Arzon march 2024
“Оила” боз серхонандатарин газетаи Тоҷикистон шуд!
488

 

Ҳафтаномаи “Оила” дар раддабандии серхонандатарин нашрияҳои Тоҷикистон боз зинаи аввалро ишғол намуд.

Рӯзи панҷшанбе, 2-юми май, соати 09:00 дар “Шарқ озод” муаррифии тадқиқоти нави «Афзалиятҳои расонавии аҳолии Тоҷикистон: телевизион, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо» баргузор гашт.

Ҳадафи тадқиқоти мазкур муайян кардани афзалиятҳои расонавии аҳолии кишвар мебошад, яъне шаҳрвандон ба дидану шунидан ва хондани кадом расонаҳои ватанӣ бартарӣ медиҳанд.

Бояд тазаккур дод, ки тадқиқот на танҳо ВАО-и анъанавӣ, яъне телевизион, радио ва матбуот, балки ҳамзамон сомона ва шабакаҳои иҷтимоиро низ фаро гирифтааст.

“Тадқиқоти мазкур бори чаҳорум гузаронида шуд. Тадқиқотҳои пешина солҳои 2018, 2019 ва 2022 баргузор шуда буданд. Дар ҳар боби тадқиқот маълумот дар бораи вазъи ин ё он ВАО-и махсус, арзёбии муқоисавии натиҷаҳои бадастомада ва таҳлили мухтасар оварда шудааст. Пас аз омӯхтани тадқиқоти мо, худи роҳбарони расонаҳо метавонанд таҳлили амиқтар карда, хулосаҳо бароранд. Мо бо муқоисаи солҳои гузашта ва ҷорӣ, танҳо имкон медиҳем, ки сатҳи афзалиятҳои расонаҳои ватанӣ муайян шавад”,- гуфтааст роҳбари гурӯҳи тадқиқотчиён, директори ТҶ «Машварати расонавӣ» Набӣ Юсупов.

Ҳамин тавр, дар раддабандии нашрияҳои мустақили Тоҷикистон ҳафтаномаи “Оила” дар зинаи аввал, нашрияи “Тоҷикистон” дар зинаи дуюм ҷой гирифтаанд.

“Фараж”, “Муҳаббат ва оила” ва “СССР” дар зинаҳои 3, 4 ва 5 қарор доранд.

Дар маҷмуъ, дар байни тамоми нашрияҳои кишвар низ ҳафтаномаи “Оила” пештоз буда, дар зинаи аввал қарор дорад. “Ҷумҳурият” дар зинаи дуюм ва ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар зинаи сеюм ҷойгиранд. Се зинаи баъдиро “Омӯзгор”, “Садои мардум” ва Минбари халқ” ишғол намудаанд.

Мо аҳли эҷоди ҳафтаномаҳои “Оила” ва “Тоҷикистон”, ҳамзамон ҳамқаламони азизи худро аз “Фараж”, “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Минбари халқ”, ”Омӯзгор”, “Муҳаббат ва оила”, “СССР” аз номи аҳли эҷоди сомонаи Oila.tj самимона муборакбод гуфта, барояшон қалами бурро, тани сиҳат ва комёбиҳои нав ба нави эҷодиро таманно дорем!

Дар бораи мавқеи радиову телевизион, сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дертар ба шумо маълумот хоҳем дод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД