Arzon march 2024
ОН ШАБ ТО СУБҲ ГИРИСТАМ
10.01.2021
Р. Азимӣ
7163


Салом ай азизи ба дил наздику зи чашм дурам Далерҷон! Намедонам чӣ хатое кардам, ки маро ин қадар чашми дидан надорӣ. Наход ба мани аз азоби ишқ хаставу ранҷур чунин ҷазоро раво бинӣ. Он Далере, ки ман мешинохтам чунин хислат надошт. Имрӯз туро намешиносам ин қадар дигар шудай. Худатро аз ман канор мегирӣ хато мекунӣ.

Далер танҳо номи туро ба забон меорам инро дон! Чунки Далери дигарам нест! Диламро то ҳанӯз ба касе набахшида, онро ҳадя карда будам. Имрӯз меҳрат, ки дар он фузун гардидааст, ту онро бозпас гардондӣ. Соҳибдил ва сазовори дили ман ту ҳасти! Дониста бош, ки бо ин ҳама ранҷу азоби додаат танҳо туро дӯст медорам ва то дами марг интизорат мешавам.

Дар сармои зимистон фосилаи роҳро нигоҳ накарда бо лаби пурхандаву дили пурорзу ба мулоқоти ту, ба дидани ту мерафтам, мешитофтаму ту бошӣ бо суханхои заҳрдорат ба дили ман ханҷар зада мани гирёнро аз назди худ дур мекардӣ. Дар зодрӯзат тӯҳфаи гаронбаҳоеро гирифтаму барои табрики ту шитофтам. То бегоҳ интизори он будам, ки бо ту вохӯрда табрикат менамоям. Интизории ман бефоида буд.

Тӯҳфаи дар даст доштаамро ба ҷӯйбори лаби роҳи мошингард партофта бо дили садпора ба хона омадам. Он шаб то саҳар ашк рехтаму худро бадбахттарин шахс меҳисобидам. Лекин ба ҳама ранҷҳои додаат чашм мепӯшам ва умеди онро дорам, ки баъди хондани сатрҳои ман маро ба ёд меорӣ ва наздам бармегардӣ. Иншооллоҳ худованд бо лутфи худ мани дар ишқи ту обу адо гаштаро ба муродҳоям мерасонад.

Сангимоҳи чашмгирён

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД