Arzon march 2024
Омӯзгорони ҷавони Хатлон соҳиби замин шуданд
371

Ба 4 омӯзгори ҷавони ноҳияи Муъминобод аз тарафи раиси ноҳия Сертификати замини наздиҳавлигӣ тақдим гардид.

Лутфия Шарифзода, раиси ноҳияи Муъминобод, сертификати заминҳоро ба омӯзгорони ҷавон тақдим карда, ба онҳо барори кору масъулияти бештар дар самти таълиму тарбияи фарзанд хост.

Мавриди тазаккур аст, ки дар машварати августии кормандони соҳаи маориф ва омӯзгорон аз тарафи Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба 18 омӯзгор аз шаҳру ноҳияҳо Сертификати замини наздиҳавлигӣ тақдим гардид.

Тавре ки қаблан иттилоъ додем, аз ҷониби раиси ноҳияи Ҷайҳун низ ба 8 омӯзгори ҷавон, ки имрӯз ба тарбияи насли наврас машғуланд, замини наздиҳавлигӣ ҷудо шуд. Ҳамчунин, 44 муаллими собиқадори ноҳия, ки умри худро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидаанд, бо «Ифтихорнома» ва туҳфаҳои хотиравӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

Аз тарафи раисони ноҳияҳои Дӯстӣ, Данғара ва Кӯшониён низ ба омӯзгорон дар арафаи ҷашнҳо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи замини наздиҳавлигӣ тақдим карда шудааст.

Хотиррасон менамоем, ки баҳри дастгирию ҳавасмандгардонии омӯзгорон давоми соли таҳсили 2022-2023 ба беш аз 100 нафар омӯзгорони ҷавони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо гардид, ки бештари онҳо аз ноҳияҳои Дӯстӣ, Кӯшониён ва Данғара мебошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД