arzon replenishment
Ғолибони озмуни “Оилаҳои беҳтарин” соҳиби туҳфаҳои қиматнок гаштанд
247

 

Имрӯз 15-май Рӯзи байналмилалии оила ҷашн гирифта мешавад.

Оила дар ҳаёти ҳар як инсон нақши муҳим дорад, зеро шахс маҳз дар муҳити оила тарбия ёфта, эҳтироми падару модар, муносибат бо атрофиён, пос доштани арзишҳои миллию оилавӣ ва фазилатҳои неки инсониро омӯхта, барои зиндагӣ дар ҷомеъа омода мешавад...

Бахшида ба Рӯзи Оила бо ташаббуси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Оила – сароғози саодат» ҳамоиши идона баргузор гашт.

Дар ҳамоиши идона муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, муовини сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қайд карда шуд, ки дар даврони истиқлолият бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои аҳли ҷомеъа, кафолати баробарии воқеии мардону занон ва пешгирии зӯроварӣ дар оила чандин санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатӣ ва баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва ғайра қабул гардиданд, ки ба ташкил додани оилаи солим мусоидат менамоянд. Оилаи солим поягузори ҷомеаи солим аст.

Дар рафти ҳамоиши идона ғолибони озмуни «Оилаҳои беҳтарин», ки бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуд, бо Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳунармандони Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоиши театрии «Ашки хунини модар»-ро дар фарҷоми ҳамоиш манзури иштирокчиён гардониданд.

 

София ШОИК,
Зоирҷони ТОИРЗОД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД