Sebiston new 2024 october
Оғози омодагӣ ба таҷлили Рӯзи забони давлатӣ
17.09.2024
ОИЛА.ТҶ
347

Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ба таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расидааст.

Тибқи нақшаи чорабинӣ, дар пойтахт баргузор намудани як силсила барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, маҳфилҳои адабӣ ва конференсияҳои илмӣ - амалӣ, маҷлиси тантанавӣ ва барномаи фарҳангию фароғатӣ дар назар аст.

Инчунин бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи забони давлатӣ ва арҷ гузоштан ба он дар тамоми кӯчаву хиёбонҳои шаҳр навиштаҷоте, ки бузургиву шаҳомати забони тоҷикиро баён менамоянд, насб карда мешаванд.

Ҳамзамон тамоми муассисаву ташкилоти зерсохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор шудаанд, ки бахшида ба ин рӯз бо иштироки олимону адибон маҳфилҳои адабӣ баргузор намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД