-Хоб будед, шуморо нороҳат кардан нахостам,-базӯр худро ба даст гирифта ҷавоб дод Савсан.
-Шаб Азизро хафа накардам-мӣ?- Ҳамёза кашида тагпурсӣ кард Аҳад Содиқ.
-Не, ҷое ки ман бошам, шумо дигаронро хафа намекунед,- бо зарда гуфт Савсан ва аз дар баромад…
Ҷазои Худо
Савсан бо чашмони пуроб аз дарвозаи ҳавлӣ берун шуда истода дар дил гуфт: «Арвоҳи падарам низ чун худаш мард асту ба ту барин номардон кор надорад, вагарна кайҳо бояд ту гунгу кар мешудӣ. Илоҳӣ забони ҳақоратгӯят хушк шавад, разил…»
Беҳуда нагуфтаанд, ки дуо тир асту одам нишона, ҳамон рӯз Аҳад Содиқ ба сактаи мағзи сар гирифтор гашт. Савсан аз навбатдорӣ баргашта шавҳарашро дар бистари хобаш карахт ва бо лабу лунҷи каҷ дарёфт. «Кошки дуои бадаш намекардам, аз афташ арвоҳи падарам ӯро зад ё оҳи дилам ин олими худхоҳро гирифт» аз дил гузаронд зани покмаҳзар ва аз пайи табобати шавҳараш шуд.
Неши ақраб на аз раҳи кин аст…
Савсан як соли дароз бемордорӣ кард ва рӯзҳои сахте кашид, то шавҳараш ба худ биёяд. Аҳволи Аҳад Содиқ рӯ ба беҳбудӣ ниҳода бошад ҳам, аз пешина дида зиёдтар асабӣ гашта буд. Забонаш ба ҳақорат намегашт, вале бо тири нигоҳи чашми каҷаш ҷони Савсанро ба лабаш меовард. Бо ҳамин азобҳо ду сол сипарӣ гашту Шаҳбоз донишҷӯ шуда ба хонаи модараш омад. Бо омадани писараш бори меҳнати Савсан хеле сабук гашта бошад ҳам, Аҳад Содиқи маъюби бистарӣ ҳеҷ намехост писарандараш дар ҳавлияш гашту гузор кунад. Давоми бемории Аҳад Содиқ ягона хабаргиру кӯмакрасони оила Азиз Холиди ҳофиз буд. Ӯ зуд-зуд ба назди дӯсташ омада холисона ба ӯ кӯмак мекард, ҳамроҳи Шаҳбоз беморро оббозӣ доронда, сару рӯяшро ба тартиб меовард, вале…
Ифшои роз
Як шом Савсан хост ба Аҳад Содиқ хӯрокашро диҳад, аммо шавҳараш бо иллат косаро тела дода канда-канда гуфт:- ҳа-а-ро-о-м-я-т ка-нӣ..? Савсан ба зӯр худашро дошт, ки бо косаи дар дасташ буда ба сари тоси шавҳараш нафарорад ва посух дод, ки ба қишлоқ рафтааст. Олими мағрур бо забони ба забони орӯ монандгаштааш ғиринг-ғиринг карда ба Савсан фаҳмонд, ки вай ҳаргиз давлату савлаташро ба як бегона намедиҳад ва ҳама дороияшро баъди маргаш ба ҳисоби давлат гузарониданист…
-Майлаш ба касе, ки боигариатро доданӣ бошӣ, додан гир! Мо зори боигарии ту нестем. Ту сиҳат шуда ба чоҳу ҷалолат сару бар шав, ман худам баромада меравам,-Бо зарда гуфт Савсан.
Аҳад Содиқ бо пои сиҳаташ ба сӯи занаш лагате бардошта ба хонаи дигар гузашт. Ду-се рӯз пас Аҳад содиқ аз олам гузашт. Савсан ҳама маъракаҳои шавҳарашро бо обрӯ гузаронд. Ду моҳ пас духтараш бо зани собиқаш фотиҳахонӣ омаданд. Азбаски Аҳад Содиқ васиятнома нагузошта буд, танҳо ду нафар-Савсан ва духтараш Ниҳол меросхӯр ҳисоб меёфтанд.
-Аҳад Содиқ он қадар маро азобу ситам додааст, ки аз худаш ҳам безораму аз меросаш,-гуфт собиқ ҳамсараш ва афзуд,-шумо азоб кашида ӯро чанд сол нигоҳубин кардед, бигзор ҳамааш ба шумо монад.
Савсан ба талабгори мерос набудани палонҷаш ва духтари ӯ нигоҳ накарда клиникаи Аҳад Содиқро фурӯхт ва нисфи пулашро ба Ниҳол дод. Аз ҳисоби маблағи боқимонда барои худаш хонаи чорҳуҷрадоре харида аз ҳавлӣ ба он ҷо кӯч баст. Ҳавлиро ба иҷора доданд…
Ғурури мардона
Шаҳбоз донишгоҳро хатм намуда ба назди бибию тағояш баргашт ва ба духтараки деҳотие хонадор шуда бо дасти худаш барои худ хона сохт. Модараш зориву таваллои бисёр кард, ки дар шаҳр бо ӯ монад, вале ҷавони бо нангу баномус розӣ нашуда гуфт:
-Очаҷон, ман ҳеҷ гоҳ дар хонаҳои Аҳад Содиқ зиндагӣ намекунам! Вай дар зиндагиаш намехост, ки ман дар ҳавлиаш гашту гузор намоям, магар баъди маргаш арвоҳи ӯ маро осуда зистан мемонад?! Хафа нашавед, вале ман мард ҳастам ва мехоҳам ризқу рӯзиамро бо меҳнати ҳалоли худам ёбам, то касе нагӯяд, ки аз ҳисоби шӯйи очааш каттагӣ карда гаштааст…
Баҳори деромада
Риштаи андешаҳои Савсанро омадани хоҳараш канд. Онҳо бо ҳам гарму ҷӯшон салом карда ба хона даромаданд. Хона дар як дам пур аз меҳмон шуд, хешу табор ба бурёкӯбони Шаҳбоз омада буданд. Пас аз чанд лаҳза Шаҳбоз модарашро ба хонаи дигар, ки он ҷо тағову бибияш нишаста буданд, даъват кард. Дар рӯйи ҳавлӣ мошини Азиз Холид меистод…
-И, амакат омаданд?-Пурсид, Савсан ва саросема ба хона даромад.
Азиз Холид дар сари дастурхон нишаста бо модараш гарм суҳбат дошт. Пас аз ҳолу аҳволпурсӣ вай Савсанро дар ҳайрат гузошта гуфт:
-Савсанҷон, ман кайҳо боз туро дӯст медорам, вале Аҳад Содиқ дӯстам буд, аз ҳамин сабаб инро ба ту гуфта наметавонистам. Бовар кун, азобҳои туро дида дилам хун мешуд… Хуб медонӣ, ки ҳамсари ман се сол пеш бар асари бемории саратон оламро падруд гуфт. Фарзандонам аз паси зиндагии худашон овораанд. Айб накун, ман имрӯз бо хешу табор маслиҳат карда туро хостгорӣ кардан омадам. Модару додарат ризо, Шаҳбоз ҳам, агар ту розӣ бошӣ, давоми умрамонро бо ҳам мебинам… Савсан гиребон гирифта нидо кард:
-Ё тавба, ман дигар то охири умр шӯ кардан мегирам, охир ба панҷоҳ рафтам-е!
Шаҳбоз аз китфони модараш оғӯш карда бо табассум пичиррос зад:
-Очаҷон, аввалаш ин ки ту ҳанӯз пир нестӣ, баъдан дар ҷавониат аз зиндагӣ чизе надидӣ. Амаки Азиз ду сол боз маро зорӣ дорад, ки ризояти туро бигирам. Илтимос, не нагӯй!
Холаи Нигор ба духтари зебояш, ки бар рағми қисмати номард то ҳол чун гули садбарг тару тоза ва хуштароват буд, нигариста мегирист…
Ҳамин тавр Савсан бори сеюм ба шавҳар баромад. Азиз ҳавличаи зебое харида азизи дилашро ба он ҷо бурд. Онҳо зиндагии ширине доранд. Аҷаб таззодҳое дорад ҳаёти одамизод!
АНҶОМ!
Дилошӯб