Formula novemver 2024
Оилаи солим бо роҳбаладии волидайн ба вуҷуд меояд
22.09.2024
ЛОЛА
261

Дар ҷомеаи сунатии мо ҳолатҳое мешаванд, ки муносибати келину хушдоман боиси пошхӯрии оилаҳои ҷавон мегардад. Чаро келину хушдоман бо ҳам созиш карда наметавонанд? Нақши хушдоман дар ободиву пешравии оилаҳои ҷавон чӣ гуна аст?

Оид ба саволи мазкур хушдомани ҷавон, муаллимаи азиз, сокини маҳаллаи 83-юми пойтахт Ҳадисабону Норова чунин ибрози ақида намуданд:

- Миллати мо фарҳанги қадими оиладорӣ дорад, ки дар он калонсолони оила ҳамеша мақоми шоиста доранд. Ман ду писару як духтар дорам, ки ҳамаашон шукри Худои бузург соҳиби оилаи обод ҳастанд. Ман ҳар нозукии зиндагиро, ки аз хушдоману модари азизам омўхтаам, дар зиндагӣ ба кор мебарам.

Гумон мекунам, ки муқаддам аз ҳама дар зиндагии оиладорӣ сабр аст, инсони босабр дар ҳаёт ҳамеша дастболо ва ғолиб аст. Келин вақте ба хонаи шавҳар меояд, вақт даркор аст, ки урфу одат ва рафтору кирдореро, ки дар хонаи волидон дошт, тағйир диҳад. Барои дар хонаи нав омўхта шудану раҳу равиши зиндагиро омўхтан, роҳбалад кист? Албатта хушдоман ва модар.

Модарони мо ҳам бояд духтарашонро ба зиндагии оилавӣ тайёр намоянд. Ба хотири хурсандии фарзандон ва дар фазои оромиву осудагӣ ба воя расидани наберагон кӯшиш бояд кард. Оилаи солим бо кӯшиши ду ҷавон ва роҳбаладии волидайн ба вуҷуд меояд.

Суҳбати ЛОЛА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД