16-уми апрели соли 2026 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аъзои Шуро аз ҳисоби роҳбарони вазорату идораҳо, кумитаҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Раиси Шуро дар оғози ҷаласа вобаста ба фаъолияти Шуро дар соли 2025 ва нақшаи корӣ барои соли 2026 маълумот пешниҳод кард. Зикр гардид, ки самаранокии мубориза бо коррупсия аз фаъолияти ҳамоҳангшудаи мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ вобастагии амиқ дошта, таъмини шаффофият, назорат ва ҳисоботдиҳӣ дар ҳамаи сатҳҳо аҳамияти калидӣ дорад.
Таъкид шуд, ки дар ин замина Шурои миллӣ ва комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шудаанд, ки вазифаи асосии онҳо татбиқи чораҳои маҷмӯии муқовимат ба коррупсия ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
Ҳамзамон, дар ҷараёни ҷаласа натиҷаҳои мониторинги иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи солҳои 2021–2025 баррасӣ гардид. Инчунин масъалаи фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар раванди муқовимат ба коррупсия мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар ин робита ҳисоботи роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ шунида шуд.
Ба аъзои Шуро ва роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ дастур дода шуд, ки дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ фаъол бошанд, барои аз байн бурдани омилҳои мусоидаткунандаи коррупсия, коҳиш додани сатҳи он ва беҳтар намудани мавқеи кишвар дар раддабандиҳои байналмилалӣ саҳм гузоранд.
Дар фарҷоми ҷаласа нақшаи кори Шуро барои соли 2026 тасдиқ гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуданд. Ба таъкиди масъулон, натиҷаҳои ин нишаст барои таҳкими ҳамкории давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири муқовимат ба коррупсия заминаи мусоид фароҳам меоранд.