sebiston july new
“Ороми ҷон”-и Дилшоди Файзулло кист?
392


Сарояндаи ҷавону боистеъдоди тоҷик Дилшоди Файзулло ду рӯз қабл таронаи навашро бо номи “ Ороми ҷонам” дар Ютуб-канали Рanjshermedia пешкаши мухлисони таронаҳои эстрадӣ гардонд. Клипро дар давоми ду рӯз зиёда аз 37 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Матни суруд аз Қаҳрамони Оламҷон буда, оҳанги онро Искандар Тагиров танзим намудааст.
Клип дар табиати зебои Боғи Ирам сабт шудааст. Дилшод ҳамчун рамзи тирамоҳи ишқ ҳамроҳи аҳли гурӯҳаш дар рӯйи баргҳои хазон мисли булбул аз дарди ошиқӣ нолида, суруд мехонад, ки ин манзара бисёр таъсирбахш мебошад. Аммо маълум нест, ки “Ороми ҷон”-и Дилшоди Файзулло кист ва ин ҷавони ҳунарманд аз ғами ишқи кадом нозанин ин қадар бо дард менолад.
Дилшоди Файзулло зимни сӯҳбат бо сомонаи Оила. ТЧ қайд намуд, ки айни ҳол боз болои чанд суруду клипҳои нав кор карда истодаанд ва рӯзҳои наздик ин таронаҳоро низ пешкаши мухлисон мегардонад.

Ёдовар мешавем, ки Дилшоди Файзулло 16- феврали соли 1989 дар ноҳияи Мирсаид Алӣ Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Ин ҳунарманди ҷавон оиладор ва соҳиби 4 фарзанд мебошад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД