Ҳоло келин шуда ба ин хонадон биёяд, ана баъд мебинад, ки ӯ сари писари киро тоб додаасту ба гӯшаш лағмон овехтааст. Нее, ин духтарак ҳанӯз бо собуни Мавлудапошшо ҷомашӯйи накардааст. Ба сарат рӯзи сагро меорам. Ҳоло ист тиррончак, чунон кунам, ки ба ҳолат маймунҳои ҷангал бигирянд,-худ ба худ ғурбат мекард Мавлудахон.
-Шуд, шуд, модарҷони асали ман. Наход акаамро надонед, охир вай аз одамони ҳафт бор чен карда, як бор мебуридагӣ не, бо як нозу ин духтар обу до шудаааст, лекин агар аз рӯйи инсоф гапзанем, дӯстдоштааш ба ошиқ шудан меарзад. Гул барин зебо, панҷ панҷааш ҳунар ва хоксору фурӯтану баодоб, - ба гап ҳамроҳ шуд духтари 18-солаи Мавлудахон-Меҳрангез. Ғазаби модар аз ин суханони духтараш бештар аланга зада ба сари Меҳрангез дод зад:
- Ту тирмизак сари чанд пиёзро гирифтаӣ, ки боз ба ман ақл ёд медиҳӣ? Ман одама кӣ буданашу чӣ буданаша аз чеҳрааш мефаҳмам. Ин духтар, агар чуноне, ки ту гуфтӣ, дар ҳақиқат "хоксору фурӯтану баодоб" мебуд, ҳаргиз ба гардани писари ман овезон намешуд. Фаҳмидӣ?!
Модарҷони ширинакам, охир шумо бо фикру ақидаи кӯҳна зиндагӣ мекунад. Ҳозир ҳама ҷавонон ҳамдигарро дӯст дошта, дидаву санҷида баъд оила бунёд мекунанд. Вай давраҳое, ки арӯс домод ҳамдигарро баъди тӯй дар таги чодар медиданд, кайҳо гузашта рафтанд.
Ҳамдигарро дӯст доштану дидаву санҷида оиладор шудан гуноҳ нест-ку! Аз надидаю насанҷида бо касе хонадор шуда, баъд як умр сӯхтан, дӯст дошта оила барпо намудан сад бор беҳтар аст,-паст наомад Меҳрангез.
-Канӣ ба ман нигар. Ба чашмонам нигоҳ кун гуфтам! Бо ин гапат чи гуфтан мехоҳӣ, тиррончак?! Ё ту ҳам думболи акаатро гирифта, ба ягон бача дил додӣ? Гапамро дар гӯшат ҳалқа карда гир духтар, агар фаҳмам, ки бо касе ишқбозӣ мекунӣ, ҳамон рӯз аз ин хона ду мурда меброяд-яке ман ва дигари ту! Фаҳмидӣ?!
-Модарҷон, наход ба ман бовар накунед?! Ман ҳамон духтари тарбият кардаи худатон ҳастам ва ҳариз аз хати кашилаатон як қадамак ҳам берун нарафтааму намеравам.
-Боракалло духтарам. Коре накун ки сари ман байни ҷамъият хам нашавад. Ман аз кӯдакиатон туву акаатро ба танҳоӣ калон кардам. Ба хотири хӯрондану пӯшондани шумоён фаррошӣ кардам, либосшуйи кардам, мардикорӣ кардам, лекин ба номи бевагиам иснод наовардам. Бибии нокасат агар моро ҷудо намекард, ҳоло бо падарат мебудем,-нисбатан нармтар шуда гуфт Мавлудахон ва афзуд,- Аслан, хуб шуд, ки модараш моро ҷудо кард, набошад аз ғаму дарди зиндагӣ ҳоло ман ҳам бо падарат қушмазор мешудам.
-Модарҷон, чаро аз падарам ҷудо шудаед? Худатон ҳамеша мегӯед-ку, зиндагии хуб доштем...
-Ба ҳамааш ҳамон шумкампир-бибииат гунаҳкор. Намонд, ки бо падарат оромона зиндагӣ кунем. Мудом аз пашша фил сохта, маро ба падарат ҳамчун як зани ноӯҳдабарою ганда вонамуд мекард. Дар назди писараш аз худаш фаришта тарошида,ҳама айбу гуноҳро ба сари ман мезаду мезад...
-Сабр мекардед, шояд ҳамааш хуб мешуд,-ин гап ногаҳон аз даҳони Меҳрангез баромаду духтар аз гуфтааш пушаймон шуда, лаб газид.
-Ҳм. Сабр мекардед, ҷудо намешудед мегӯӣ?! Падарат аҳмақӣ карда дар болои ман зан намегирифт, шояд ҷудо намешудам. Ҳамааш айби модараш, ҳамон шумкампирро маро мудом дар назди писараш сиёҳ карда, дили шавҳарамро хунук кард ва ӯ дар болои ман зани дигар гирифт...
-Модарҷони асалам, чаро дар ҳар гапатон дашном ҳаст, охир бе дашном ҳам фикри худро баён карда мешавад-ку!
Мавлудахон аз ин суханони духтараш мисли бензин якбора таркида дод зад:
-Тиррончак, охир ту аз куҷо медонӣ аз сари ман чӣ рӯзҳо гузаштаву дар зиндагӣ чи қадар ранҷу азобҳо кашидаам! Вақте бибиат маро аз дар ронд дар ҳалқаи сагҳои қишлоқаш қариб буд бо шумоён ҷон диҳам.
- Модар, чӣ тавр аз ҳалқаи сагҳо раҳо шудед?
-Пойафзоламро аз поям кашида, то метавонистам он сагҳоро задам, то ки ба шумо зарар нарасонанд. Худо раҳми ҷони ману шуморо хӯрду ниҳоят сагҳо пароканда шуданд ва дар ҳамон зимистони қаҳратун пойлуч ба хонаи падару модарам рафтам. Ҳамон шаб то саҳар бибият ва падаратро дуои бад кардам. Тавба-тавба оҳи мазлум мегирад мегӯянд, ҳамин гап рост будааст, баъди ду рӯз хабар ёфтам, ки бибиат касал шуда ба духтур афтидааст. Бо ҳамин пойҳояш сиёҳ шудаанду духтурон гуфтаанд, ки бояд пойҳояшро фавран бурида партоем, набошад кампир мемирад. Пас аз он ки пойҳои бибиатро буриданд, келини кардагиш ба вай рӯз нишон надода, кампир бо дили пуралам аз дунё рафт. Дере нагузашта худи падарат ҳам ба садама дучор шуда мурд. Аз ҳамон вақт қасам хӯрдам, ки дигар ҳеҷ касро дуои бад намекунам, лекин қаҳрам ояд, дашном медиҳам...
Якбора бӯйи сӯхтаи пиёз ба димоғ расида, ба миёни сӯҳбати очаву духтар лагад зад...
(Давом дорад)
Абдуғаффор Шодиев