Охири ҳафта боронҳои пуршиддат ва омадани сел дар назар аст
22.05.2025
Oila.tj
682

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар иттилоъ медиҳад, ки рӯзҳои 22-23-юми май дар минтақаҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва баъзе навоҳии ғарби ВМКБ боридани боронҳои пуршиддат ва дар пайи он омадани сел дар назар аст.

“Рӯзҳои 23-24-уми май дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе ва рӯзи 23-юми май дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо сабаби омилҳои метеорологӣ эҳтимоли баланд шудани ҳолати олудагии ҳаво аз гарду хок вуҷуд дорад”,- меафзояд манбаъ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз сокинон хостааст, ки ҷӯйбор ва селроҳаҳои минтақаҳои худро тоза кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД