Arzon march 2024
Орзу ва Меҳрнигор зодрӯзашонро бо Шабнами Сурайё ҷашн мегиранд?
765


Санаи 14-октябр якбора се шахсияти маъруфи фарҳангии Тоҷикистон-Орзу Исоев, Шабнами Сурайё ва Меҳрнигори Рустам зодрӯз доранд. Ин 3 чеҳра натанҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ шӯҳрат доранд.

Дар бораи Шабнами сурайё мо аллакай гуфтем ва инак дар бораи Орзу Исоев ва Меҳрнигори Рустамбароятон каме маълумт медиҳем.
Рӯзноманигор, шоир ва блогери машҳур Орзу Исоев имсол 46-умин баҳорӣ умри хешро ҷашн мегирад. Орзу 14-октябри соли 1976 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст.

Барномаҳои дидании Орзу Исоев ҳамеша аз ҷониби тамошобин гарм истиқбол мешавад. "Ногуфтаҳо" - яке аз барномаҳои ютюбии Орзу Исоев мебошад, ки дар он шахсиятҳои шинохтаи кишвар аз сирру асрори ногуфтаи худ қисса мекунанд.

Сурудҳое, ки ба қалами Орзу Исоев таалуқ доранд, аз ҷониби сарояндаҳои машҳурии эстрадаи тоҷику ӯзбек-Садриддини Наҷмиддин, Шабнами Сурайё, Меҳрнигори Рустам, Баҳодури Ғафурзод, Зулайхо Маҳмадшоева, Нигина Амонқулова, Юлдуз Усмонова, Озода Нурсаидова суруда шудаанд. Маҷмӯаҳои Орзу "Дар пардаҳои атласии нури офтоб", "Таронаи танҳоӣ", "Он сӯи ёдҳо"-ро ошиқони каломи бадеъ хеле дӯст медранд.

Имрӯз боз як чеҳраи шинохтаи фарҳанги тоҷик, бонуи фариштарӯю фариштахӯй Меҳрнигори Рустам низ ҷашни милод драд. Меҳрнигор зодаи Ховалинг буда, имсол 28- умин солгарди ҳаёташро ҷашн мегирад.

Меҳрнигор аз синни 5-солагӣ ба сурудхонӣ оғоз карда, то ба имрӯз дар озмунҳои зиёд иштирок намудааст. Ӯ дар озмуни байналмилалии «Йединҷи туркча олимпиадалари» дар Туркия соҳиби медалҳои тило ва нуқра шуда буд.

Соли 2006 бошад, Меҳрнигори Рустам дар озмуни «Бозиҳои делфӣ» миёни наврасони кишварҳои ИДМ ба гирифтани ду медали тилло — дар бахши таронаҳои мардумӣ ва таронаҳои эстрадӣ ноил гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД