Сабаби заминларзаҳои шадиди пай дар пай дар сарзамини Туркия метавонад санҷиши яроқи ядроӣ дар атмосфера ва дар зери замин бошад,-хабар додааст ба МК. РУ корманди илмии Институти санҷишҳои кайҳонии РАН, доктори илмҳои физика ва математика Сергей Пулинец.
Ба гуфти ин олим, ҷараёнҳои муайяне ҳастанд, ки боиси сар задани заминларзаҳои шадид мегарданд. Ин метавонад ҳамчунин ба навшавии моҳ ва ё пуррашавии маҳтоб алоқамандӣ дошта бошад. Барои исботи гуфтаҳояш Сергей Пулинец дар ҳоли навшавии моҳ (новолуние) дар Туркия сар задани зилзилаҳои шадид ва пай дар пайро мисол оварда, таъкид кардааст, ки ин офати табиӣ метавонад дар радиуси то 2000 километр такрор шавад.
Ба гуфти ин олим эҳтимоли дар як қатор кишварҳои наздик ба маркази зилзила такрор ёфтани чунин офатҳои табиӣ вуҷуд дорад, зеро ба қавли Пулинец қишри замин вайрон шуда, боиси заминларзаҳои сахт мегардад.
Ёдрас мешавем, ки заминларзаи шадид дар Туркия бо мангитудаи 7,7 субҳи 6-феврал сар зада, бар асари ин офати табиӣ 12 ҳазору 391 нафар ҷони худро аз даст доданд ва садҳо нафари дигар дар зери вайронаҳо мондаанд.
Барои наҷот додани зарардидагони зилзила имрӯзҳо гурӯҳҳои калони наҷотдиҳандагон аз гӯшаву канори мухталифи олам ба Туркия фиристода мешаванд. Субҳи имрӯз як гурӯҳи 50 нафараи наҷотдидандагони тоҷик низ ба Туркия расиданд ва бо худ ҳамчунин кӯмаки шабардӯстона бурданд, ки аз озуқаворӣ, сару либоси гарм ва хаймаҳо барои зарардадагони офати табиӣ иборат буд.