Шуъбаи маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе байни омӯзгорон мусобиқаи футболи хурдро ҷиҳати дарёфти “Ҷоми шуъбаи маориф” баргузор кард.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар натиҷаи беш аз як моҳи рақобатҳо дар финали мусобиқа дастаҳои МТМУ №97 ва МТМУ №27 бо ҳам бозӣ карданд. Пирӯзӣ насиби дастаи МТМУ №97 шуд. Медалҳои биринҷӣ насиби дастаи Гимназияи 1 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе гардид.
Тавре зикр шудааст, мақсад аз баргузор намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз ҷумла футболи хурд байни кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа ба машғулияти мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва мустаҳкам намудани алоқаи дӯстии байниҳамдигарӣ мебошад.