Sebiston new 2024 october
ҒОЛИБҶОН ЮСУПОВ: МАРГИ МОДАР ҚОМАТАМРО ШИКАСТ!
4063

 

Даричаи ошноӣ:

Ному насаб: Ғолибҷон Юсупов.

Сол ва ҷои таваллуд: 21.12.1981, шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Касб: овозхон.

Вазъи оилавӣ: оиладор ва соҳиби чор фарзанд.

Санаи 3-юми июли соли гузашта Ғолибҷон Юсупов дар саҳифаи Инстаграми худ хабар дод, ки модари бузургвораш даргузаштааст. Он рӯз “Сафари охиратат ба хайр бод, модарҷонам” навишта буд. Бо гузашти ҳафт моҳ ба суроғи Ғолибҷон афтодем, то бидонем дар набудани модар чӣ ҳолу ҳаво дорад. Фишурдаи суҳбати Орзу Исоевро бо овозхон дар зер мутолиа кунед.

-Салом, Ғолибҷон. Чӣ ҳолу ҳаво доред? Хонавода, азизон ҳама хубанд?

-Салом. Шукри Худо, ҳама хубанд.

-Чанде қабл модаратонро аз даст додед ва мехоҳам суҳбатро аз он кас шурӯъ кунем. Ягон беморӣ доштанд?

-Бале, даҳ соли охир ба касалии қанд гирифтор буданд. Новобаста аз оне ки дар вақташ табобат мегирифтанд, мутаассифона, беморӣ корашро кард.

-Чанд сола буданд?

-Шаст сола...

-Ба гумонам фарзанди калонии оила шумо ҳастед?

-Бале, мо дар оила чор писарем ва фарзанди калонӣ ман ҳастам.

-Шояд модаратон орзу мекарданд, ки духтар ҳам дошта бошанд?!

-Аслан, модарам як духтар таваллуд кардаанд, аммо ӯ барвақт вафот кардааст. Мо чор писар намегузоштем, ки модарамон духтар надоштанашонро ҳис кунанд. Хусусан, ман то аз кор баргаштани модарам ҳама корҳои хонаро мекардам.

-Модаратон чӣ кор мекарданд?

-Он кас дар соҳаи сохтмон муҳандис буданд. Вақте хурдсол будем, кор мекарданд, баъди калонтар шуданамон корро бас карданд.

-Падаратон чӣ?

-Падарам дар идораи обуҳавосанҷӣ кор мекарданд. Соли 2017, қабл аз модар падарамро аз даст додам. Ҳоло кори падарамро бародарам Домуллоҷон давом дода истодааст, зеро ин кор аз бобоямон мерос мондааст.

-Падаратон замони марг чанд сол доштанд?

-Раҳматӣ 58-сола буданд...

-Аз кадом маризӣ даргузаштанд?

-Ба бемории ҷигар гирифтор буданд.

-Бародарон ҳама оиладоранд?

-Бале, шукри Худо ҳама соҳиби оилаву фарзанд ва зиндагии орому осуда.

-Зиндагӣ баъди падару модар душвор аст?

-Хеле душвор аст. Бовар кунед, ба набуданашон то ҳол одат накардаам. Ман ҳар субҳ аввал ба модарам занг зада, аз ҳолу аҳволашон пурсон мешудам ва дар давоми рӯз ҳатман рафта хабар мегирифтам. Ҳоло субҳ аз хоб бедор мешаваму чӣ кор карданамро намедонам.

-Ягон ҳарфи ногуфтае буд, ки натавонистед ба модаратон бигӯед?

-Ман то тавонистам, хизмати модарро кардам. Ҳатто орзу мекардем, ки он касро ба зиёрати хонаи Худо фиристем ва хушбахтона, соли 2018 хонаи Худоро низ зиёрат карда омаданд. Аммо ба назарам чунин менамояд, ки ба модарам кам хизмат кардаам.

-Дар зиндагӣ бештар бо модар наздик будед ё бо падар?

-Аслан, ҷудо кардан кори хуб нест, аммо бо модар наздиктар будем. Чун модар раҳмдил аст ва мо розҳои худро ба ӯ гуфта метавонем. Ҷои модарам холист, ки касе пур карда наметавонад. Ҳар гоҳе ба хонаашон медароям, китобҳои “Қуръон”, тасбеҳу ҷойнамоз ва либосҳояшонро дида, фикр мекунам, ки ба куҷое рафтаанду ҳоло бармегарданд. Модар метавонад ҷои ҳамаро бигирад, аммо касе ҷои ӯро гирифта наметавонад.

-Дар робита бо волидайн чизе ҳаст, ки виҷдони шуморо азоб диҳад?

-Шукри Худо, виҷдонам ором аст. Ман боварӣ дорам, ки рӯҳи падару модарам аз ман розист.

-Дар васфи модар таронае насурудед?

-Тахминан 20-25 суруд дар васфи падару модар дорам. Модарам аввалин шунавандаи ман буданд. Гиря мекарданд, ханда мекарданд, дуо медоданд.

-Дар авлоди шумо касе ҳунарманд буд?

-Ёдам ҳаст, ки хурд будам ва аз тахта ҳар гуна асбобҳои мусиқӣ месохтам. Яъне, аз кӯдакӣ шавқ доштам. Баъдан, вақте мактаби миёнаро хатм кардам, ба Донишкадаи санъат дохил шудан мехостам, вале падарам “дар авлоди мо ҳунарманд нест” гуфта, дар аввал розӣ нашуданд. Диданд, ки дар азмам устуворам, дуоям доданду розӣ шуданд.

-Агар вақтро пас бигардонем, барои падар чӣ кор мекардед?

-Шояд соатҳо дар наздашон афтаму гиря кунам. Ҳар субҳи ҷумъа ҳамроҳи писаронам ба сари қабрашон меравем, дуо мекунем, “Қуръон” мехонем.

-Духтаратон, ки аз ҳамсари аввалаатон ба дунё омадааст, ҳамроҳи шумо зиндагӣ мекунад?

-Бале, ҳамроҳи худам аст. Бо ҳамсарам мисли модару духтари ҳақиқӣ ҳастанд. Бо писари калониам ҳамсинфанд, дар синфи ҳаштум мехонанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД