Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз фаъолияти як паёмрасони нави миллӣ бо номи “ОРИЗ” хабар додааст, ки имкон дорад дар оянда ҷойи “Вотсап” ва “Телеграм”-ро бигирад.
Дар як паёме, ки аксар шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзҳои 10 ва 11-уми ноябр дар телефони ҳамроҳи худ дарёфт кардаанд, омадааст, ки бо истифода аз он ҳар як корбар метавонад бо наздикон, ҳамкорон ва дӯстони худ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар бе маҳдудият дар тамос шавад.
Хадамоти алоқа дар шарҳи фаъол шудани он навиштааст, ки чанд соли охир дастрасӣ ба платформаҳои хориҷӣ маҳдуд гардидааст ва дар Русия дар ҳоле, ки “Телеграм” ва “Вотсап” маҳдуд шудаанд, ҳазорҳо муҳоҷир барои иртибот бо аҳли оилаи худ дар Тоҷикистон ба мушкил рӯ ба рӯ гардидаанд.
Ба иттилои манбаъ, ORIZ дар шароити суръати пасти интернет ҳам метавонад кор кунад. Ин бартарӣ пеш аз ҳама барои минтақаҳои дурдасти кишвар ва муҳоҷирони тоҷик хеле муҳим аст, зеро аксари барномаҳои хориҷӣ танҳо дар шароити интернети баландсуръат хуб кор мекунанд.