arzon replenishment
Оғози ташаббуси “Огоҳсозиҳои бармаҳал барои ҳама” дар Тоҷикистон
1302

Имрӯз, 29-уми август, ташаббуси "Огоҳсозиҳои бармаҳал барои ҳама", ки аз ҷониби Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шуда буд, дар Тоҷикистон оғоз гардид.

Дар ин замина, машваратии дурӯзаи миллӣ бо иштироки ҷонибҳои манфиатдор, аз қабили ташкилотҳои давлатӣ ва байналхалқӣ, СММ, воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ҷамъиятӣ доир гардида истодааст.

Бояд гуфт, ки намояндагони вазоратҳои дахлдор, идораҳои давлатӣ ва шарикони рушд пешрафтҳои ҷориро дар самти татбиқи системаҳои огоҳсозии бармаҳал дар Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд.

"Дар саросари ҷаҳон сеяки шаҳрвандон то ҳол бо системаҳои огоҳии бармаҳал фаро гирифта нашудаанд. Дар Тоҷикистон мунтазам хатарҳои табиӣ, ба монанди тармафароӣ, заминҷунбӣ, обхезӣ, омадани селобҳои лойолуд ва лағжиши кӯҳ рӯй медиҳанд, ки таъсири онҳо ба тағйирёбии иқлим афзоиш меёбад", - зикр шуд дар машварат.

Мавриди зикр аст, ки нақшаи амали ташаббуси “Огоҳсозиҳои бармаҳал барои ҳама” дар конфронси СММ вобаста ба тағйирёбии иқлим моҳи ноябри соли 2022 дар Миср ҷиҳати сармоягузории оянда дар самти дониш, мушоҳидаҳо ва пешгӯӣ, омодагӣ, вокуниш ва алоқа вобаста ба хатари офатҳо барои огоҳсозиҳои бармаҳал, ҳамроҳ бо афзалиятҳои махсуси марбут ба ҷомеаҳои осебпазир, роҳандозӣ шуд.

Ташаббуси “Огоҳсозиҳои бармаҳал барои ҳама” ба кӯшиши ҷаҳонӣ барои кафолат додани системаҳои огоҳсозии бармаҳал даъват мекунад, ки муҳофизати ҳар як инсонро дар рӯйи замин то соли 2027 фаро мегирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД