Маслиҳатҳои муфид ба мардоне, ки бонувони хонаводаашонро дар рӯзи ид шод сохтан мехоҳанд
Зеботарин ҷашни баҳор, 8-уми март - иди модарону бонувон фаро расид! 8-уми март идест, ки ҳар як зан онро бесаброна интизорӣ мекашад. Бонувон мехоҳанд ақаллан як рӯз - дар 8-уми март худро маликаи хонадон эҳсос карда, аз забони мардон суханони ширини пур аз меҳру муҳаббат шунаванд ва худро дӯстдоштанию азиз эҳсос намоянд. Аз ҳамин хотир, хуб мешуд, ки дар рӯзи 8-уми март мардҳои азиз хонумҳоро аз корҳои ошхона озод карда, худашон аз паси оростани хони идона шаванд.
Азбаски имсол ҷашни модарону бонувон дар моҳи Рамазон рост омад, шумо метавонед дастурхони ифтори худро бо таомҳои болаззату шириниҳои лазиз ва нӯшокию меваҳои тару тоза пурнозу пур аз неъмат гардонед.
Дастурхони идонаро мардон барои бонувон чӣ гуна бояд ороянд?
1. Дастурхони якранги сафед партоед, беҳтару зеботар аст.
2. Зарфҳои зебои ранги сафед дошта хонро зеботар нишон медиҳанд.
3. Дастпокҳои хушранги нақшин, ки бо дастурхон мувофиқ бошанд.
4. Шамъҳои гуногуншакл.
5. Гул ва гулбаргҳо.
6. Откриткаҳо барои тарбикот.
7. Найчаҳои шаффоф барои нӯшидани оби мева – сок.
8. Маҳсулот барои пухтупаз ва тайёр кардани хӯришу шириниҳо.
9. Хӯроки дӯстдоштаи ҳамсаратонро пазед.
10. Гузоштани туҳфаро фаромӯш накунед.
Дар рӯи миз ҳатман бояд бошад!
Азбаски моҳи Рамазон аст, метавонед хӯроку шириниҳоро камтар гузоред, вале ин чизҳо дар рӯйи дастурхони идонаи шумо бояд ҳатман бошанд:
1. Торт
2. Мевагӣ
3. Мурғ ё моҳӣ
4. Хӯришҳои гуногуни гӯштӣ ва сабзавотӣ
5. Об ва нӯшокиҳо
6. Самбӯса ва шириниҳо
- Хӯроки асосӣ (ду хӯрок бошад, беҳтар аст)
8. Шоколад.