35 years of independency
Орзу Исоев: барои девона нашудан бояд “девона” буд!
50

Орзу Исоев, рӯзноманигори ҳирфаии тоҷик, бо пушти сар намудани тазодҳои зиёд ба 50-солагӣ қадам мегузорад. Ӯ аз рӯзноманигорони соҳибқаламест, ки солҳо дар расонаҳои дохилӣ фаъолият карда, бо таҳияи ҷолибтарин барномаҳо ба дили мухлисонаш ҷо шудааст. Бо мақсади шиносоӣ аз ҳолу аҳволи имрӯзааш озими хонааш шудем ва аз ҳарфу қиссаҳояш баҳравар гаштем. Суҳбати анҷомдодаи мо марҳилаҳои гуногуни ҳаёташро фаро гирифта, аз бачагии душвори пуштисаркарда ва корҳои хатарбори журналистиаш қисса мекунад.

“Демократия” доштам

- Дар суҳбатҳоятон гуфтаед, ки бачагии ман душвор гузаштааст, вале муфассал шарҳ надодаед. Чаро?

- Далели аз ҳама рӯшану раднопазираш ин аст, ки волидайнам аз ҳам ҷудо шуданд ва табиист, ки вақте ду нафар аз ҳам ҷудо мешаванд, гарониҳои равонию иҷтимоӣ он хонаводаро фаро мегиранд. Падарам дар аҳди шуравӣ корманди бахши савдо буд, пулдор буд. Азбаски пулёб буд, нишасту шабнишиниҳоро хеле дӯст медошт ва то ҷое аз тасаввури модарам бармеомад, як кам айёш ба назар мерасид. Бисёр хушлибос буд, кулоҳ мепӯшид, пиҷаки зебо ба тан мекард. Рӯзе ду ё се бор либосашро тағйир медод. Дар заминаи рашк ба хонумҳои ҳамнишинаш моҷароҳои хонаводагии мо сар заданд ва оқибат ба ҷудо шудани онҳо оварда расонданд. Ман ҳанӯз 4 сола будам, ки ин моҷароҳо сар заданд ва пас аз як соли пархошу гирудор оилаамон аз ҳам ҷудо шуд.

- Дар оила чандумин фарзанд будед? Паҳлуятон бародар ё хоҳаре доштед?

- Издивоҷи падару модари ман аслан издивоҷи аввалинашон нест барои ҳарду. Падари ман дар аввал зан дошт, бо номи Лида, ки аз рӯйи шунидаҳоям аз ӯ писаре дорад. Падарам бо ин зан ҳудуди 1,5-2 сол зиндагӣ кардааст. Вале азбаски фикрҳо ба ҳам дуруст наомаданд, урфу одатҳои ҳамдигарро қабул надоштанд, падарам аз ӯ ҷудо мешавад. Лида ба Свердловск бармегардад. Дар ин асно модарам низ, тақрибан дар синни 17-18 солагиаш издивоҷ карда будааст бо писархолааш. Калонсолон соз намегиранд ва дар натиҷа инҳо ҳам тақрибан баъди 1,5-2 сол аз ҳам ҷудо мешаванд. Ҳосили ин зиндагӣ духтари аввалинест, ки модарам ба дунё овард бо номи Бибии Саломат-пошшо.  Ин номро падарбузурги самарқандиам аз тарафи модар ба ӯ гузоштааст. Баъдан ӯро модарбузургам Моҳтоб калон кард, ки фарзанд надошт. Яъне ӯ дар оилаи мо бузург нашуд..

Баъдаш Заррина, Парвин, Парвона таваллуд шуданд. Чун модарам пайдарпай духтар таваллуд мекард, дар маҳалла мегуфтанд, ки ин зан фақат духтар таваллуд мекунад. Модарам маротибаи дигар ҳомила шуд, ҳадс мезаданд, ки агар ин бор ҳам духтар таваллуд шавад, падарам аз ӯ ҷудо хоҳад шуд, вале ҳарчанд ман таваллуд шудам, аммо оилаамонро наҷот дода натавонистам. Баъд аз ман хоҳарам Малоҳат таваллуд шуд. Пас аз ӯ бошад, бародарам Одил таваллуд шуд ва аз беморие дар якунимсолагӣ фавт кард. Ба ҳисоб миёни 5 духтар ман як писар будам.  

- Баъд аз ин Шумо дар тарбияи модар мондед. Пеш бурдани зиндагӣ  барои як зан душвор набуд?

- Дар маҷмуъ зиндагии он замон як кам оромиш дошт. Аҳди шуравӣ буд ва ҳар як кӯдак то 18 солагӣ аз тарафи давлат кумакпулӣ мегирифт. Ҳарчанд аз падар барои мо кумакпулӣ ҷудо мешуд, вале модарам талош мекард кор кунад ва оилаамонро пеш барад. Модарам дар як ошхонае кор мекард ва ман ҳар рӯз вақте аз дабистон мебаромадам, наздаш рафта ба корҳояш кумак мерасондам. Ҳамон вақт дар гирду бари ошхона, ки боғи калоне буд, узбекҳо ҳар гуна хӯрданӣ мефурӯхтанд ва ман ба назди онҳо рафта, кумак мекардам, то дастмузде гирам. Гоҳе шишаҳои холии нӯшокиҳоро ҷамъ мекардаму месупоридам дар ҷое ва музде аз он ҳам ба даст меовардам. Оҳиста-оҳиста орзуҳои кучаки худро амалӣ мекардам. Барои худам дучарха мехаридам, либосҳои зебо мегирифтам, қариб ҳама ашёҳои мактабиро худам мехаридам. Барои модарам низ туҳфаҳо мехаридам. Ҳамин айём ба рассомӣ майл пайдо кардам. Ҳар гуна лавҳаҳо омода мекардам, гоҳе мешуд дар рӯйи сони сафед нақши гулҳоро барои гулдӯзии духтарон омода мекардам ва ба ин васила як музде низ ба даст меовардам.

- Ҳоло аз ин равзана ба он айём нигаред, чиро мебинед?

- Инсон то як оромишро аз даст надиҳад, намефаҳмад, ки он чӣ қадар муҳим ва арзишнок будааст. То агар хушбахт набошӣ, аз даст додани хушбахтиро намефаҳмӣ. Он замон ман кӯдак будам, намефаҳмидам, ки ин ҳама чӣ маъно дорад. Ҳоло ки бузург шудаам, акнун дарк мекунам, ки ҳамон оворагиҳо, ҳамон мушкиливу азиятҳои кашида як навъ озодӣ дошт. Дуруст қайд кардед, ки вақте аз ин равзана менигарам, чиро мебинам? Мебинам, ки мисли як инсони мағруқ будам. Ҳарчанд шиноро наметавонистам, вале худро ба оғӯши рӯд меафкандам ва дасту панҷа мезанадам то нафасгир нашавам. Ба синамо мерафтам, соатҳои 12-1-и шаб хона меомадам. Касе намепурсид, ки ту дар куҷо будӣ, ба чӣ машғул будӣ? Яъне ба тамом озод будам, ба ибораи имрӯза “демократия” доштам. Ҳатто гоҳе орзу мекардам, ки касе аз гӯшам бикашаду гӯяд, ки чаро дер кардӣ. Чун медидам, ки дигарҳоро контрол мекунанд, вале касе набуд, ки маро контрол кунад.

Ман ҳеҷ вақт гилоя аз набудани падар надоштам. Гилоя аз кам будани ҳузури модар надоштам. Чун баъдаш модарам низ шавҳар кард. Ба як марди меҳрубони истаравшанӣ ба шавҳар баромад. Вале ман ҳеҷ вақт аз касе гилламанд набудам. Худам бори зиндагиамро мекашондам.

Телевизиони Хатлон мактаби бузурги таҷриба буд

- То омадан ба ТВ “Хатлон”, ки фаъолияти пурбори шумо аз ин макон шуруъ мешавад, ҷое таҳсил гирифтед?  

- Аслан ман аз хурдӣ дар театр корро шуруъ кардам. Театре, ки он ҷо шодравон Аловиддин Абдуллоев кор мекард. Дар намоишномаҳо нақш меофаридам. Дар фазои театрӣ ба балоғат мерасидам... Соле 1993 мо мактабро тамом кардем, вазъият ноором буд. Ман он сол дохил шуда натавонистам. Баъдаш забон меомӯхтем. Ҳамзамон дар театр фаъолият мекардам ва дар тамоми спектаклҳое, ки барои наврасон офарида мешуд, иштирок менамудам. Масалан, гоҳе ба ман мегӯянд, ки чӣ гуна дар назди дурбини наворбардорӣ озод баромад мекунӣ? Ин озодиҳо аз ҳамон театр манша мегиранд, ки мо аз бачагӣ пешорӯи тамошобин баромад мекардем. Баъд аз он ки вазъият ором шуд, як сол дар Созмони ҷавонони шаҳр кор кардам, пасон ба телевизион гузаштам. Муддати як сол дар Телевизиони “Хатлон” ба ҳайси рассом кор кардам. Саҳнаи барномаҳоро ороиш медодам.

- Яъне то ин ҳангом аз дунёи рӯзноманигорӣ бехабар будед?

- Не, хабар доштам. Аслан ду касб барои ман ҳамеша шавқовар буд. Яке журналистӣ ва дигаре табибӣ. Вале актёрӣ на он қадар писандам буд. Ҳарчанд аз хурдӣ рӯйи саҳна будам, вале чун медонистам ин пеша чӣ қадар кори сангину заҳматталаб аст, хостам дигар роҳ -журналистикаро интихоб намоям. Бехабар аз он ки журналистика аз ҳамаи инҳо сангинтар аст (механдад)...

Бо кумаки устоди азизу гиромиқадрам Саидалӣ Бобохонов ба ҳайси рӯзноманигор ба кор қабул шудам. Телевизиони “Хатлон” барои ман ҳамчун як рӯзноманигоре, ки ба тозагӣ корро шуруъ кардам, мактаби бузурги таҷриба буд. Баъдан ман омӯзишҳои рӯзноманигориро дар тренингҳои байналмилалӣ гузаштам. “Интернюс” заминаи бузурге барои мо рӯзноманигорони ҷавон гузошт.

- Дар як мусоҳибаатон гуфтаед, ки омадани ман ба ТВ “Сафина”тасодуфӣ буд. Яъне мехостед кадом як фиттаеро биёреду пасон ба муҳоҷират равед. Чӣ шуд, ки фикратон тағйир ёфт?

- Аслан як баромади пурсарусадое доштам дар як маҷлиси муҳим ва ин баромад боиси қатъ шудани барномаҳоям дар ТВ "Хатлон" шуд. Канор рафтам. Як муддат гузашту ин ҳолат маро хеле хаста кард ва гуфтам, бояд роҳи дигаре ёбам. Хостам роҳи муҳоҷиратро пеш гирам.

Вале ҳамин асно “Сафина” кушода шуд.. “Сафина” кушода шуд ва эълоне нашр карданд, ки ба онҳо корманд лозим аст. Ман таваккалӣ омадам. Чанд фиттаи гузоришу барномаҳоямро гирифтаму ба ТВ “Сафина” омадам. Садҳо нафар одамоне, ки аз соҳа умуман хабар надоштанд, яъне одамони ҳавасакиву тамошобини одии телевизион ҳар рӯз меомаданду вақти масъулонро мегирифтанд ва ҳеҷ натиҷае ҳосил намешуд. Носир Саид, коргардони ин телевизион буд ва довталабонро имтиҳон мекард. Ман намунаи гузоришҳоямро додам ва гуфтам ҳамагӣ ду дақиқа бубинед. Ҳарчанд ӯ хеле хаста буд аз бебарор гузаштани имтиҳонҳо, вале бо вуҷуд гузоришимаро тамошо кард. Як маротиба дид, аз аввал монд, дуюм маротиба тамошо кард. Муддате сукут карду баъд ба ман нигариста гуфт: “рав, аризаатро навис...”

Ҳамин гуна корро дар ТВ “Сафина” шуруъ кардам, вале рӯзҳои аввал сахт бим доштам, ки ҳамон баромади пурсарусадоям фош мешаваду маро аз ин ҷо ҳам меронанд. Ҳатто дар гузоришҳои аввал худро дар кадр нишон намедодам ва овозамро дигар мекардам. Вале бо мурури замон ба эфир баромадам ва ҳеҷ мушкиле дигар сар назад.

Коргардоне, ки маро таслим кард

- Шумо барномаҳои баҳсбарангези зиёд доштед. Баъд аз таҳия мушкиле эҷод намекарданд бароятон?

- Мекарданд. Масалан, ман ёдам ҳаст, мо дар бораи тақсимоти ноадолатонаи квота як барнома таҳия кардем бо номи “Самт”. Шакли ин барнома гузориши тадқиқотӣ буд. Вақте дар ин бора ҳарф задем, роҳбари онвақтаи ноҳияи Ховалинг бо пархошу таҳдидҳо ба телевизион омад ва ба утоқи кории ман даромада, таҳдидомез гуфт, “ман туро дар пушти панҷара ҷо мекунам..!”. Хеле фарёд кашид, дӯғу пӯписа кард. Ман ором сукут кардам. Вақте хаста шуд аз ин фарёдкашӣ, ман гуфтам “ташаккури зиёд, ҳақ доред!..”

Аммо барои роҳбарҳои мо дар телевизион ин гуна рафтор чандон хуш намеомад. Намехостанд, ки моҷаро бархезад. Вале пешаи рӯзноманигорӣ ҳамин аст... 

- “Шакл” яке аз барномаҳои бисёр ҷолиб ва тадқиқотии шумо буд. Чаро ҳамин барнома аз эфир дур шуд?

-“Шакл” аз ҳама ҷойи дардноки барномаҳои ман аст дар фаъолияти кориам. Бисёр як захми амиқу куҳна аст, ки ҳамеша ман бо дареғу таассуф ба ин лоиҳа нигоҳ мекунам. Таассуфам аз он аст, ки мо як гурӯҳи калони коргарони ҳирфаиро бо бастани ин барнома аз даст додем.  Чунки сохтани филмҳои мустанади телевизионӣ осон нест. Гирд овардани маълумот, аснод, бойгониҳо, ҷустуҷӯҳо, рафтану дидан, шоҳидонро ёфта мусоҳиба кардан, баъд як занҷирае сохтан... ҳамаи ин бисёр ҳам мушкил аст. Вале бо он гурӯҳе, ки барномаи “Шакл”- ро таҳия мекардем, ҳама кори худро ба дараҷаи олӣ медонист. Мо ба танзимгоҳ бо варақаи танзим ва нақшаи танзим медаромадем. Абдулҳай Зокиров коргардони барнома буд. Ман бо вуҷуди ҷасоратам аз ӯ метарсидам. Чун ягона коргардоне буд, ки маро таслим кард. Маро аз як инсони озоди гапнодарои гарданшахи гапгардон тавонист дар як чорчӯба дарорад. Ҳарфаш баробари фаъолияташ буд! Чун болои сарамон ин гуна коргардон буд, корамон хеле касбӣ анҷом меёфт!

Далели барҳам хӯрданаш бошад, медонам, ки мепурсед, ин ҳамон сонсур буд. Саҳнаҳо кутоҳ мешуданд, гоҳе ҷолибтарин тикаҳои барнома бардошта мешуд. Бисёре аз онҳоро дар хазина мегузоштанд, бо баҳонаи он ки баъд нишон медиҳанд, вале нашр намекарданд. Вақте чунин мешуд, барнома як навъ ҷаззобияту ҳақиқатороии худро аз даст медод. Барои ҳамин ман розӣ намешудам, бисёр баҳс мекардам бо роҳбарон, ки албатта на ҳама вақт барояшон хуш меомад.

Радиои “Имрӯз” мушкил надошт...

- Баъд аз ин шумо ба радиои “Имрӯз” рафтед . Ба расонае, ки фазояш аз телевизион куллан фарқ мекард. Онҷо то кадом андоза озодӣ фароҳам буд?

- Радиои “Имрӯз” ба маротиб озодтар буд. Чун он ҷо рафтам, як барномаи пурсарусадое таҳия кардем, ки тамоми қишрҳои ҷомеа онро мешунид. Барнома “Баҳси рӯз” ном дошт. Аудиторияаш ҳам хело зиёд буд ва мавзуҳои баҳснокро ба риштаи таҳлил мекашидем. Радио ба як минбари мардумӣ табдил шуд. Одамон меомаданд, дар микрофони радиои “Имрӯз” ҳарфи дилашонро мегуфтанд, мадад меҷустанд. Якчанд нафаре, ки баъдан бо моддаи 247 ба ҷавобгарӣ кашида шуданд, омили моҷароҳои додгоҳии ман буданд. Яъне, як ширкати мардумфиреб ба фаъолият шуруъ кард бо номи Qnet, ки мардум аз кораш ба мо шикоят менамуд. Аслан кори онҳо маркетинги шабакавӣ буд, ки пуштибони хуб доштанд. Хуллас, шикоятҳо зиёд мешуданд, вале рӯзе як духтар ба ман занг зад, худашро рӯзноманигор хонд. Номаш Фарзона буд. Гуфт аз Радиои Тоҷикистон мешавам ва дар ин ширкат ҳамзамон фаъолият мекунам. Ман ӯро ба барнома даъват кардам ва дар ин барнома чанд даъвогари дигарро ҳам таклиф намудам. Вале аснои суҳбат маълум шуд, ки духтар на корманди Радиои Тоҷикистон будаасту на корманди Радиои “Садои Душанбе”. Аммо ӯ моро фиреб дод. Аснои бозпурсиҳои ман шикоят мекард, ки “шумо ба ман фишор овардед ва ман аз рӯйи эҳсосот чӣ гуфтанамро надонистам. Шумо ҳақ надоред ба як зан чунин муносибат кунед.” Хуллас, ӯ бо қаҳр аз студия баромад.

Баъди ду рӯзаш як нафар аз масъулини соҳа омад ва гуфт, сабти барномаро бидиҳед, то шахсан худамон мавзуро таҳқиқ кунем. Вақте онҳо сабтро бурданд, аз барномаи сесоата фақат ҷойи гиряву фиғони духтарро гирифтанду ба суд равон карданд ва аз рӯйи радиову муҷрии барнома шикоят навиштанд.  Чандин моҳ тӯл кашид рафтану омадани ман ба суд, прокуратураи шаҳр, прокуратураи генералӣ. Хеле хастаам мекард..

Ҳамин айём ҳамчунин як куштори дигар дар канори шаҳр, рустои Чағатай шуд, ки мо ба дунболи он зиёд рафтем. Мавзуъ ин буд, ки писари як занро ба ҳалокат мерасонанд ва ин зан таҳти таъсири ин ҳодиса як кунҷи ҳезумхонаи манзили қотили писарашро оташ мезанад. Он соҳибхонаҳо ба Прокуратураи генералӣ ариза менависанд, ки “дар натиҷаи барномаҳои Орзу Исоев зан ба хашм омада, хонаи моро оташ зад. Чун Орзу Исоев дар тафтишоти парванда халал расонида, сабагори ин оташсӯзӣ шуд, бояд ҷавоб бидиҳад. Орзу Исоев барои ҷуброни хонаи сӯхтаи мо 150 ҳазор доллар бояд ҷаримапулӣ пардохт намояд”.

Чун ман ин шикоятро хондам, хостам вазъиятро худам санҷам. Суратгираке гирифтаму аз баландӣ рафта ҳамон хонаро акс гирифтам. Дидам, қариб ки осебе нарасидааст. Як паҳлуи ҳезумхонааш каме сиёҳ шудаасту тамом. Баъд омада ҳамаашро ба мақомот фаҳмонидам. Маълум шуд, ки зери масъала чизи дигаре ниҳон будааст. Яъне онҳо ба ин восита аз Орзу Исоев ҳақ рӯёндан мехостаанд. Чун ман ҳам сахтгирӣ кардам, маҷбур шуданд шикояташонро пас гиранд..

Новобаста ба он ки мушкилиҳо ба хубӣ ҳал мешуданд, вале асаре дар рӯҳу равони ман боқӣ мемонд.

Ва рӯ овардам ба девонагӣ...

Рақс кардам, чархидам, тарона хондам. Лозим буд девона бошам, то аз таъқибам даст кашанд. Дигар бо ман кор нагиранд. Ин девонагӣ барои зинда мондан буд.

Ман тақрибан се сол бекор мондам. Гоҳе ба консерту маъракаҳо даъват мешудам, вале ҳеҷ ҷо кор намекардам. Зиндагиам ин ҳангом хело тағйир кард, вале шукр, ки дар ҳамин замони мушкилӣ мухлисонам маро аз ёд набурданд. Он қадар шарофату саховате доштанд, то он андоза содиқ буданд, ки пушти дари хонаи ман маҳсулот мемонданд, чизе меоварданд, то ман танқисӣ надошта бошам... Се соли пур аз тазод буд он ҳангом.

Пай бурдам, ки дар телевизион барои ман ҷой нест...

- Барномаи “Ногуфтаҳо” аз ҷумлаи лоиҳаҳое буд, ки баъди дубора омаданатон ба ТВ “Сафина” ташкил шуд. Чаро ин лоиҳа баъдан аз эфири телевизион дур ва ба ютуб роҳ ёфт?

- Дар ҷанг кулли аслиҳа коромад аст. Ва агар мо набардҳои зиндагиро ба як пархош ташбеҳ бидиҳем, девонагӣ ҳам як навъи аслиҳаест, ки дар ин пархош ба кор меояд. Гоҳе барои зиндагӣ кардан, гоҳе барои девона нашудан бояд девона бошем. Шояд хелеҳо бад сарфаҳм бираванд, вале ман баъди убури торикиҳо ба ҳамин хулоса омадам, ки гоҳе бояд аз худ бехуд бошӣ, гоҳе бояд девонагӣ бикунӣ. Ман ҳеҷ вақт намефаҳмидам ҳоли инсонҳои муътодро. Мегуфтам чаро ӯ муътод аст? Ё майзада аст? Аммо ҳоло мефаҳмам, ки инсонҳоро ҳодисаҳои хеле зиёд ба ин ё он роҳ мебарад ва хуш ба ҳоли он нафаре, ки худ ба худ девона мешавад. Аз як нашъаи боғ, аз садои як мусиқӣ ё чизи дигар девона мешавад. Ин беҳтарин навъи девонагист... Ва ин девонагӣ гоҳе пуштибони ту аз чанголи ин ё он бало аст.

- Ҳамакнун 50-сола мешавед. Ба қафо нигаред, аз роҳи пуртазоду пурхатари тайнамуда розӣ мешавед? Ё шояд чизеро иваз мекардед?

- Шояд дар маҷмуъ чизеро иваз намекардам. Аммо... шояд одамонеро иваз мекардам, ки дар ҷошон дигар кас мебуд ё аслан намебуд. Шояд даст намедодам ба иддае ё наменишастам бо ҷамъе. Шояд роз намегуфтам ба нафаре. Ин чизҳоро таҳрир мекардам дар зиндагӣ. Вале пайроҳае, ки омадам, иваз намекардам. Яъне, ҳамин пайроҳа, ҳамин зиндагӣ, ҳамин пеша ва ҳамин ному ҳамин мақом.

- Чӣ нақшае доред барои ояндаи меомад?

- Фақат мехоҳам зиндагӣ бикунам, аслан нақшае надорам. Рӯзи ман бидуни нақша шуруъ мешавад. Ҳеҷ вақт нақша намекашам. Зеро мо вақте нақша мекашем, дар баробари нақшаҳоямон боз нақшаҳои нонавиштаи зиндагӣ пайдо мешаванд. Ҳеҷ вақт дер нест. Дар 50 солагиам ҳам зиндагӣ ширин аст, фараҳ дорад. Дар муддати ҳамин 20 сол, бо вуҷуде, ки мушкилиҳои зиёд ба сарам омаданд, ман медонам, ки баҳра бурдан аз зиндагӣ чист. Ба хотири чӣ зиндагӣ бикунам. Барои одамони дунё чӣ бигӯям. Паёми ман ба мухлисони ман чӣ бошад. Барои ин ҳамеша пуштибонӣ мекунам аз рӯшанӣ, ҳарорат, гармӣ, робитаи солими инсонҳо ва ҷумлаи хубиҳо... Агар зиндагиро ду тақсим кунем ва ҳодисаҳояшро шабу рӯз бигӯем, ман ҳамеша тарафдори рӯшаниву нурам.

- Як саволест, ки ҳар кас бояд аз худ бипурсад. Агар аз Шумо бипурсанд, ки “Орзу Исоев кист?”, чӣ ҷавоб медиҳед?

- Ҳар вақте ки рӯйи саҳна шеър мехондам, кушиш мекардам, ифоданок, баланд ё ҷаззоб бихонам, гоҳе хандадор ҳам буд рафторам. Вақте кӯчаро убур мекардам, мегуфтанд, “Орзуи девона омад”. Ҳоло аз лиҳози як инсони таҷрибадор назар мекунам, мебинам, ки гоҳе аз ҳад мегузаронидаам. Чун ҷое тарона мехондам, ҷое мерақсидам, ҷое девонагӣ мекардам, дар назари хелеҳо мисли девона менамудам ва ин калима барои ман он қадар писанд набуд. Ҳолиё барои ман хело писанд аст. Яъне Шумо гуфтед, ки бо як ҷумла бигӯ, кӣ ҳастӣ, ман ҳаминро мегӯям: “Як девона”... Шояд ин унвони беҳтарини ман дар зиндагӣ бошад. Девона ба маънои алайҳи маҷро рафтан, мисли худ будан, ба оне, ки дар дарунат аст хиёнат накардан ва худро сохтан. Ҳамин девонагиам буд, ки хелеҳоро дар зиндагӣ ба ман наздик кард.

Суҳбаторо: Беҳрӯз САЙФУЛЛОЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД