Аъзам Акбаров директори генералии ШТР "Азия" бо раиси шурои уламои дини вилояти Суғд ба воситаи телефон дар атрофи мавзӯи гузоштани намози "онлайн" сӯҳбат намуда, Ҳоҷиҳусайн Мусозода иброз доштанд, ки чунин баргузор намудани намози Ид аз назари шариати дини Ислом ҷоиз нест.
Раиси шурои уламо, инчунин қайд намудааст, ки ҳангоми намозгузории оммавӣ, имом ва намозгузорон бояд ҳамроҳ дар як макон қарор дошта бошанд!
Дар охири сӯҳбат Мусозода тамоми сокинони шаҳру вилоятро дуои нек намуда, шифои оҷилии беморон ва аз даргоҳи Худованд халосии ҳарчӣ зудтари сокинонро аз бемории каронавирус талаб намудааст.