Arzon march 2024
Ҷоми ФФТ-2025: “Ҳулбук”-и Восеъ “Барқчӣ”-ро мағлуб кард
311

Дар доираи бозиҳои даври 3-юми марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2025 дар минтақаи Душанбе дастаҳои “Барқчӣ” ва “Ҳулбук” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар майдончаҳои захиравии Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуда, бо ҳисоби 0 бар 1 ба суди тими ноҳияи Восеъ анҷом ёфт.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, аз ҳайати дастаи ноҳияи Восеъ дар дақиқаи 24-ум Юнус Исматуллоев муаллифи гол гардид. Ин ягона голи вохӯрӣ ва ғалабаовар барои тими “Ҳулбук” буд.

Ин аввалин бохти “Барқчӣ” дар марҳиали интихобии Ҷоми ФФТ-2025 дар минтақаи Душанбе буд. Дар даври аввал “Барқчӣ” бо “Ҳосилот” мусовӣ 1:1 бозӣ карда буд. “Ҳулбук” дар даври аввал бар “Сардор” бо ҳисоби 2 бар 0 зафар ёфта буд. Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “Б” дастаи “Ҳулбук” бо 6 имтиёз пешгом мебошад.

Дар даври чаҳорум «Барқчӣ» рӯзи 30-юми январ бо дастаи «Сардор» вомехӯрад. Оғози рақобат соати 10:30 дар назар аст. “Ҳулбук” дар даври чаҳорум бо “Истиқлол” бозӣ мекунад. Вохӯрии дастаҳо соати 13:30 оғоз мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи пешазмавсимии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки зери сарпарастии бевоситаи Президенти Федератсияи футболи кишвар баргузор мегардад, имсол фонди ҷоизавӣ дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ муайян гардидааст.

Дастаи ғолиб 50 ҳазор, зинаи дуюм 30 ҳазор ва зинаи сеюм 20 ҳазор сомонӣ ба даст меоранд. Қобили зикр аст, ки ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа чор даста аз минтақаи Душанбе ва дутоӣ даста аз минтақаҳои Суғду Хатлон роҳ меёбанд.

Соли гузашта дастаи “Равшан” дар финали Ҷоми ФФТ бар “Ҳосилот” бо ягона голи Бахтиёр Зарипов зафар ёфта, бори аввал дар таърих ғолиб шуда буд. “Ҳосилот” соҳиби нишонҳои нуқра ва КМВА барандаи нишонҳои биринҷии мусобиқа гардиданд. Бахтиёр Зарипов аз ҳайати “Равшан” беҳтарин бозигари вохӯрӣ дониста шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД