Commerc banl
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
19.02.2026
Oila.tj
113

Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар соли 2025 баргузор гардид. Дар он ба 67 ҷоизадори мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 2 миллиону 40 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар оғози маросим муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сухан гуфта, таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирию роҳнамоиҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро нисбат ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баён намуданд.

Иброз гардид, ки ин соҳа зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор дошта, самти афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Ҳамин аст, ки ҳамасола заҳмату талош ва меҳнатҳои масъулини соҳаи варзиш ва варзишгарони мамлакат қадрдонӣ карда мешаванд.

Таъкид карда шуд, ки соли 2025 варзишгарони тоҷик аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ба хазинаи варзишии мамлакат 510 медал, аз ҷумла 140 медали тило, 166 нуқра ва 204 медали биринҷӣ ворид намуданд. Натиҷаҳои бадастовардаи варзишгарон нисбат ба соли 2024 62 медал зиёд (6 медали тило, 58 нуқра ва 2 биринҷӣ) мебошад.

Инчунин соли 2025 аз ҷониби кумита ва ташкилоти ҷамъиятии федератсияҳои варзишии мамлакат 1 540 варзишгар, аз ҷумла 450 зану духтари аъзои дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намуди варзиши олимпӣ ва ғайриолимпӣ дар 112 мусобиқаи сатҳи байналмилалии варзишӣ иштирок намуданд.

Бо шарофати дастовардҳои варзишгаронамон 510 маротиба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ баланд бардошта шуда, ба хотири дастоварди онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 140 маротиба Суруди миллӣ садо дод.

Дар маросим ғолибони озмуни ҷоизаи «Варзишгари беҳтарини сол», «Мураббии беҳтарини сол», «Мактаби варзишии беҳтарини сол», «Беҳтарин федератсияи варзишии сол», «Беҳтарин иншооти варзишии сол», «Беҳтарин шаҳри варзишии сол», «Беҳтарин воситаи ахбори омма дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Беҳтарин сохтори маҳаллӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Шореҳи беҳтарини соҳаи варзиш» ва «Варзишгар-навраси умедбахш» дар соли 2025 муайян ва қадрдонӣ карда шуданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо дар соли 2025

1. Эмомалӣ Нуралӣ – сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати ҷаҳон ва ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 175 000 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 35 000 сомонӣ;

2. Раҳимов Хусравхон Ғайратович – сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 150 000 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 30 000 сомонӣ;

3. Раҳимов Темур – сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати ҷаҳон ва ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 150 000 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 30 000 сомонӣ;

4. Ҷебов Обид Орифшоевич – сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати ҷаҳон ва ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 125 000 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 25 000 сомонӣ сомонӣ;

5. Убайдов Акмал – сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 100 000 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 20 000 сомонӣ;

6. Даминов Шаҳриёр Тоҳирович – сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ мукофотпулӣ дар ҳаҷми 137 500 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 27 500 сомонӣ;

7. Маҳмадбеков Сомон Моёншоевич – сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 50 000 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 10 000 сомонӣ;

8. Рассадин Виктор Сергеевич – сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё гӯштини тарзи озод, мукофотпулӣ дар ҳаҷми 50 000 аз ин ба мураббӣ 10 000;

9. Шеров Абубакр Саймумнович – сазовори Ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 25 000 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 5 000 сомонӣ;

10. Маҷидов Ҷаҳонгир – сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 25 000 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 5 000 сомонӣ;

11. Қуватов Муҳаммадсолеҳ Зокирович – сазовори Ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 25 000 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 5 000 сомонӣ;

12. Бобоҷонов Амирҷон Азизҷонович – сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё С-2 аз рӯи се масофа оид ба қаиқронӣ мукофотпулӣ дар ҳаҷми 62 500 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 12 500 сомонӣ;

13. Евлоев Магамед Мамажирович – сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзхи озод мукофотпулӣ дар ҳаҷми 25 000 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 5 000 сомонӣ;

14. Ахмедов Мустафо Ҷумабоевич – сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзхи озод мукофотпулӣ дар ҳаҷми 25 000 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 5 000 сомонӣ;

15. Каримов Акмалиддин Саторхоҷаевич – сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 30 000 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 6 000 сомонӣ;

16. Шарипов Сафиоллоҳ Қурбоналиевич – сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кикбоксинг ВАКО мукофотпулӣ дар ҳаҷми 30 000 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 6 000 сомонӣ;

17. Холматов Ойбек Икромҷонович - сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кикбоксинг ВАКО мукофотпулӣ дар ҳаҷми 30 000 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 6 000 сомонӣ;

18. Асадуллоев Муҳиддин – сазовори ҷойи якум дар Чемпионати Ҷаҳон оид ба ҷудо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 50 000 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 10 000 сомонӣ;

19. Бозорзода Аюбҷон Азизулло – сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини тарзи озод мукофотпулӣ дар ҳаҷми 25000 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 5 000 сомонӣ;

20. Фазылов Анушервон Мусстафоевич – сазовори Ҷойи якум дар Чемпионати Осиё оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 18750 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 3750 сомонӣ;

21. Ғафуров Абубакр Қиёмитдинович – сазовори Ҷойи якум дар Чемпионати Осиё оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 18750 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 3750 сомонӣ;

22. Холов Алишерихудо Сафаралиевич – сазовори ҷойи якум дар Чемпионати Осиё оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 18750 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 3750 сомонӣ;

23. Бобоҷонов Бобоҷон Азизҷонович – сазовори ҷойи якум дар Чемпионати Осиё дар ду масофа оид ба қаиқронӣ мукофотпулӣ дар ҳаҷми 37 500 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 7 500 сомонӣ;

24. Сӯфиҷонов Меъроҷ Файзуллоевич – сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 12500 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 2500 сомонӣ;

25. Исканов Билолҷон Муқимҷонович – сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 12500 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 2500 сомонӣ;

26. Султонов Муҳаммадсултон Ҷамшедович – сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 12500 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 2500 сомонӣ;

27. Муйбалихонов Дамир Ифтихорович – сазовори Ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 12500 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 2500 сомонӣ;

28. Исоева Ҳангома Файзимамадовна – сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 12500 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 2500 сомонӣ;

29. Абдуҷаъфар Баҳодури – сазовори ҷойи сеюм дар Бозиҳои Осиё ва ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба таеквондо ВТ мукофотпулӣ дар ҳаҷми 18750 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 3750 сомонӣ;

30. Лоиқов Абдулло Абдуҳалимович – сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати оид ба ҷудо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 6250 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 1250 сомонӣ;

31. Ашуралиев Муродҷон Довудҷонович – сазовори Ҷойи сеюм дарч чемпионати Осиё оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 6250 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 1250 сомонӣ;

32. Қурбонзода Мадина Рустам – сазовори ҷойи якум ва сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 25000 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 5000 сомонӣ;

33. Нуримова Дилноза Шарифовна – сазовори Ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 6250 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 1250 сомонӣ;

34. Мӯминов Муинхӯҷа Мӯминҷонович – сазовори Ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 6250 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 1250 сомонӣ;

35. Абдуллоева Фариноз Садуллоевна – сазовори Ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 6250 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 1250 сомонӣ;

36. Ёқубова Фариза Алишеровна – сазовори Ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 6250 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 1250 сомонӣ;

37. Ғафуров Руслан Соҳибкиромович – сазовори Ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 6250 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 1250 сомонӣ;

38. Аъзамзода Мино Хусрав – сазовори Ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 6250 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 1250 сомонӣ;

39. Тошхуҷаева Муҳаррамхон Тошхуҷаевна – сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 6250 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 1250 сомонӣ;

40. Рузиматов Алишер Баҳриддинович – сазовори Ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ мукофотпулӣ дар ҳаҷми 6250 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 1250 сомонӣ;

41. Қудбуддинов Лоиқ Шералиевич – сазовори Ҷойи дуюм дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷуд мукофотпулӣ дар ҳаҷми 37500 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 7500 сомонӣ;

42. Баротов Маҳдӣ Ҷамшедович – сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати ҷаҳон ва ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ мукофотпулӣ дар ҳаҷми 37 500 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 7500 сомонӣ;

43. Раҷабов Муҳаммадӣ Қудратуллоевич – сазовори Ҷойи сеюм дар Чемпионати ҷаҳон, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ мукофотпулӣ дар ҳаҷми 115625 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 23125 сомонӣ;

44. Замонов Юсуф Аслиддинович – сазовори Ҷойи дуюм дар Бозиҳои Осиё байни оид ба ҷудо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 25 000 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 5 000 сомонӣ;

45. Нигматов Ҷонибек Ҷаҳонгирович – сазовори ҷойи дуюм дар Бозиҳои Осиё байни оид ба таеквондо ВТ мукофотпулӣ дар ҳаҷми 25 000 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 5 000 сомонӣ;

46. Нематов Рашид Муҳамадрозиқович – сазовори ҷойи якум дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 18750 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 3750 сомонӣ;

47. Примқулов Бахтовар Суҳробҷонович – сазовори ҷойи якум дар Чемпионати Осиё оид ба юнонӣ-румӣ мукофотпулӣ дар ҳаҷми 18750 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 3750 сомонӣ;

48. Ғаниҷони Шерзод Абдувоҳид – сазовори ҷойи якум дар Чемпионати Осиё оид ба юнонӣ-румӣ мукофотпулӣ дар ҳаҷми 18750 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 3750 сомонӣ;

49. Бобоев Шоҳиҷаҳон Фахриддинович – сазовори ҷойи якум дар Чемпионати Осиё оид ба юнонӣ-румӣ мукофотпулӣ дар ҳаҷми 18750 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 3750 сомонӣ;

50. Ҷумъаева Зуҳал Зубайдиллоевна – сазовори ҷойи сеюм дар Бозиҳои Осиё оид ба ҷудо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 12 500 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 2 500 сомонӣ;

51. Баҳромов Алиризо Шодиевич – сазовори ҷойи сеюм дар Бозиҳои Осиё байни оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ мукофотпулӣ дар ҳаҷми 12500 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 2500 сомонӣ;

52. Сарҳадзода Фурӯғ – сазовори ҷойи сеюм дар Бозиҳои Осиё оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 12500 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 2500 сомонӣ;

53. Назаров Дамир Фаридунович - Ҷойи сеюм дар Бозиҳои Осиё оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 12500 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 2500 сомонӣ;

54. Азизов Абубакр Нодирҷонович – сазовори ҷойи сеюм дар Бозиҳои Осиё оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 12500 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 2500 сомонӣ;

55. Султонзода Муҳаммад Искандар – сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ мукофотпулӣ дар ҳаҷми 12500 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 2500 сомонӣ;

56. Шаропов Бобоҷон Насимҷонович – сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 12500 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 2500 сомонӣ;

57. Баҳромов Идрис Шодиевич – сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзи озод мукофотпулӣ дар ҳаҷми 12500 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 2500 сомонӣ;

58. Ҳакимов Абубакр Ҳикматуллоевич – сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзи озод мукофотпулӣ дар ҳаҷми 12500 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 2500 сомонӣ;

59. Шарипов Фирдавс – сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ мукофотпулӣ дар ҳаҷми 9375 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 1875 сомонӣ;

60. Абдуҷалилзода Абубакр Абдуфаёз – сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 6250 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 1250 сомонӣ;

61. Шамсов Икром Исломович – сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 6250 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 1250 сомонӣ;

62. Юлдошов Сироҷиддин Акмалович – сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ мукофотпулӣ дар ҳаҷми 6250 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 1250 сомонӣ;

63. Зайниддинзода Муҳаммад – сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ мукофотпулӣ дар ҳаҷми 6250 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 1250 сомонӣ;

64. Ибодуллоев Муҳаммадёсин Хусравович – сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ мукофотпулӣ дар ҳаҷми 6250 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 1250 сомонӣ;

65. Давлатов Эмомали Мустафоевич – сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзи озод мукофотпулӣ дар ҳаҷми 6250 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 1250 сомонӣ;

66. Ходжиев Муслиҳиддин Ғиёсиддинович – сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзи озод мукофотпулӣ дар ҳаҷми 6250 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 1250 сомонӣ;

67. Муродова Олия Олимовна - Ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба таеквондо ВТ мукофотпулӣ дар ҳаҷми 6250 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 1250 сомонӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД