formula
Қоидаҳои ранг кардани мӯй
1658

Қоидаҳои ранг кардани мӯй

Ҳар як бону дар давоми умри худ ақаллан як маротиба мӯяшро ранг мекунад. Шумо ба ин қадами ҷиддӣ омадаед? Пас ба пеш! Рангкунӣ –натанҳо тағйир додани ранги мӯйҳо аст, омода бошед, бо шумо тағйиротҳои глобалӣ рух медиҳанд. Масалан, ба шумо ногаҳон ранги мӯе писанд меояд, ки аввалҳо тамоман маъқул набуд. Умуман, барои интихоби ранги нав барои мӯй ҳар ҳодиса сабаб шуда метавонад.

Хона ё кошонаи ҳусн?

Нафароне ки чандин маротиба мӯяшонро ранг кардаанд, метавонанд дар хона низ ба ин амал даст заданд, вале агар шумо тарзи душвори рангкунии мӯйро интихоб намуда бошеду ба маҳорати машшотагии худ чандон боварӣ надошта бар замми ин, мӯятон ниҳоят тунуку беҷон бошад ё баръакс, ғафсу дағал, пас ҳатман ба кошонаи ҳусн, назди мутахассиси кордон шитобед!

Фолга ниҳоят қуллай ва дастрас

Рангмолии мӯй бо усули рангинкамон (мелирование)-ро бо воситаи фолга ба анҷом расонидан мумкин аст. Ба қабат-қабати мӯятон ранг молида ба коғази фолга печонед. Барои бо ин усул ранг кардани мӯй таҷриба доштан лозим аст, аз ин рӯ, беҳтараш пеш аз сар кардани рангмолӣ, каме машқ кунед.

Тамғакоғазро ҳатман бихонед!

Ҳатман тамоми маълумоти дар тамғакоғази ранг сабтшударо хонда бароед. Шумо метавонед муайян намоед, ки ин ранг ба мӯятон мувофиқ аст ё ранги дигар ҷустанатон лозим меояд, масалан ранги бақувваттареро.

Интихоби рангҳои равшан

Боз як бори дигар тамғакоғази рангро хонед: баъзе рангҳои равшантарро бояд ба мӯйҳои пешакӣ зардкардашуда моледу баъзеашро не! Ба ҳеҷ ваҷҳ рангро дар мӯятон аз 30 дақиқа зиёд нигоҳ надоред.

Рангкунии мӯйҳои дароз

Каме мӯятонро ҷудо карда, аз решаҳояш сар карда рангро молидан гиред. Рангҳои ҳозиразамон аз мӯй намечаканд, аз ин рӯ, барои осонии кор қабатҳои рангмолидаро тоб диҳед. Дар ин ҳолат коратон осон мешавад ва рангро ба мӯятон баробар мемолед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД