Рӯзи ҷумъа бар асари сӯхтори калон дар меҳмонхонаи Маккаи Арабистони Саудӣ дасти кам ҳашт зойирини умра ба ҳалокат расида, шаш тани дигар ҷароҳат бардоштаанд, хабар дод “Дейли Пакистан”.
Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар марги ҳашт покистонӣ ва шаш тани дигарро, ки дар ҳодисаи нохуши сӯхтор дар Маккаи мукаррама ҷароҳат бардоштанд, тасдиқ кард.
Сухангӯи вазорат дар посух ба пурсишҳои расонаҳои хабарӣ гуфт, “мо дар бораи ҳалокати ҳашт покистонӣ ва 6 захмӣ дар ин ҳодиса гузориш дорем. Намояндагии мо дар Ҷидда бо мақомоти маҳаллӣ дар тамос аст, то ба қурбониён ва хонаводаҳои онҳо кӯмак расонад”.
Гуфта мешавад, ки нафарони фавтида сокинони ноҳияи Касурии Панҷоб ва Веҳари мебошанд. Шахсони фавтида Риёз Гуҷҷар, ҳамсараш, бобои модараш, хусураш ва Ҳоҷӣ Ашраф бо ҳамсару хушдоманаш гуфта мешаванд.
Бояд гуфт, ки сӯхтор дар ошёнаи сеюми бинои баландошёна дар маҳаллаи Роҳи Иброҳим Халил сар зад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи гузашта дар пайи як садамаи фоҷеабори нақлиётӣ дар Арабистони Саудӣ 9 шаҳрванди Покистон, аз ҷумла занону кӯдакон ба ҳалокат расида, панҷ тани дигар ҷароҳат бардошта буданд.