Arzon march 2024
Ҳомии занон
1196

 

Фарангис Махкамова, лейтенанти милитсия, нозир оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оилаи шӯъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд аст.

Новобаста аз синну сол беш аз 1 сол мешавад, ки дар ин вазифа кору фаъолият дорад. Ба заноне, ки дучори хушунат ва зӯроварӣ дар оила шудаанд, кӯмак ва ҳам ёрии ҳуқуқи расонида, барои ба муросо андохтани ин гуна оилаҳо корбарӣ мекунад. Фарангис Махкамова мегуяд, ки муроҷиати занони дучори хушунат ба шӯъба зиёд шудааст.

Аксарияти мурочиаткунандагон аз чониби шавхаронашон лату кӯб шуда, шаъну шараф ва эътиборашон дар оила паст карда шудааст. Айни замон дар шаҳри Хуҷанд 93 оилаи ноустувор ба қайд гирифта шудааст, ки қаҳрамони мо бо аъзоёни ин оилахо робитаи зич дошта мунтазам корбари мекунад.

Қаҳрамони мо дарди занҳои хушунатдидаро, ки маҷбур шуданд, ба ШВКД муроҷиат кунанд, хуб дарк мекунад. Баъди арзу шикоят, агар онҳо мавриди лату кӯб қарор гирифта бошанд, ба ташхис равона мешаванд ва ҷароҳати бардоштаи зан дақиқ карда мешавад.

 

Дар ҳолати ҷой дошатни ҷароҳат бо пратаколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ моддаи 93 иловаи 1 ё 93 иловаи 2 ба суд ирсол карда шуда, нисбати шахси айбдоршаванда парванда боз карда мешавад. Агар зани дучори зуровари шуда, ҷойи рафтан надошта бошад, онҳоро муваққатан дар паноҳгоҳи маркази занон Гулрухсор ҷойгир мекунанд.

Бино ба иттилои нозир оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оилаи шӯъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд Фарангис Махкамова, мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки ба зӯроварӣ ва хушунат дар оила бештар занон дучор мешаванд, ки ин холат хеле ташвишовар аст.    

Дар ҶТ 19-марти соли 2013 қонун дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила қабул шудааст. Бино ба маълумоти хуқуқшинос Ихтиёр Шодиев таҳлилҳо нишон медиҳад, ки солҳои охир теъдоди муроҷиати занони дучори хушунат ба ҳуқуқшиносон коҳиш ёфтааст.

Сабаб ин огоҳ шудани занон аз ҳуқуқҳояшон аст. Зеро имрӯз ҷомеа аз ҳуқуқу озодиҳои худ бохабару бархурдор шудаанд ва то ҷое дар марвиди содир шудани зӯроварӣ ва дигар кирдорҳои номатлуб худро муҳофиазт карда метавонанд. Аммо новобаста аз ин мушкилот боки мемонад.

Аксарияти занҳо ҳарчанд нисбаташон зӯроварӣ шавад ҳам, пинҳон мекунанд ва ба мақомотҳои дахлдор муроҷиат намекунанд. Ин амали онҳо ба хотири нигохдории оилаашон аст. Лекин ҳуқуқшиносон мегуянд, ки ягон шахс ҳуқуқи расонидани зарари ҷисмони ва лату кӯб нисбати зан ва ё дигар аъзои оиларо надорад. Вагарна ин рафтор ҳатман паи худ чавобгариро дорад.  

Чаро бештар нисабти зан зӯровари мешавад? Оё бо ин восита муноқиша ва мушкилоти оила ҳалли худро меёбад?

Субъектони пешгирии зуровари дар оила пайваста барои бартараф кардани ин масъалаи доғи рӯз корҳои ташвиқотиву тарғиботиро пурзӯр карда бошанд ҳам ин муаммо ҳалношуда боқӣ мемонад. Қаҳрамони гузориши мо Фарангис Махкамова низ аз ин ҳолат нигарони дорад.

У муносибати ҳар рузаи баъзе инсонҳоро дар оила ва оиладорӣ ба майдони амалиёти ҳарбӣ ташбеҳ мекунад. Мутаассифона ин гуна одамон чунин муносибатро дар оила ҳамчун меъёри муқаррарӣ қарор додаанд.

Масъалаи хушунат дар оила фарди буда, стереотипҳо ё худ қолабҳои шахшуда низ дар баъзе ҳолат аз пешгирӣ намудани ҳодисаҳои характери зуроваридошта монеагӣ мекунад. Лекин новобаста аз ин Фарангис ба мусолиҳа овардани муносибатро дар чунин оилаҳо барояш қарзу вазифаи ҷонӣ медонад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД