Ҳар модаре, ки ба умед бахонаи духтардоре хостгорӣ меравад, танҳо як ният дорад-фарзандашро оиладор намуда хушбахтии ӯро дидан.
Хушдомани ман ҳам бо ҳазор умеду орзуҳои ширин ба хонаамон хостгорӣ омада буд. Оилаи хуб, ки буданд, падару модарам дарҳол розӣ шуданд, ки ба фарзанди ҳамин зани нуронӣ ба шавҳар барояму моро фотиҳа карданд. Дар муддати кӯтоҳш ҷониби қудо тамоми лавзимоти зарурии тӯй ва сарупойи арӯсии маро оварданд ва волидонам бо дуои сафед зери навои карнаю сурнай маро ба хонаи бахтам гусел намуданд, вале...
Арӯси таърифӣ
Аз рӯзҳои нахустини зиндагӣ мисли дигар арусакон ман ҳам мокувор медавидаму намемондам, ки хушдоману хоҳаршӯям як хасро аз замин бардранд, тамоми кру бри хонаро худам саришта мекардам. Шавҳарам аз чақониву пазандагиям лол монда бошад ҳам, сир бой намедод, то ки ман ба қавле аз худ рафта болои сараш набароям.
Ҳамин тавр вақт бо ақрабаки хушбахтиву хушҳолӣ мегузашт, вале ман ҳанӯз бехабар будам, ки аз ақибаш ақрабаки рӯзҳои наҳс медавад...
Ҳамсояи хира
Ҳамин тавр аз тӯямон як сол гузашт. Ман келини таърифӣ будам ва хушдоманам ҳамеша маро дар назди хешу табор ва меҳмонҳое, ки ба хонаамон меомаданд, ситоиш мекард, вале хушбахтии моро як чиз халалдор менамуд, аллакай як сол гузашта бошад ҳам, нахли умрамон ҳеҷ бор наоварда, ҳомила намешудам. Як зани ҳамсояи хушдоманам қариб ҳар ҳафта б ягон баҳона аз дари мо даромада мепурсид, ки ҳой келинҷон, ягон навигарӣ ҳаст ё не? Ҳарчанд аз пурсидани ӯ дар хиҷолат монам ҳам, худро ба нофаҳмӣ мезадам, вале хушдоманам даст афшонда “ҳамсоя инҳо ҳоло ҷавонанд,вақту соаташ расад, албатта бачадор мешаванд” гӯён бюа даҳони он зан мезад...
Дарди ҷигарсӯз
Аввалҳо ман аз он ки ҳеҷ ҳомиладор намешавам, чандон парво надоштам, вале аз байн ду сол гузашт, се сол гузашту ҳанӯз ҳам дар вуҷудам ягон навигарӣ пайдо намешуд. Дар ёдам ҳаст, ки боре як устодам гуфта буданд, ки зану шавҳар то се сол метавонад беи фарзанд хушбахтона зиндагӣ кунанд, вале агар дар ин муддат бачадор нашаванд, баъд нофаҳмӣ ва моҷароҳо зиёд мешаванд. Ин гап ҷон доштааст, шавҳару хушдоманам ягон бор барои бефарзандиам маро таъна накарда бошанд ҳам, баъди се сол дарун ба дарун худамро мехӯрдагӣ шудам. Ба назарам чунин менамуд, ки шавҳарам дигар маро дӯст намедорад ва ягон рӯз “ ту барои ман бача накардӣ” гуфта дар болоям зан мегирад. Шавҳарам ҳар шаб дар хона дар паҳлуям бошад ҳам, оташи рашк дар вуҷудам аланга зада, маро девона мекард ва ҳар рӯз ягон чизро баҳона карда, ҷангу ҷанҷол мебардоштам ва ҳафтаҳо бо шавҳарам қаҳрӣ мешудам.
Меҳрубонии хушдоману ғазаби келин
Дар се сол беморхонае намонд, ки нарафта бошем, вале табибн на дар вуҷуди ман ва на дар шавҳарам ягон бемории ҷиддиеро пайдо карда натавонистанд, ки боиси бефарзандӣ гашта тавонад. Онҳо ҳамеша моро дилпур мекарданд, ки ташвиш накашем, худо хоҳад албатта соҳиби фарзанд хоҳем гашт, фақат асабҳоямнро бяд эҳтиёт намоем, вале ба гӯши ман дигар на ваъдаи табибон медаромаду на пунду насиҳаташон, зеро ғами бефарзандӣ маро “девона” карда буд. Аз он ҳарос доштам, ки ҳамин тавр як умр безурриёт мемонам ва хонаву хонумону бахту тахти худро аз даст медиҳам.
Одатан вақте ки дар 3-4 сол келин ҳомила намешавад, пеш аз ҳама хушдоман шӯру исён бардошта, ба таънаву маломат сар мекунад. Модаршӯйҳоеро медонам, ки “занат таваллуд накард, талоқашро деҳ, ман ба ту боз зани духтар медиҳам” гуфа, писарашонро маҷбур месозанд, ки аз баҳри зани безурриёташ гузарад, вале хушдомани ман ягон бор ҳомила нашудану барояш набара ба дунё наовардани маро ба рӯям намекашид, баръакс ин зани меҳрубон ҳамеша дилбардорӣ намуда "келин, худатонро эҳтиёт кунед, либоси гарм пӯшед, кори вазнин накунед, охир ба саломатӣ зарар дорад" мегуфт. Хушдоманам ин гапҳро аз дилсӯзӣ мегуфт, вале ба назари ман чунин мерасид, ки вай маро масхара карда “бори вазнин набардоред” мегӯяд, зеро одатан ба занҳои ҳомиладор бардоштани бори вазнинро манъ мекунанд. Ман худамро таҳқиршуда ҳис мекардам ва нафратам нисбати модаршӯям рӯз то рӯз зиёдтар мешуд. Аввалҳо теғ кашида ба ӯ менигаристаму халос, баъдтар гап мегардондагию дағалӣ мекардагӣ шудам. Хушдомани дигар мебуд, кайҳокафшамро пеши поям гузошта аз дарвоза берун мекард, вале модаршӯйи ман шояд “дилаш аз ғами бефарзандӣ бу адо аст” гӯён, дағалиҳои маро нодида гирифта, ба шавҳарам боре ҳам шикоят намекард...
Давом дорад