Arzon march 2024
ОҲИ ДУНЁСӮЗ (ҚИСМИ 3)
09.12.2020
Дилошӯб
6161

ИДОМААШ...

Аз зиндагияшон як сол гузашта бошад, ҳам ӯ кӯшиши овардани писарчааш Шаҳбозро намекард, зеро медонист, ки дар ин қасри афсонавӣ ҳоли кӯдакаш табоҳ хоҳад шуд. Шавҳараш ҳар рӯз аз зери нохун чирк кофта «ту дарро нодуруст мекушоӣ, дар ҳаммом тораи мӯят мондааст, қоғази ташнобро бисёр истифода мебарӣ» гӯён ҷонашро ба лабаш меовард. Рӯзе набуд, ки ин марди аблаҳ ӯро гирён надарорад. Ба дидани Шаҳбозаш рафта баъзан дарди дил мекард. Модараш найрангҳои домоди пирро шунида мегуфт:

-Савсанҷон, баро аз ҳамон яккамахав, сари калаш дар қабристон, дилу ҷигаратро хӯрд!

Савсан дар ҷавоб талх табассум мекарду халос…

Палид

Аҳад Содиқ хеле кам шароб менӯшид, вале ҳамин ки нӯшид, ба авбоши кӯчагӣ табдил меёфт. Як шом олими машҳур ба тӯй рафта, хеле дер кард. Тақрибан соатҳои 11-и шаб буд, ки Аҳад Содиқ дарро сахт- сахт куфт. Савсан аз шеваи даркӯбии шавҳараш маст будани ӯро фаҳмида осемасар ба долон баромад. Шавҳарашро як ҳофизи номдор ҳамроҳӣ мекард. Аниқтараш ҳофиз аз рӯйи эҳтиром ин олими масти лояқилро ба хонааш оварда буд, то дар рӯйи раҳ афтида шарманда нашавад. Савсан мухлиси ин ҳофиз буд. Вай ҳатто як бор инро ба шавҳараш гуфта дар бало гирифтор шуда буд. «Ҳофиз-да шумо, қишлоқиҳо, барои ҳамин фақат ҳофизҳоро дӯст медоред. Аслаш, ин кумири ту як одами ҳароми паст аст»-бадхашмона гуфта буд он рӯз шавҳараш. Савсан гумон карда буд, ки байни ин олими мағрур ва он сароянда ягон дилсардие ҳаст, вале акнун онҳоро ҳамроҳ дида ҳайрон шуд. Нигоҳи ҳайрони занашро ба ҳофиз пай бурда, Аҳад Содиқ ба шиками Савсан як лагад зад ва девонавор фиғон кашид:

-Падарлаънати ҷалаб, ту меҳмонро ҳамин тавр пешвоз мегирӣ?!

Савсан мувозинаташро гум карда афтид. Меҳмон осемасар ӯро аз замин бардошт ва норозиёна ба Аҳад Содиқ нигариста гуфт:

-Истадович, ту одам набудаӣ, наход занро ҳамин хел сахт зананд!

-Ин ҷалаби қишлоқиро ман одам кардам, имрӯз бошад вай дар хонаи ман хуҷаин шуда намегузорад, ки меҳмон биёрам,-Забондарозӣ кард Аҳад Содиқ.

Меҳмони аз омаданаш пушаймон, соҳибхонаро то ҷойи хобаш бурда монд ва баъди чанд лаҳза берун баромада Савсани зору гирёнро дид, ки дар лаби кати пурнақшу нигор мисли ғарибон нишаста зор-зор мегиряд. Гиряи ин ҷавонзани зебо дар дили ҳофиз раҳму шавқатро бедор кард, вай ҳайрон буд, ки чаро худованд чунин гулро ҳамнафаси хор гардонидааст…

-Янга, хобаш бурд, хезед хона дароед,- гунаҳгорона пичиррос зад ҳофиз.

-Не, ман дигар ҳамроҳи ин палид як лаҳза ҳам дар ин хона намемонам. Худамро чи ранҷу азобе, ки медод, тоқат мекардам, вале ин касофат падари раҳматиамро ҳақорат дод. Падари ҷавонимарги ман аз ин дунё чизе надидааст. Вай як умр меҳнат карда аз дасти мо як коса об ҳам нанӯшида аз олам гузашт, ин аблаҳ бошад, намемонад, ки руҳаш дар лаҳад осуда хобад. Ҳавлию қасру кушкаш аз сараш монад. Меравам, худи ҳозир ба хонаамон меравам. Падари ман ҳам одами оддӣ не, раиси як ноҳияи калон буд. Қадриддини Аслиддин гуфта хурду калон дар наздаш чорқад мешуданд. Падарам зинда мебуд, як тораи мӯйи маро ба ин мӯйсафеди аҳмақ нишон намедод. Аз ман бист сол калон аст, ба ҷойи дили маро ёфтан дашному ҳақораташро бинед,-Кулбори аламҳояшро дар назди ин марди ношинос кушод Савсан.

-Ту духтари Қадриддини Аслиддин ҳастӣ?!-Нобоварона пурсид ҳофиз ва афзуд,-Ман падари туро хуб мешинохтам. Ман аз падарат 15-сол хурд будам, вале ӯ бо ман мисли ҷӯрааш гап мезад. Ман чандин бор дар хонаи шумоён меҳмон шудаам, шояд ту он вақт хурдакак будӣ, барои ҳамин ману ту ҳамдигарро нашинохтем. Як бор падарат маро ба як маърака даъват кард. Бадбахтона ҳамон рӯз моро ба як чорабинии ҳукуматӣ бурданду натавонистам ба маъракаи шумоён равам. Падарат аз ман сахт ранҷида дигар суроғам накард,-қисса кард Азизи ҳофиз.

Савсан чунон хурсанд шуд, ки гӯё ягон одами наздикашро ёфта бошад. Азиз дар бораи падараш бисёр чизҳоро медонистааст, вай қариб то саҳар қиссаҳои аҷоибу ғароибро дар бораи даврони ҷӯрагиашон нақл карда вақти хайрухӯш гу фт:

-Ту зиқ нашав, аслан Аҳад Содиқ одами ганда нест, вале характераш камтар вазнин.

Азиз Холидро гусел карда Савсан барои шавҳараш субҳона тайёр кард. Ҳодисаи шабона асабҳои ӯро чунон вайрон карда буд, ки аз гулӯяш ҳатто об ҳам намегузашт. Таоми пухтаашро рӯйи миз гузошта аз дар баромаданӣ буд, ки шавҳарш садояш кард:

-Ҳа, хонум, хайр нагуфта меравед?!

-Хоб будед, шуморо нороҳат кардан нахостам,-базӯр худро ба даст гирифта ҷавоб дод Савсан.

-Шаб Азизро хафа накардам-мӣ?- Ҳамёза кашида тагпурсӣ кард Аҳад Содиқ.

-Не, ҷое ки ман бошам, шумо дигаронро хафа намекунед,- бо зарда гуфт Савсан ва аз дар баромад…

ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР ШАВЕД!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД