Ҳодисаҳои бар асари хушунату зӯроварии хонаводагӣ даст ба худкушӣ задани занону духтарон солҳои охир зиёд ба назар мерасанд. Суди Исфара як сокини ин шаҳрро барои то ба худкушӣ расонидани ҳамсараш равонаи зиндон кард…
Ҳифзулло Азаматов, зодаи ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара буда, барои ба худкушӣ расонидани ҳамсараш бо қисми 2-и моддаи 109-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 5,6 сол аз озодӣ маҳрум кардашудааст.
Тавре аз суди шаҳри Конибодом ба мо иттилоъ доданд, Азаматов Ҳифзулло 30- июни соли 2012 бо ҷабрдида Азаматова Ҳоҷирахон расман оила барпо намуда, аз зиндагонии якҷояашон соҳиби се нафар фарзанд гардидаанд, вале мард нисбати модари фарзандонаш пайваста муносибати бераҳмонаро раво дида, занашро азобу шиканҷа медодааст.
Тавре дар ҳукми суд омадааст, аз лиҳози иқтисодӣ ба шавҳараш тобеъ будани зан боис гаштааст, ки Азаматов нисбати ҳамсари хонашинаш хушунату зӯровариро раво дида, бо ҳар баҳона ӯро зери мушту лагад қарор медодааст. Ҳоҷирахон, ки дар ягон ҷой кор накарда, аз ҷиҳати моддӣ тобеи шавҳараш буд, суханҳои қабеҳ ва мушту лагади мардро хомӯшона таҳаммул мекардааст.
Маст мешуду занашро мезад
Аз ҳукми суд чунин бармеояд, ки Азаматов бар зами марди дағал ва бадмуомила буданаш боз ба маю шароб низ дилбастагӣ дошта, мудом ба хона масту аласт омада, дар ҳоласти мастӣ бо ҳам баҳона занашро лагадкӯб мекардааст, масалан чанд маротиа бо баҳонаи бемор шудани духтари хурдсолаш дар ҳуҷраи хоб бо ҳамсараш ҷанҷол намуда, занро зери мушту лагад гирифтааст ва шаъну шарафи инсониашр паст зуда, таҳқир кардааст. Ҳамин тавр бо баҳонаи он ки гўё модараш кору бори хонаро мекунаду занаш Ҳоҷирахон бе кор мешинад, чанд маротиба ҳамсарашро лату кӯб кардааст. Зан ба хотири пош нахӯрдани оила ва ятим нашудани кӯдаконаш ба ҳама азобҳоро тоқат мекардааст. карда таҳаммул кардааст, вале моҳи марти соли 2020 Ҳифзулло Азаматов чунон занашро зиёд латукӯб мекунад, ки косаи сабри ҳоҷирахон лабрез гашта, худкуширо аз чунин зиндагии пуразоб авлотар медонад.
Чаро зан бо корд ба шиками худ зад?
Шаби 2 марти соли 2020 Азаматов дар манзили истиқоматиаш бе асос ҳамсарашро мавриди лату кўб қарор дода, шаъну эътиборашро дар назди фарзандони хурдсолаш паст мезанад ва чанд рӯзи дигар оташи ҷангу ҷанҷолро хомӯш намекунад. Ҳоҷирахон Азаматова санаи 07-март барои ташхис ба беморхона меравад ва духтурон ҳолати занро дида, ба кормандони милитсия хабар медиҳанд.
Бегоҳӣ мард боз занашро мавриди латукуб қарор медиҳад, ки чаро нисбати ӯ ба кормандони милитсия хабар додааст, ҳарҷанд зан барои ташхис рафта буд, на барои шикоят.
Ҳамин тавр як рӯз пеш аз Рӯзи Модар, ки иди тамоми бонувон аст, дар ин оила фоҷиа сар зада, зани аз ҷанҷолҳои шавҳар озурда корди хоҷагиро гирифта мехоҳад худкушӣ кунад. Бо ин мақсад як маротиба бо корд ба шикамаш мезанад, вале Ҳоҷарахонро сари вақт ба беморхонаи Марказии шаҳри Исфара мебаранд ва духтурон занро аз марг наҷот медиҳанд.
Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи Азаматова дар намуди захми халида-буридаи дохилравандаи пешдевори шикам бо захмбардории қисми чапи ҷигар ва танаи меъда ҳамчун зарари вазнин ба саломатӣ расонидашуда мансуб дониста шудааст.
Азаматов Ҳифзулло Разоқович бо моддаи 109 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, аз озодӣ ба мўҳлати панҷ солу шаш моҳ бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми пурзўр таъин карда шуд.
Ин аст оқибати муштзӯрӣ ба зане, ки модари се фарзанд аст ва пойбанди иқтисодӣ ба ноновари хона, аммо ба ҷойи нон шатта мехӯрд.
Фарзона Муродӣ