода шудаанд. Боз як садамаи дигари марговар шоми 18-декабр, тахминан соатҳои 21:30 сар зада, мошини “Тойота-Камри”-и Бобохонов Хисрав Убайдович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Восеъ аз роҳ баромада, ба дарахти тути канори чапи роҳ бархурдааст. Мусофири ин мошини осебдида Исфандиёри Неъмати Шамсуддинзода, соли таваллудаш 1991, сокини ҳамин ноҳия, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид. Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Ф. Сатторӣ