arzon replenishment
Ғолибони озмунҳои сайёҳии шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд
640

Шоми 27-уми август бо ташаббуси шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои рӯзноманигорон ва дигар намояндагони васоити ахбори омма пресс-тур ё сайри шомгоҳӣ дар ҳудуди шаҳр сурат гирифт.

Гурӯҳи рӯзноманигорон, блогерон ва дигар фаъолони олами маҷозӣ аз назди муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ тариқи автобусҳои дуқабата ба сайри пойтахт баромада, бо инфрасохтори сайёҳии шаҳри Душанбе ва симои муосири пойтахт бори дигар аз наздик шинос шуда, дар маросими ҷоизасупории озмунҳои «Беҳтарин ролики сайёҳии шаҳри Душанбе» ва «Беҳтарин акси сайёҳии шаҳри Душанбе» иштирок карданд.

Баъди сайри корвони фаъолон онҳо дар Майдони Истиқлол фаъолияти осорхонаи ин иншоотро тамошо карда, аз қисмати болоии манора шаҳрро мушоҳида карданд. Сипас, дар саҳни майдон маросими ҷамъбасти озмунҳо сурат гирифт, ки дар расми он Дилбар Одилзода, муовини раиси шаҳри Душанбе ва Рустам Холматиён, муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироку суханронӣ карданд.

Дилбар Одилзода иброз дошт, ки шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази асосии сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву маърифатии мамлакат буда, рушду инкишофи ҷумҳурӣ аз набзи рӯзафзуни он иборат мебошад.

“Ба истиқболи ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ - 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Душанбе симояшро ба куллӣ тағйир дода, бо ташаббусу ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ва азму талошҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе байни пойтахт ва шаҳрҳои азими минтақа бо мақому манзалати миллӣ ҷойгоҳи шоиста касб намуда, ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди сиёсиву иқтисодӣ, варзишиву оммавӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва илмиву маърифатӣ табдил ёфтааст”,- гуфт Одилзода.

Ба таъкиди Рустам Холматиён, бунёди босуръати иншооти маъмуриву маишӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, боғҳои истироҳативу фароғатӣ, муассисаҳои маорифу фарҳанг ва тандурустӣ, қасру майдонҳои варзишӣ, роҳу пулҳои дохилишаҳрӣ, хизматрасонии мусоиди нақлиётӣ, гулгашту хиёбонҳои сабзу барҳаво, фазои амну осоишта ва муносибати неки шаҳрвандон чанд соли охир боиси ҷалби бештари сайёҳон ба пойтахти кишвар шудааст.

Дар идомаи чорабинӣ ғолибони озмунҳои «Беҳтарин ролики сайёҳии шаҳри Душанбе» ва «Беҳтарин акси сайёҳии шаҳри Душанбе» муайяну қадрдонӣ шуданд. Дар озмуни аввал, ки дар ду номинатсия: «шахсони ҳуқуқӣ» ва «шахсони воқеӣ» баргузор гардид, ҳамчун «шахсони воқеӣ» Дилбар Наҷмиддинзода ҷойи якум, Саидаҳмад Саидов ҷойи дуюм ва Фирдавс Бобоназаров ҷойи сеюмро соҳиб шуда, дар номинатсияи «шахсони ҳуқуқӣ» ҷойи якум ба «Телевизиони Душанбе», ҷойи дуюм ба ҶДММ «Шоҳтур» ва ҷойи сеюм ба ҶДММ «Сомон трэвел» сазовор дониста шуд.

Дар озмуни «Беҳтарин акси сайёҳии шаҳри Душанбе» Дидор Саъдуллоев сазовори ҷойи якум, Шоҳрух Носирзода соҳиби ҷойи дуюм ва Фаррух Файзуллозода сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Ғолибони озмунҳо барои ишғоли ҷойи аввал соҳиби 5 000 сомонӣ, ҷойи дуюм - 3 000 сомонӣ ва ҷойи сеюм - 2000 сомонӣ шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД